"Тоҷикавиатур" 60 муҳоҷирро дар Русия сарсон кардааст

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Маркази байналмилалии «Тоҷикавиатур»-ро ба нақзи қарордод айбдор карданд.
Онҳо ба Ожонсии муҳоҷирати меҳнатӣ ва Додситони кул шикоят карданд, ки ин ширкат ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ваъдаи кор ва таъмини шароити муайян ба Русия бурда, ӯҳдадориҳояшро иҷро накардааст.

Эмомалӣ Зиеёв ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар дар моҳи декабри соли 2010 аз ҷониби ширкати «Тоҷикавиатур» ба Русия роҳхат гирифт. Ширкат барояш дар Русия кори хуб, шароити хуби зиндагӣ ва даромади хуб ваъда карда буд.

Эмомалӣ мегӯяд, вақте ба маҳалли кор ба Русия рафтанд, воқеият комилан дигар буд. Дар шаҳри Иркутск “меҳмонон”-ро дар аскархонае ҷой карданд ва корҳои сангине пешниҳод намудаву музди ночиз ваъда доданд.

Илова бар ин, корфармо аз пардохтани маоши моҳи аввал саркашӣ кард. Вақте коргарон ҳаққи худро талаб карданд, корфармо ба ҷойи маоши моҳи
Гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ
аввал ба ҳар кадом 3 ҳазор рубли русӣ дод, то онҳоро ором кунад. Эмомалӣ мегӯяд, моҳи дуввумро дар интизори маоши моҳи аввал сипарӣ кард ва билохира маҷбур шуд, ки бидуни ҳеҷ музде ба ватан баргардад.

«Ҳангоми вохӯрӣ дар Душанбе пеш аз ба Русия рафтан бо намояндаи ин ширкат, мо гуфтем, ки нашавад, ки мисли ҳамон филмҳо ва ширкатҳои арабӣ фиреб бошад? Гуфтанд, ки не ширкати давлатӣ аст, аз ин кор президент хабар дорад. Як вақт ба назди мо Шарипов Икромиддинро, ки худашро намояндаи ҳукумат мегуфт, оварданд. Гуфтем, ки намояндаи ҳукумат бошӣ ба мушкили мо бирас. Рӯзи дигар омад ба коргарон аз 1 то 8 ҳазор рубли русӣ дод ва гуфт, ки ин аванс аст. Ба мо 3 ҳазор рубли русӣ дод, нагирифтем, гуфтем ки маоши ваъдагиро диҳед».


Қобилҷон Холиқов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке дигар аз ҷабрдидаҳо мебошад, ки ҳамроҳ бо дигар шаҳрвандон бо тавсия ва дастгирии «Тоҷикавиатур» ва роҳбаладии Камол Акрамов, яке аз роҳбарони ин ширкат ба Русия барои кор рафта буд. Қобилҷон мегӯяд, ки вақте мо барои пардохти маош ва иҷрои ваъдаҳои ин ширкат сало баланд кардем, гурӯҳҳои махсус ва ОМОН-и шаҳри Иркутскро барои тарсонидани коргарон фиристоданд.

«Вақте навор мегирифтем Икромов гапҳои хуб мегуфт вале вақте навор намегирифтем бо лаҳни дигар гап мезад. Шарипов Икром мегуфт, ки ҷаноби Оли аз мо дуо мегирад Шумо, ки доред дар Русия ва Тоҷикистон ба мо сар ба сар мешен, мо пул дорем зӯри ҳеҷ кас ба мо намерасад.»

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки дар асоси муроҷиат ва тамосҳои телефонӣ ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ё УБОП ва Кумитаи амнияти миллӣ, теъдоде аз шаҳрвандон тавонистанд, ки аз шароити сард ва душвор ба ватан баргарданд.

Эмомалӣ мегӯяд, ҳангоми баргаштан ба ватан, дар фурудгоҳ онҳоро кормандони амният пешвоз гирифта ва сӯҳбат кардаанд. Баъди сӯҳбат бо кормандони амният маълум шуд, ки ба онҳо дар мавриди мо маълумоти нодуруст додаанд. Вале то ҳол ташаббуси ниҳоди амниятро ба ҳалли масъала надидем ва онҳоро моро ҳам даъват накардаанд.

Ҷабрдидаҳо мегӯянд: «Мо вақте омадем ба кормандони амният наворҳоро нишон додем, диданд баъд гуфтанд, ки гап дигар будааст дар мо маълумоти дигар доданд. Гуфтем, ки мо ҳақ дорем, ки ҷуброни зиёни худро талаб кунем, амниятиҳо гуфтанд, ки сад дар сад ҳақ дорен ва давлат Шуморо пуштибонӣ мекунад»

Аммо дар дафтари «Тоҷикавиатур» дар Душанбе дар мавриди қазияи мазкур иттилоъ додан нахостанд. Кормандони ин ширкат гуфтанд, ки дар мавриди ба додситони шикоят бурдани шаҳрвандони даъвогар огоҳӣ доранд, аммо салоҳияти мавқеи ширкатро баён карданро надоранд. Ба гуфти кормандони ин ширкат, Камол Акрамов, яке аз роҳбарони ин ширкат, ки шаҳрвандон асосан аз ӯ ҷуброн мехоҳанд, дар сафари хидматӣ будааст.

Файзи Олӣ, вакили дифоъи даъвогарон мегӯяд, ки ширкати корфармо масъул аст, ки барои ваъдаҳояш ва пардохт накардани ҳаққи маоши коргарон дар назди қонун посух диҳад. Файзи Олӣ мегӯяд, ки дар робита ба ин қазия бо додситони кул сӯҳбат доштааст ва расидагӣ ба ин масъала ҷиддӣ аст. «Корфармо 300 нафарро ваъдаи кор додааст ва қарордод бастааст ва дар он қарордод шароит ва ӯҳдадориҳо пешбинӣ шудааст ва ин мардумро ба Русия бурдааст. Аммо шарти қарордод иҷро нашудааст ва ҳоло ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.»

Дар Додситонии кул ба Озодӣ иттилоъ доданд, ки бори дуввум аст, ки шикоят нисбати ин ширкат ворид мешавад. Аммо то ҳол ба ҷуз вакили дифоъи ин ширкат, касе аз роҳбарони он ба додситони ҳозир нашудааст. Дар Кумитаи амнияти миллӣ низ ба Озодӣ гуфтанд, дарвоқеъ дар бораи ин қазия иттилоъ доранд, аммо шарҳ дода наметавонанд.

Ширкати мазкур чанд сол аст, ки дар Душанбе фаъолият дошта ва дар кишварҳои хориҷ намояндагии худро дорад. Ин ширкат асосан ба интиқоли нерӯи корӣ ба хориҷ сару кор дорад.

Шаҳрвандоне, ки ҳоло худро ҷабрдида медонанд ва талоши ситонидани ҷуброн аз ширкати «Тоҷикавиатур»-ро доранд, мегӯянд, ки ҳоло қасд доранд, ки 60 нафар аз ҳамтақдирони худ, шаҳрвандони дигарро, ки ҳамроҳ барои дарёфти кор рафта буданд ва дар Русия дар шароити номусоиданд ва аз ночорӣ ва бепулӣ ба ватан баргашта наметавонанд, аз банд раҳо кунанд. Худи ҳамин рӯз номаи ин шаҳрвандон унвонии раиси ҷумҳур ҳам дар мавриди расидагӣ ба ин масъала ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо ирсол шудааст.

Аммо ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз шеваи қочоқи кори худ ё меҳнати ҷисмонӣ шиква мекунанд.