Мақомоти Русия мегӯянд, ҳосили қонуни нав як ислоҳоти куллии ниҳодҳои умури дохилии ин кишвар хоҳад буд.
Аммо интиқодгарон мегӯянд, ин қонун, ки аз ҳафтаи оянда эътибори амалӣ пайдо мекунад, ба ҷуз аз тағйири ном ҳеҷ дигаргуниеро ба бор намеорад ва наметавонад ба мушкили аслии ниҳодҳои интизомии Русия, фасод ва хушунат хотима гузорад.
ИНТИЗОРИҲОИ КӮЧАК
Сар аз 1-уми март, милисаи бадномшудаи Русия тағйири ном мекунад ва бо тақлиди шеваи ғарбӣ акнун “полис” ном мегирад. Аммо бисёриҳо бовар надоранд, ки ин тағйири ном хоҳад тавонист, табиат ва рӯҳияи кормандони умури дохилии Русияро, ки ба фасод ва суистифода аз мақом одати дерина доранд, иваз кунад.
Таҳлилгари умури сиёсии Русия, Николай Петров, мегӯяд: “Ба ҷуз чанд беҳбуди ҷузъӣ, ки ҳеҷ чизро дигар намекунанд ва онҳоро наметавон ислоҳот унвон кард, ба ҷуз табдил кардани калимаи “милиса” ба “полис”, ба сурати умум ман ҳеҷ дигаргунии тозаеро намебинам. Ин беҳурматӣ нисбати идеяи ислоҳот аст, ки на танҳо ба нирӯҳои полис, балкӣ ба ислоҳоти дигар низ таъсири манфӣ хоҳад дошт.”
Қонуни нав дар байни мутахассисони соҳаи мавриди ислоҳот низ хушбиниеро ба вуҷуд наовард. Аркадий Мурашев, раиси полиси Маскав дар солҳои аввали пас аз суқути Шӯравӣ, мисли дигарон беҳбуди воқеиро аз татбиқи ин қонун интизор надорад.
Вай мегӯяд: “Якуми март дар мо тағйири ном сурат мегирад, аммо ҳамон тавре, ки милиса бад кор мекард, кори полиси Русия низ бад хоҳад буд.”
ТАРҲИ ТАЪРИФӢ
Маъракаи фарогири муаррифии пешнависи қонун соли 2009 бо ибтикори президенти Русия, Дмитрий Медведев ва дар пасманзари ҷиноятҳои ваҳшатангези ходимони милиса ҷараён гирифт, ки ҷомеаро такон дода буданд.
Як намунаи ин ҷиноятҳо типрарронӣ дар фурӯшгоҳи Маскав буд, ки се нафарро қурбон ва шаш тани дигарро захмӣ кард. Гунаҳкори ин ҳодиса, майори милиса, Денис Евсюков, гуфт, ки ин ҷиноятро ба думболи ҷанҷол бо ҳамсар ва падарарӯсаш содир кардааст.
Дар ҳодисаи дигар, ходими воломақоми милиса ронандаи мошини барфрӯбиро, ки гӯё мошини ӯро харошида буд, ба зарби гулӯла ба ҳалокат расонд.
ТЕЪДОД Ё ДАСТМУЗД?
Қонуни нав теъдоди ходимони полисро дар тӯли даҳ моҳ то 20 дар сад коҳиш дода, маоши боқимондаро боло мебарад. Гуфта мешавад, мақомот ҳар коргарро ба истилоҳ аз ҳаллоҷӣ мегуразонад ва онҳое, ки парвандаи ҷиноӣ доштанд, онҳое, ки ба гирифтори истеъмоли маводи мухаддир ё шаробанд, аз кор дар нирӯҳои полис маҳрум мешаванд.
Бо ҳадафи ба ҷомеа расонидани пайғоми худ, Вазорати умури дохилӣ матолиберо дар сомонаи худ ҷой дода, вазири корҳои дохилӣ, Рашид Нургалиев, ҳозир шудааст, ки ба пурсиши шаҳрвандон посух нависад.
Гурӯҳе аз шаҳрвандони Русия қонуни нав ва суолу ҷавобҳои ҳамзамон дар сомонаи вазоратро ҳаракате дар масири дуруст арзёбӣ мекунанд. Аммо гурӯҳи дигар шубҳа доранд, ки ислоҳот ба бемуҷозотии ходимони полис хотима гузорад ва онҳоро росткор кунад.
САНҶИШИ НАЗАРИ МАРДУМ
Дар назарсанҷие, ки соли гузашта бунгоҳи “Левада” анҷом дод, 52 дар сади посухдиҳандагон гуфтаанд, ки қонуни нави полис сатҳист ва ҳеҷ дигаргунии бомаъниро ба бор намеорад. Танҳо 19 дар сад гуфтаанд, ки ба беҳбуди кори полис бовар доранд. 29 дар сади дигар гуфтаанд, ки дар ин мавзӯъ назаре надоранд.
Ирина Бороган, сардабири сомонаи пажӯҳишии “Агентура.ру”, ки самти кори он омӯзиши фаъолияти хадамоти амниятӣ ва иттилоотист, ба як зовияҳои мусбати ислоҳот ишора мекунад:
“Ба назари ман, ягона ҷанбаи мусбати ин қонун коҳиши нирӯҳои полис аст. Ҳузури чашмгири онҳо дар хиёбонҳо ва атрофи метро ба шаҳрвандони одӣ таҳдид мекунад. Зеро онҳо мардумро ғорат мекунанд. Ин ҳамчунин ба ходимони полиси иқтисодӣ низ дахл дорад, ки гӯё бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза мебаранд ва ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ таҳдид мекунанд.”
Аммо Ирина Бороган мегӯяд, як банди қонун нигаронии ӯро ба бор овардааст. Ин ҳам бандест, ки дар асоси он афсарҳо ҳақ надоранд, амри раҳбари худро ба чолиш бикашанд ва ё дар матбуот назар диҳанд. Ба гуфтаи Ирина, ин банди қонун аз ошкор шудани иштибоҳоти соҳа дар матубот пешгирӣ мекунад.
Гузашта аз ин ба эътиқоди собиқ раиси милисаи Маскав, Аркадий Мурашев, қонуни нав, ки ба гуфтаи ӯ ба ислоҳт номиданаш забон намегардад, фасодро дар суфуфи нирӯҳои полис бештар хоҳад кард. “Танҳо як дигаргунӣ мешавад, ин ҳам мутамарказонидан аст, махсусан мутамарказ кардани сармояҳо. Аз минтақаҳо маблағ мерӯёнанд ва онҳоро ба марказ интиқол медиҳанд. Барномае, ки Вазорати умури дохилӣ солҳо дар паяш буд. Бо афзоиши тамаркузи молу мавод дар марказ, табъан, фасод ҳам ба зинаҳои баландтар кӯч мебандад. Зеро сохтори мутамарказ ҳамеша барои фасодкорӣ имкон фароҳам меорад.”
НАВОҚИСИ АМИҚ
Мунтақидони ин қонун нокомии онро пешгӯи мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ механизме вуҷуд надорад, ки татбиқи бечунучарои ҳар банди қонунро тазмин диҳад. Ба гуфтаи онҳо, полис ҳамчунон, ки дар гузашта буд, берун аз назорати мардум аст.
Қонуни нав насби дурбинҳои назоратӣ дар идораҳои полисро рад кардааст. Ҳадаф аз ин пешниҳод ҷилавгирии латукӯби боздоштшудаҳо аз ҷониби полис буд.
Парлумони Русия, ки дар он ҳизби ҷонибдори Кремлин, “Ҳизби Русия ягона“ овози бештар дорад, қонуни навро бе назардошти пешниҳодҳои муҳим, ки пулисро аз латукӯби занҳо, истифодаи калтаки резинӣ дар ҷойҳои алоҳидаи бадани инсон ва беасос ворид шудан ба хонаи мардум манъ мекард, ба овоз гузошт ва тасвиб кард.
Камбудии аслии ислоҳот аз гуфтаҳои Владимир Путин, собиқ ходими КГБ рӯшан бармеояд, ки гуфтааст, шаҳрвандоне, ки дар тазоҳуроти бидуни иҷозат иштирок мекунанд сазовори “калтаки резинианд.”