Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки муддати ду соли ахир аз бемории саратони мағзӣ азият мекашид, дар синни 66-солагӣ дунёро тарк гуфт.
Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди ҷомеи маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе бо ширкати масъулони давлатӣ, аҳли адаб ва сокинони пойтахт сурат гирифт.
ШОИРИ ОШКОРБАЁН
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ аз Сафармуҳаммад Аюбӣ ба унвони "шахсияти беҳамто" ва "инсони некӯсиришт" ёд кард ва гуфт, "аз кадом нигоҳе, ки ҳамчун инсон, ҳамчун эҷодкор, ҳамчун падар, ҳамчун бародар, ҳамчун ҳамкор нигоҳ накунем. Аюбӣ шахси беназир буданд. Ба ҳама мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, Аюбӣ яке аз онҳое аст, ки аввалин шуда, дар собиқ вилояти Кӯлоб, дар Тоҷикистон низ метавон гуфт, ошкорбаён буданд."
Сафармуҳаммад Аюбӣ соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи зиёӣ ба дунё омада буд. Вай фаъолияти эҷодиашро дар соли 1976 дар нашрияи вилоятии "Роҳи Ленин" оғоз кард ва аввалин шеърҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон, аз ҷумла дар "Садои шарқ", "Адабиёт ва санъат" рӯи чоп омаданд.
Аммо нахустин маҷмӯаи осори Сафармуҳаммад Аюбӣ бо номи "Гули гандум" дар соли 1981 ба чоп расидааст. Китобҳои дигари ӯ - "Шохаи барқ", "Роҳи сафед", "Гандуми сироҷӣ", "Хоки ташна" ва "Ҷилвагоҳи офтоб" дар солҳои мухталиф ба табъ расидаанд.
ТАЛАФОТИ БУЗУРГ
Камол Насрулло, шоири тоҷик, ба ин назар аст, ки Сафармуҳаммад Аюбӣ табъи равон дошта ва шеъри ноб менавишт: "Дар воқеъ, талафоти бисёр бузург аст. Зеро Сафармуҳаммад Аюбӣ табъи равон доштанд ва дар як нишастан ғазал мегуфтанд. Дар тӯли умри кӯтоҳ теъдоди асарҳое навиштанд, ки бархеҳо ангушти ҳайрат мегазиданд. Маҳфиле набуд, ки шеъри Аюбӣ, суруди Аюбӣ садо надиҳад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аюбӣ дар канори манзумаҳои шеърӣ беҳтарин намоишномаҳои саҳнавӣ навиштааст ва он гуна, ки Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон гуфт, теъдоди асарҳои драммавии ӯ ба 90 адад мерасанд, ки танҳо 40 номгӯй аз ин намоишномаҳо рӯи саҳна омадаанд.
ТАҲАВУЛЛОТ ДАР ДРАМНАВИСӢ
Муҳимтар аз ин, Меҳмон Бахтӣ мӯътақид аст, ки Аюбӣ мактаби хоси драмманависиро эҷод кард: "Номи Сафармуҳаммад Аюбӣ чун шоиру драмнависи серкор миёни ҷомеаи Тоҷикистон тӯли 40 соли ахир бо накӯӣ пайвастааст. Вай дар драмнависӣ таҳаввулот ворид кард ва драмҳои назмӣ навишт, ки собиқа надошт. Мактаби хоси драмнависиро созмон дод."
Намоишномаҳои «Фишор», «Заволи Ҷамбули Мастон», «Драммаи Миллат», «Ориё» аз намоёнтарин драммаҳои Сафармуҳаммад Аюбӣ дониста мешаванд.
Бо он ки Аюбӣ тайи солҳои ахир дар бистари беморӣ будааст, аммо ба таъкиди писараш Бовар, аз эҷод дур нашудааст ва то охирин лаҳза шеъру ғазал гуфта, наздиконаш онро ба қалам кашидаанд. Дӯстону наздикон ва онҳое, ки Аюбиро мешинохтанд, мегӯянд вай шахси хеле серкор будааст.
"ПУШАЙМОН НЕСТАМ..."
Ин аст, ки вай на танҳо, шоиру драмнавис, балки режиссёр ва ё ба саҳнагузорандаи аксари ҷашнҳои расмӣ ва давлатӣ дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон будааст.
Ҳамкории Сафармуҳамаад Аюбӣ бо овозхонону ҳунармандон низ як гӯшаи пурмасъулияти зиндагӣ ва эҷоди вайро ташкил медиҳад. Зеро танҳо ба гуфтаи Файзалӣ Ҳасан 50 дарсади матни сурудҳои вай аз Сафармуҳамамад Аюбӣ аст.
Ҳамчунин даҳҳо тани дигар аз овозхонону ҳофизони тоҷик бо Аюбӣ ҳамкории пурмаҳсул дошта ва ашъори ӯро сурудаанд, ки дар ин қатор метавон аз Саидқул Билолов, Давлатманди Хол, Қурбоналӣ Раҳмон ва чанде дигарон ном бурд.
Бахусус суруди "Пушаймон нестам...", дар иҷрои Саидқул Билолов, паёмест аз сӯи Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки мегӯяд, аз умри худ, кору пайкор ва зиндагии шоиронааш ҳеҷ гоҳ пушаймон набудааст.Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки муддати ду соли ахир аз бемории саратони мағзӣ азият мекашид, дар синни 66-солагӣ дунёро тарк гуфт.