Дар ҳоле ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пиромуни лоиҳаи Қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд баҳсу баррасиҳо мекунад, ба назар мерасад, ки мақомоти вилояти Хатлон ин лоиҳаро аллакай мавриди амал қарор додаанд.
Давоми ҳафта яке аз манбаъҳои хабарии мо, корманди созмони ҷамъиятӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бароям занг зада гуфт, ки шоҳиди нақзи ҳуқуқи ҳамсояи худ шудааст.
Марди миёнасол аз хиёбони наздик ба мактаби рақами 6-уми Қӯрғонтеппа, ки аз ӯ шартан Мансур-ака ном мебарем, аз таъқиби ғайрирасмии мақомоти милиса шикоят кардааст. Ин мард аз уламои дин буда, фарзанди 12-солаашро ходимони милиса ҳамроҳ бо ду навраси дигар аз дохили масҷид иҷборан ба коргоҳи худ бурдаанд.
Мансур-ака ҳарчанд нахост, ки барои микрофон сӯҳбат кунад, аммо иқрор кард, ки дар чанд рӯзи ахир ӯро мунтазам ба идораи милиса даъват мекунанд. Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки бар асоси қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд муттаҳам хоҳад шуд. Зеро аз вуруди фарзанди ноболиғаш ба масҷид ҷилавгирӣ накардааст.
Дар баробари Мансур-ака ҳамсояҳояшро ҳам барои «баёнотгирӣ» ба шӯъба даъват кардаанд. Аммо ҳамсояҳо шикоят надоранд, зеро ба иддаои Мансур-ака, онҳо бар ивази маблағе аз «дардисарҳои нолозим» раҳо хӯрдаанд. Аммо Мансур-ака бо тавсияи дӯстон аз додани пора худдорӣ кардааст. «Туро ба суд медиҳем» гуфта, таҳдидкуниҳо ҳам ба ӯ асар накардааст.
Табиист, ки ходимони милиса ӯро ба додгоҳ намекашанд, чун ҳам онҳо ва низ Мансур-ака ҳоло хуб медонанд, ки лоиҳаи Қонун «дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифта ва нерӯи ҳуқуқӣ надорад.
Аммо муваққатан дари масҷиде, ки наврасон намоз мегузоштанд, баста шуд. Зеро ин масҷид расман сатином нашудааст.
Ин бори аввал нест, ки мақомот амалиётеро дар «чаҳорчӯби қонуни гӯё аллакай қабулшудаи масъулияти волидон» роҳандозӣ карда, даҳҳо наврасонро ҳатто дар замони берун аз дарсҳои мактабиашон дар хиёбонҳо ва интернет-кафеҳо боздошт мекунанд. Чанд ҳафта қабл нашрияи «Азия-плюс» ҳам дар саҳфаи аввалаш хабар дод, ки дар Душанбе ҳам зимни як амалиёт даҳҳо наврасонро аз интернет-кафеҳо иҷборан берун кашида, бидуни огаҳии волидонашон, онҳоро ба шӯъбаи умури дохилӣ бурдаанд. Кормандони интизомӣ бозиҳои компутариро барои наврасон ғайриқонунӣ дониста, волидонашонро хеле саргардон кардаанд.
…Дар ҳоле ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва матбуот дар робита ба ин лоиҳаи қонун сӯҳбатҳои тӯлонӣ анҷом мешавад, аксаран падару модарон дониста ё надониста, хоста ё нохоста «масъулият»-ҳои худро бештар мекунанд. Агар ҳам баъзеҳо пешниҳод кунанд, ки барои «бемасъулиятӣ»-и волидон ҷазои сангинтар таъин карда шавад, гурӯҳе дигар хостори ворид кардани банди нав дар бораи масъулиятшиносии фарзандон дар парастории волидони худ ҳастанд.
Аммо дар барномаҳои телевизионӣ камтар аз ҳама дар бораи банди марбут ба манъи равуои афроди то 18-сола ба муассисоти динӣ сӯҳбат мекунанд, ҳарчанд бештар аз ҳама одамонро маҳз ҳамин банди лоиҳаи қонун нигарон ва нороҳат кардааст.
Ҳатто масеҳиёни Қӯрғонтеппа ҳам ҳафтаи гузашта ин банди тарҳи қонунро ба шиддат интиқод карда, гуфтанд, ки дар сурати қабул шудани ин лоиҳа бахши аъзами пайравони дини масеҳӣ тарки Тоҷикистон хоҳанд кард.
Масеҳиён мегӯянд, ки тибқи фаризаҳои дину мазҳабашон, онҳо тифлони навзодро барои ғусли таъмид ва насоро кардан ба ибодатгоҳу калисо мебаранд. Ва баъд аз ғусли таъмид яке аз шартҳои аслии пайравони дини масеҳӣ зиёрати доимии ибодатгоҳ аст. Ҳатто яке аз масеҳиёни Қӯрғонтеппа ин лоиҳаи қонунро “даҳшат” номида, суол мегузорад, ки “агар фарзандони худро ба ибодату худошиносӣ ва хидмат ба Худову мардум ташвиқ накунем, оянда онҳо нисбат ба одамон бераҳм намешаванд? Оё волидони худро эҳтиром мекунанд ва муқаддасоте хоҳанд дошт?”
Сарфи назар аз ин ҳама, ба ваҷҳи умум, идеяи тарҳи қонун бад нест ва амри зарурӣ ҳам ҳаст. Аммо он набояд ба шакли қонун қабул шавад, балки кофист, ки масъулияти ҷомеа ва волидон дар таълиму тарбияи фарзанд дар доираи як барномаи вижаи давлатӣ барои 10 соли оянда муайян ва танзим гардад.
Лоиҳаи қонуни масъулияти волидон, ба назар, мисли қонуни танзими анъана ва маросим, як хислати мавсимӣ дошта, танҳо ба масъалаи фарҳангу маданияти ҷомеа марбут аст. Ва ҳайрон намешавам, агар дар чанд соли оянда, вақте ҷашну маросим дуруст ба танзим омада ва ҷомеа ба оинҳои муназзам одат пайдо мекунад, ин қонун нолозим мегардад ва зарурати лағви он ба миён меояд.
Ҳамин тавр, лоиҳаи қонуни масъулияти волидон ҳам. Дар доираи қонун боло бурдани масъулияти падару модар чандон идеяи дуруст ба назар намерасад. Охир, ҳатто ҳайвонҳо ҳам фарзандони худро парасторӣ мекунад ва то ба по хестан ҳофизи онҳо мешавад. Инсон ҳам ҳамин тавр ва пайдо кардани оне, ки тақдири фарзандонаш барояш бефарқ аст, осон нест.
Бояд як барномаи давлатии масъулиятшиносии ҷомеа ва волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандон дар парастории падару модар қабул шавад. Мисли он ки барномаи давлатии саломатии зурёт ё барномаи давлатии танзими оила дорем ва иҷрои ин барномаҳо хеле беҳтар аз иҷрои қонуни танзими маросим ба роҳ монда шудааст. Ҳатто ин барномаҳои давлатӣ аз сӯи донорҳои байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст...
Бисёре аз ҳамсӯҳбатони ман мегӯянд, як нуктаи лоиҳаи Қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ба хотири таҳкими назорат бар ҷомеаи мусалмони кишвар аст. Амре ки ҳузури афроди то 18-соларо дар масҷидҳо манъ мекунад. Оё ин бар зарари вазъи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа нахоҳад буд?
Дар Тоҷикистон қимати пиво аз Кока-кола болотар асту сигору дигар анвоъи тамоку ҳатто ба кӯдакони 5-сола ҳам фурӯхта мешавад, танҳо аз 6 то 7 дарсади кӯдакони то 7-сола дар кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, сатҳи нодории аҳолӣ қобили мулоҳиза буда, бахши базарге аз мардум рӯ ба муҳоҷирату мардикорӣ овардааст. Ин номгӯи кӯтоҳи танҳо чанд мушкили ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Ана акнун савол: Агар ҳамин арзишҳои диниву мазҳабӣ намебуд, магар ҳар дуввум ё саввум кӯдаку ҷавон нашъаманду роҳзан намешуд?
Агар давлат тавонад ҳадди ақал 90 дарсади кӯдакони синни томактабиро ба кӯдакистонҳо ҷалб кунад, ба наврасону муҳассилони мактабҳо маҳфилҳои адабию ҳунарию варзишӣ ташкил кунад, то дар соатҳои фориғ аз дарс машғул бошанд, агар фурӯши тамокуву машрубот барои ашхоси то 20-сола комилан манъ шавад, агар ҷавонон мавзеъҳои фарҳангию тафреҳии дуруст, варзишгоҳу тамрингоҳҳо дошта бошанд, яъне қисмати асосии ҷомеаи кишвар машғул бошад ва ҳар кӯдаку наврасу ҷавон худро шахси лозим, шаҳрванди комилҳуқуқ эҳсос кунад, оё зарурате боқӣ мемонад ба он ки ҳама масъулиятро ба дӯши танҳо падару модар бор кунему онҳоро “қонунан” ба иҷро ва таъмини шароите маҷбур кунем, ки онро асосан бояд давлат фароҳам оварад?
Шояд он замон Мансур-ака ва ҳамсояҳояш ба фарзандони худ, ки ҷое ба ҷуз аз масҷид барои рафтан дар вақтҳои берун аз дарсашон надоранд, тавонанд пешниҳоди алтернативӣ бидиҳанд?
Чӣ гуфтед?