Вокунишҳо ба вазифаи нави Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ сардори раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Тоҷикистон таъйин шуд.

Ин хабарро дафтари матуботи Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи душанбеи 28-уми феврал таъйид кард.

Фарзанди раисҷумҳур дар ин мақом Амирхон Ибодовро иваз намудааст.

Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси "Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ" аст.

Мӯсо Асозода ва Шокирҷони Ҳаким

"ҶАВОНИ ҚОБИЛ"


Писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон қабл аз таъйиноти нав дар симмати сардори Раёсати бозаргонии Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Вай ҳамчунин сарпараст ва ҳамлагари тими футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, муовини раиси созмони ҷавонон, узви Кумитаи байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё ва муовини раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон мебошад.

Мӯсо Асозода, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, маҳз мутахассис будан ва таҷрибаи корӣ доштани Рустами Эмомалиро аз сабаби аслии ба раёсати мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ таъйин шудани ӯ медонад.

"Аз нигоҳи ман, Рустами Эмомалӣ таҷрибае пайдо кардааст, ки дар ин сатҳ фаъолият карда тавонад. Ҷавони хеле қобил аст ва имкониятҳои васеъ дорад, ки таҷрибаашро боз ҳам бойтар гардонад"
,-афзуд ӯ.

"ОДАМИ ХУДӢ"

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик

Раёсати мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз ниҳодҳои калидӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва асоси ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар аст.

Ба ин далел Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик, мегӯяд ҳадафи аслӣ аз таъйини Рустами Эмомалӣ ба ин мақом назорати ин бахш тавассути фарди худӣ аст.

Вай афзуд, "ин самти гумрукро бояд фарди озмуда ва худӣ идора кунад. Зеро ҳукумати Тоҷикистон тавонад он маблағҳоеро, ки тавассути ин бахш ворид мешаванд, назорати қатъӣ кунад. То ҷое медонам 43 дарсади маблағҳои буҷа аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ аст. Ба ин далел таъйини писари калонии президент назорати қатъӣ ба даромадҳои гумрукист."

"НОРОҲАТ МЕШАВЕМ"

Ба назари Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ "шояд ба дигарҳо бовар намондааст", ки фарзанди расиҷумҳур ба чунин мақоми калидӣ мансуб шудааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси ҲНИТ

Аммо ҷаноби Ҳусайнӣ мӯътақид аст, ки чунин коре ба обрӯ ва эътибори шахси аввали кишвар латма ворид хоҳад кард: "Аслан дар дохили як минтақа гардиш кардану тақсим шудани вазифаҳо зишт аст, чӣ расад ба дохили як хонавода, ки боз зиштар аст. Аз нигоҳи мо ин кор қобили қабул нест ва бояд мо коре кунем, ки обрӯ ва иззати раиси кишвар баланд бошад. Мо мехоҳем, ки дар ҷаҳон мақому обрӯи баланд дошта бошанд. Аммо бо ин корҳо як миқдор садама ба обрӯи шахси аввал мерасад. Албатта, ин моро ҳам нороҳат мекунад, чунки дӯсту душман ҳар чӣ мегӯянд ва пеши роҳи ҳеҷ касро намешавад гирифт."

Бархе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки гардиш кардани Рустами Эмомалӣ дар мақомҳои вазорату идораҳои давлатӣ бар иловаи таҷриба андӯхтан ва ошноии бештар пайдо кардан ба мақомҳои калидии ин идораҳо бошад, аз сӯи дигар ҳарчӣ бештар матраҳ шудани вай дар арсаи сиёсӣ аст.

НАТАНҲО РУСТАМ

Рустами Эмомалӣ сарпараст ва ҳамлагари тими футболи "Истиқлол"

Ин дар ҳолест, ки Рустам нахустин қадамро дар сиёсат дар ду соли пеш бо пазируфта шудан ба мақоми муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон гузоштааст.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, Иттиҳоди ҷавонон, бар иловаи аҳзоби сиёсӣ ягона созмонест, ки ҳаққи пешниҳодии номзад ба раисҷумҳуриро дорад. Баъдтар, дар моҳи декабри соли 2009 дар Анҷумани ҲХДТ Рустами Эмомалӣ ба узвияти раёсати ин ҳизб пазируфта шуд ва дар интихоботи моҳи февралии соли 2010 вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Аз сӯи дигар, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, Рустамро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳайси мубтакир ва ҳамлагари дастаи футболи “Истиқлол” мешиносанд.

Аммо Рустами Эмомалӣ ягона фарзанди президент Раҳмон нест, ки исмаш дар саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон гирифта мешавад. Озода Раҳмонова, духтари раисҷумҳур низ, ки дар гузашта раҳбарии яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷиро бар дӯш дошт, ҳоло ба муовинати вазири корҳои хориҷӣ таъин шудааст.

ҲАМЧУНИН БИХОНЕД:

Рустами Эмомалӣ - ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон


Номзадии Рустами Эмомалӣ ба Маҷлиси шаҳрӣ

Вокунишҳо ба номзадии Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ - муовини раиси Иттифоқи ҷавонон