Ҷалби сармояҳо ба минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"

Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"-и вилояти Хатлон, дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ муваффақ шудааст.
Файзулло Расулов, раиси минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран як ширкати сармоягузории лаҳистонӣ (Полша) ба бунёди инфрасохтори қисмате аз ин минтақа алоқамандӣ нишон додааст. Бар асоси иттилоъи муқаддамотӣ, қарор аст, ин ширкат 5,5 миллион доллари амрикоӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» сармоягузорӣ кунад.

Файзулло Расулов, раиси минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
Ҷаноби Расулов афзуд, сармояи ширкати лаҳистонӣ ба унвони қарзи боимтиёз (1% - дар сол) барои 20 соли оянда ироа хоҳад шуд. Вай гуфт, маблағи мазкур дар сурати ироа шудан, барои бунёди зербино ё инфраструктураи 50 дарсади минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» масраф хоҳад шуд: «Таҷриба ҷаҳонӣ мегӯяд, ки якбора тамоми инфраструктураи минтақаи озоди иқтисодиро намешавад бунёд кард. Дар сурати тавофуқи расмӣ ҳосил шудан, мо ният дорем, ки бо сармояи ин ширкати лаҳистонӣ барои қариб 200 ҳектор замини минтақаи озоди иқтисодиро инфрасохтор кунем. Дар маҷмӯъ 401 ҳектор замин дорем ва дар оянда аз ҳисоби даромадҳои худӣ бояд зербинои минтақаро бисозем».

Раиси минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» афзуд, ояндаи наздик қарор аст, ҳамчунин ширкати тавлидотию сохтмонӣ ва тиҷории «Pioneer»-и Амрико низ бо сармояи қариб 3-миллиондолларӣ ба бунёди корхонаи саноатии истеҳсоли лӯлаҳои плостикӣ дар ин минтақа шурӯъ кунад.

Ҷалби аввалин сармояи хориҷӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ҳолест, ки ахиран фаъолияти маъмурияти ин ва ду минтақаи дигари озоди иқтисодӣ дар навоҳии Данғара ва Ишкошими Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишвар мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи вакилон гуфт, рӯйи дасти мақомоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳеҷ тарҳи мушаххасе вуҷуд надорад, ки сармоягузорро ба ҳамкорӣ моил кунад. Вай ҳамчунин гуфт:
«Мушкили дигари мо ҷалб нашудани сармоягузорони ватанӣ ба ин манотиқи озодӣ иқтисодист. Мутаассифона, ҳоло ҳам худамонро қафо кашида истодаем. Ҳоло ҳам сармоягузорон боварӣ надоранд. Ҳол он ки қонуни қабулшуда дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоми роҳҳоро барои сармоягузорон боз мекунад. Ҳам аз андозҳо озод мешаванд, ҳам дигар имтиёзҳо пайдо мекунанд. Метавонанд, ки бо чунин шароит корхонаҳои хубе бунёд кунанд, то мафодаш ҳам ба худи сармоягузорон бирасад ва низ ба иқтисоди кишвар…»

Дар ҳамин ҳол, раиси парлумони кишвар аз фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таҳсин кард, ки тавонист дар зарфи камтар аз ду соли фаъолияташ ба ҷалби зиёда аз 126 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ муваффақ шавад. Ҳоло дар ин минтақа 10 ширкати хориҷӣ ба фаъолияти тавлидотӣ машғул буда ва даромади молӣ ба даст меоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои соҳибназарон, наздик ба 70 дарсади минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дорои инфрасохтори қавӣ буда, боис ба ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорон гаштааст.

Ва аммо Файзулло Расулов, раиси минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», мегӯяд, соли гузашта ширкатҳо ва соҳибкорон аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Арабистони Саудӣ ва Ҷопону Русия аз ин минтақаи иқтисодӣ дидан кардаанд, аммо бинобар он, ки ин мавзеъ зербино ва мухобирот надорад, аз сармоягузорӣ худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Қаландар Садриддинзода, коршиноси маҳаллӣ дар умури иқтисод, мегӯяд, азбаски минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба ваҷҳи умум, дар рӯйи биёбон ҷойгир шудааст, барои табдили он ба мавзеъи аз лиҳози иқтисодӣ судманд сарфи ҳудудан як миллиард доллар зарур аст. Ва ин маблағгузориро, ба иддаои ҷаноби Садриддинзода, нахуст бояд худи давлати Тоҷикистон бигузорад: «Бояд, ки дасти худамон бирасад ба сохтмони
Қаландар Садрудинзода, коршиноси маҳаллӣ
зербинои ин минтақаи озоди иқтисодӣ. Мавқеъи ҷуғрофии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хеле мувофиқ аст барои рушд додани тавлидот ва мубодилаи молу коло. Аммо МОИ «Панҷ» дар рӯйи биёбон ҷойгир аст, ҳамсояи ҷуғрофиаш – шимоли Афғонистон ҳам аз лиҳози саноат ва дигар бахшҳои иқтисод хеле заиф аст ва ба умеди бозори он кишвар ҳам набояд шуд. Бояд аз таҷрибаи МОИ-и Сарахси Эрон омӯхт, ки ҳамин гуна дар биёбон, дар наздикии марзи Туркманистон бо харчи беш аз як миллирд доллар бунёд шуда, ҳоло ба як бозори сердаромади байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар давлат воқеан мехоҳад бо корандозии минтақаи озоди иқтисодӣ ба рушди иқтисод даст ёбад, набояд ба умеди қарзҳои хориҷӣ мунтазир бишинад...»


Ба иддаои коршинос, мушкилоти зербиноӣ, набуди шабакаҳои мухобиротӣ ва норасоии барқу газ аз монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар соли 2008 дар ҳудуди мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир, маҳалли наздик ба марзи Афғонистон, дар масоҳати беш аз 400 ҳектор бунёд гардидааст.

Бо мақсади ҷалби сармоя ба минтақаи озоди иқтисодӣ, як идда имтиёзҳо аз молиёт ва гумрук пешбинӣ шудааст. Ба унвони мисол, қимати истифода аз як метри мукааб замини ин минтақа ҳамагӣ як доллари амрикоӣ муқаррар гардидааст. Аммо ба шарте, ки сармоягузор дар ин ҷо бояд корхонаи тавлидотӣ бунёд карда, ҳаҷми сармояи аввалияаш ҳам на кам аз 500 ҳазор доллар бошад.