Ҳаждаҳ соли Артиши миллии Тоҷикистон

Имрӯз, 23-юми феврал, аз таъсиси Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 18 сол сипарӣ шуд.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шӯравии собиқ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи як ҷанги тамом гузаштааст.

Он фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ шурӯъ карда, солҳои баъдӣ низ ҳамеша дар амалиёт ва чораҷӯиҳои амниятӣ саҳм гирифтааст.

Сар аз соли 1997 шурӯъ карда, пайваста дар тамриноти минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат карда ва саҳми муносибе дар мубориза алйҳи тероризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ доранд.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аксари соҳибназарон мегӯянд, афзоиши сармоягузорӣ ба нерӯҳои мусаллаҳ ва мудернсозии силоҳу техникаи он, таҳкими дараҷи омодагии артиш ба пешомадҳои гуногун, беҳбуди шароити маишии хидмат дар Артиш бояд аз вазифаҳои муҳими давлат бошад.

Аммо гуфтугузорҳо дар бораи маоши ками низомиёни тоҷик ва зиндагии хоксоронаи онҳо тайи ин ҳама солҳо пурсишҳое вуҷуд доштанд.

Юнусҷон Муродов, полковник, сарвари шӯъбаи даъват ва пуррагардонии ҳайати шахсии Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз онҳоест, ки 20 соли ахири умрашро дар сафи Артиши миллӣ сипарӣ кардааст. Дар остонаи ҷашни Артиши миллии Тоҷикистон, нахуст аз ӯ пурсидем, ки афсари артиши Тоҷикистон чӣ қадар маош мегирад ва оё ба
Юнусҷон Муродов, полковник, сарвари шӯъбаи даъват ва пуррагардонии ҳайати шахсии Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
зиндагиаш басанда аст?

Ҷавоб: Вазорату сохторҳои қудратии Тоҷикистон қариб, ки як хел ҳаққи заҳмат мегиранд. Дар вазорати дифоъ фармондеҳи гурӯҳ аз 400 то 500, афсарони дигар вобаста аз вазифаи хизматиашон то 1000 -1100 сомонӣ маош мегиранд.

Суол: Аммо ин кам нест. Ё кофист?

Ҷавоб: Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои модар -ватан хизмат мекунанд. Дар кадом вазъу ҳолат набошад, бояд хизмат кард. Маоши кам аст, кофӣ аст, фарқ надорад. Ҳеҷ вақт ба модар намегӯӣ, ки ман маоши кам мегирам ё чаро ба ман маоши кам медиҳӣ. Маоши афсарон ба иқтисодиёти кишвар вобаста аст. Вақте иқтисод пеш меравад, ман сад дар сад итминон дорам, ки раҳбарияти кишвар, аз ҷумла Ҷаноби Олӣ дар ин бора ғамхорӣ мекарданду мекунанд.

Суол
: Шахсан маоши Шумо барои таъмини оилаатон кифоят мекунад. Агар махфӣ набошад, чӣ қадар маош мегиред?

Ҷавоб: Маоше, ки ҳамин шабу рӯз мегирам, барои таъмини оилаам басанда аст. Ҳудуди 1 200 сомонӣ маош мегирам. Дар оила 6 нафар ҳастем. Кифоят мекунад.

Суол: Яъне тамоми эҳтиёҷотатонро бароварда мекунад?

Ҷавоб: Албатта, на ҳама эҳтиёҷотро. Барои ҳамон «сабади истеъмолӣ», ки имрӯз муайян шудааст, маводи ниёзи аввал - орду биринҷу шакару равғану дигарҳо мерасад. Камбудӣ нест.

Суол: Хонаи зист доред? Шахсӣ?

Ҷавоб: Бале, дорам. Як сеҳуҷрагӣ дар сеошёна.

Суол: Бо маоши худ харидед ё ҳукумат дод?

Ҷавоб: Вақте дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, собиқ Роҳи оҳани пойтахт кор мекардам, ҳукумати ноҳия дод. Афсари вазорати дифоъ, ки ҳастам, ин ҳақро ба ман қонун медиҳад.

Суол: 20 сол зиёд мешавад, ки зиндагии афсарӣ доред. Оё ҳамин зиндагие, ки аз рӯи «нақша» ҳаст ва ҳамеша танзим карда мешавад, ба дилатон назад?

Ҷавоб: Реҷаи кории афсарону сарбозон аз рӯи оиннома танзим мешавад. Аҷобат дар он аст, ки вақте рӯзи корӣ аз рӯи оиннома муайян карда шудааст, кас дар як муддати муайян ба ин тартиб одат мекунад. Шахсан ман ҳоло дигар хел зиндагӣ доштан намехоҳам.

Суол: Аммо бубинед, масалан, соли гузашта ҳодисаҳои шарқи Тоҷикистон рух доданд. Он қадар, ки мо хабар дорем, низомиён шабу рӯз дар кор буданд, тавре мегӯянд, «вазъи казармавӣ». Чӣ тавр гузаштанд он рӯзҳо, аз рӯи Оиннома ё дигар хел?

Ҷавоб: Соли гузашта ҳам ҳамин тавр буд. Сохтори нерӯҳои мусаллаҳ як сохтори мураккаб аст. Вақте ҳамин гуна ҳолатҳо мешаванд, рӯзи корӣ аз сӯи фармондеҳони раддаи аввал, вазири дифоъ ба як низоми дигар, аммо муайян дароварда мешавад. Рӯзҳову соатҳои истироҳат ҳастанд. Фақат низом дар қиёс бо рӯзҳои маъмулӣ андак тағйир меёбад.

Суол: Мегӯед, ки зиндагии Шумо аз рӯи Оиннома аст. Аммо зиндагии шахсӣ чӣ мешавад? Оё вақти кофие доштеду доред, ки барои фарзандонатон хешу табору дӯстонатон сарф кунед?

Ҷавоб: Одамизод ҳамин хел аст, агар хоҳиш ҳаст, барои ҳама кору ҳама кас вақт меёбад. Барои истироҳат, барои фарзандон, барои кӯмак дар дарс тайёр карданашон, нишаст бо дӯстону хонаи хешу табор рафтан ҳамеша вақт ёфтан мумкин аст. Фақат хоҳиш даркор аст. Хоҳиш набошад, ҳар гуна баҳона пеш оварда мешавад. Тартиби зиндагии низомӣ он гуна аст, ки вақте Оиннома эҷод мекарданд, ҳамаи ҷанбаи ҳаёти як инсон, талаботи ӯро ба назар гирифта буданд. Ин тартиб аз осмон гирифта нашудааст.