Таҳримоти Шӯрои амният алайҳи ҳукумати Қаззофӣ

Шӯрои амнияти СММ қатъномаеро алайҳи ҳокими Либия ва наздикону тарафдорони ӯ ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин қатънома, ки рӯзи шанбе, 26-уми феврал, содир шуд, фурӯши силоҳ ба Либия мамнӯъст ва ҳам дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, фарзандонаш ва атрофиёни ӯ дар ҳукумат масдуд карда мешавад.

Қатъномаи шумораи 1970, ки аз сӯи Амрико, Фаронса, Бритониё ва Олмон таҳия шудааст, ҳамчунин аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят мехоҳад, то саркӯбии бераҳмона дар Либияро таҳқиқ кунад ва масъулони қатли мардуми осоиштаро ба ҷавобгарӣ кашад.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони милал баъд аз тасвиби қатънома гуфт, агарчӣ ин санад бар сари худ, ба хушунат ва истибдод дар Либия хотима нахоҳад дод, вале нишондиҳандаи возеҳи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари амалкардҳои ҳукумати Либия аст.

"Қатънома паёми рӯшане медиҳад, ки нақзи ваҳшатноки ҳуқуқи бунёдии инсон таҳаммул нахоҳад шуд ва масъулони ҷиноятҳои сангин ба муҳокима кашида хоҳанд шуд. Ман умедворам, режими Либия ин паёмро мешунавад ва ба он гӯш медиҳад. Ман умедворам ин паём ба онҳое, ки ҳанӯз ҳам дар хатаранд, умед ва таскин медиҳад"
,-афзуд ӯ.

Сюзан Райс, намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид, гуфт, қатъномаи Шӯрои амният, ҳушдоре ба режими Муаммар Қаззофӣ аст, ки ба хунрезӣ ва бераҳмӣ алайҳи мардуми бегуноҳ хотима диҳад.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Вақте алайҳи бегуноҳон ҷиноят мекунанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд якҷо садо баланд кунад ва имрӯз ин корро кард. Бар асоси маншури 7, Шӯрои амният якҷо омада, хушунатро маҳкум ва таҳримоти газандае алайҳи раҳбарони сангдили Либия қабул кард. Ин ҳушдори возеҳ ба ҳукумати Либия аст, ки ба хунрезӣ хотима диҳад."

Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ва Барак Обама, раисҷумҳури Амрико дар ду соли пеш

Чанд лаҳза пеш аз қабули ин қатънома, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия хост, аз мақомаш биравад. Қаззофӣ, ки тайи 42 соли ҳукмрониаш ба чунин қиёме рӯбарӯ нашуда буд, тақрибан дар инзиво мондааст ва саъй дорад, ошӯбҳои мардумиро фӯру нишонад. Дипломатҳои Либия дар хориҷ, аз ҷумла намояндагони он дар Созмони милал аз ҳукумати Қаззофӣ рӯ тофтанд.

Иброҳим Даббошӣ, муовини сафири Либия дар Созмони милал гуфт, намояндагӣ тамоми иртибот бо Вазорати умури хориҷии он кишварро қатъ кардааст ва тақрибан 90 дарсади дипломатҳои Либия режими Қаззофиро маҳкум мекунанд.

"Мо интизор дорем, ки ҳукумати Либия дар бар сари ин қатънома андеша хоҳад кард. Мо ҳамчунин интизор дорем, онҳое, ки бо режим ҳамкорӣ мекунанд, ба сӯи мардуми Либия хоҳанд гузашт",-илова кард ӯ.

Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ аз қабули қатъномаи таҳримотӣ алайҳи режими Либия истиқбол кард ва гуфт, ИА аз ҳоло ба иҷрои он қатънома шурӯъ кардааст.

Ричард Дикер, намояндаи баландпояи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар як баёнияе гуфт, “Шӯрои амният ба раҳбарони ҷаҳон ҳушдор дод, ки саркӯбии бадсиголонаи тазоҳургарони осоиштаро таҳаммул нахоҳад кард.”

Ӯ афзуд, “думравони Қаззофӣ ҳоло медонанд, ки дар сурати додани фармон, таҳаммул ва иҷрои фармони тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарони осоишта худро дар Гаага хоҳанд ёфт."

Қарор аст, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ҳафтаи оянда бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, шеваҳои дигари хотима додан ба хунрезӣ дар Либияро баррасӣ кунанд. Ҳамчунин Маҷмаи умумии Созмони милал ҳафтаи оянда барои ихроҷ кардани Либия аз узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсон дар созмон раъй хоҳад дод.