Олимони забоншинос мегӯянд, гурӯҳи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи хоси мақомот ниёз доранд, то аз миён нараванд.
Дар ҳоли ҳозир дар шарқи Тоҷикистон ҳафт забони ирони шарқии қадим ва инчунин забони яғнобӣ дар шимоли кишвар ба гурӯҳи забонҳое дохил мешаванд, ки барои зинда мондан ба пуштибонӣ ниёз доранд. Дар Қонуни забони давлатии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки давлат барои ҳимоят ва ин гурӯҳи забонҳо мусоидат мекунад. Ин забонҳо, ки дар Тоҷикистон ҳудудан 200 ҳазор нафар бо онҳо такаллум мекунад, дорои хат нестанд. Коршиносон мегӯянд, таваҷҷӯҳи лозим барои ҳифзи забонҳои мазкур зоҳир намешавад ва инчунин талаботи қонун дар мавриди ҳимоят аз ин забонҳо низ то кунун иҷро нашудааст. Дар замони сиёсати бозсозии Горбачев ва бо қабули аввалин Қонуни забони Тоҷикистон дар соли 1989, таваҷҷӯҳе ба вазъияти ин забонҳо сурат гирифт ва барномаи мухтасари таълими ин забонҳо барои кӯдакони бадахшӣ ва яғнобӣ ҳам роҳандозӣ шуд. Аммо акнун чунин барномае вуҷуд надорад.
Сайфиддин Мирзоев, мудири бахши яғнобшиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд: «Дар соли 1989 бо ташаббуси вазорати маориф дар синфҳои ибтидоӣ ду соат барои омӯзиши забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ҷудо шуда буд, ки дар он маҳаллҳое, ки гӯяндагони ин замон зиндагӣ мекунанд, тадрис мешуд. Аммо аз чанд соли пеш намедонам бо ташаббсуи кӣ ин ду соат ҳам барҳам дода шуд».
Оғои Мирзоев ҳамчунин афзуд, ба манзури ҳифзи танаввӯъи забонӣ ва фарҳангҳои боқимонда аз аҳди қадим, ки Тоҷикистонро ба осорхонаи зиндаи забонҳо табдил кардааст, давлати кишвар қарори махсусеро дар робита ба ҳифзи ин забонҳо ба тасвиб бирасонад. Ӯ мегӯяд, нашри адабиёти таълимӣ ва рӯзномаҳо ба забонҳои помирӣ ва яғнобӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳунарии этнографии помирӣ ва яғнобӣ, роҳандозии барномаҳои телевизонӣ ва радиоӣ бо ин забонҳо ва эҳёи дубораи тадриси ин забонҳо дар мактабҳои ибтидоии Помир ва Яғноб амрест, ки метавонад барои бақои умри ин забонҳо хидмат кунад.
Дар соли гузашта аввалин маҷмӯъи шеър бо забони шуғнӣ, яке аз забонҳои матраҳ дар миёни гурӯҳи забонҳои помирӣ ба нашр расид. Муаллифи он Ато Мирхоҷа, шоирест, ки дар навиштани шеъри форсӣ низ дар миёни ҳамдаврони худ чира аст. Аммо Қурбони Алмашо, як пажуҳишгари бадахшӣ, аз аҳли Шуғнон мегӯяд, таҷрибаи онҳо барои нашри рӯзнома ба забонҳои помирӣ натиҷа надодааст. Ӯ мегӯяд: «Гурӯҳе аз рӯзноманигрони маҳаллӣ талош карданд, ки як ҷарида бо забони шуғнӣ таъсис кунанд. Вале ин кӯшиши онҳо зуд бар ҳадар рафт, зеро ҳуруфоте, ки барои ин забонҳо лозим аст, ҳанӯз мушаххас нашудааст. Барои мисол, ҳамсадоҳое дар ин забонҳо мавҷуд аст, ки дар забони тоҷикӣ аз миён рафтаанд. Ва дар алифбои тоҷикии кирилӣ аломате барои ифодаи ин овозҳо мавҷуд нест».
Забонҳои помирӣ мисли кӯҳҳои баланд, кӯли Сарез ва лаъли Бадахшон, инчунин таваҷҷӯҳи ҷаҳонгардони хориҷиро ба худ кашидааст. Ва солона ҷаҳонгардони зиёде аз Помир ба манзури ошноӣ ба фарҳанги ин сарзамин дидан мекунанд. Ин забонҳои шарқи иронии қадим акнун даъвои рақобат бо забони роиҷи тоҷикиро надоранд. Ва муҳаққиқон мегӯянд, ҳимоят аз онҳо фақат ба хотири ҳифз ва зинда монданашон зарур аст.
Муҳаққиқон мегӯянд, агарчанд шумораи мардуми яғнобӣ ва помирӣ зиёд шудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба муҳити иҷтимоӣ ва забонӣ гӯяндагони забонҳои яғнобӣ ва помирӣ кам шудааст. Зеро забонҳои роиҷ доираи истифодаи ин забонҳоро маҳдуд мекунад.
Қурбони Аламшо мегӯяд, ки зимни ислоҳи имло дар чанд соли пеш, махсусияти забонҳои помирӣ ва номҳои ҷуғрофии Бадахшон ба назар гирифта нашуд. Ӯ мегӯяд, дар навиштани имлои нав, ки ҷараён дорад бояд забонҳои помирӣ мади назар гирифта шавад ва ҳарфҳое, ки овозҳои ин забонро ифода мекунанд, мисли «тс» ҳамроҳ шаванд.
Муҳаққиқон мегӯянд, зарфи садсолаҳо танҳо кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистон сипар ва ҳомии ин забонҳо буд ва ин забонҳоро то рӯзгорони мо расонданд, аммо акнун суол ин аст, ки бо имконоти пешрафтаи технологӣ ва доштани давлат, оё насли имрӯзи тоҷик қодир ба ҳифзи ин амонат барои ояндагон хоҳад буд.