Овозаҳо бунёдкоранд ё тахрибгар?

Овозаи "имшаб замин меҷунбад!" ҳазорон нафарро маҷбур кард, шаби 9-уми январи соли 2009-ро дар кӯча саҳар кунанд.

Овоза иттилои тасдиқношудаест, ки маъмулан сарчашмаи аслии онро ёфтан хеле душвор аст.
Овоза метавонад ба инсон осеб расонад, вале ҳамзамон имкон дорад, инсонро машҳуру матлуб кунад. Ба андешаи ҷомеашиносон, овозапароканӣ ё пахши овоза як амали маъмулист ва на ҳамеша мӯҳтавои манфӣ дорад.

Овоза маъмулан даҳон ба даҳон паҳн шуда, гоҳо шакли ибтидоии худро дигар мекунад ва комилан ба як чизи дигар табдил мешавад. Ҷомеашиносон овозаҳоро ба чанд навъ раддабандӣ кардаанд: овозаҳои тафреҳӣ аз зиндагии ситораҳо ва мардуми машҳур, овозаҳои иҷтимоӣ аз қабили боло рафтани нарху наво ва фаро расидани селу хушксол, овозаҳои сиёсӣ аз қабили ба истеъфо рафтани сиёсатмадорон ва овозаҳои амниятӣ, ки бештар ба амнияти кишвар ва хатароти эҳтимолӣ рабт мегиранд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон гоҳо овозаҳое низ паҳн мешаванд, ки тарсу ҳаросро афзун ва зиндагии ороми сокинонро халалдор мекунанд.

Ба бовари ҷомеашиносони байнулмилалӣ, аксари мақолаҳои рӯзномаҳо маҳз бо шарофати овозаҳо тавлид мешаванд.
Ба андешаи таҳлилгарон, дар ҷомеае, ки матбуоташ зери фишор аст ва мақомоту масъулон на ҳамеша ошкоро аз масоили муҳиму доғ ҷомеаро дар ҷараён мегузоранд, дар ин гуна ҳолатҳо мавқеи овоза баландтар мешавад ва мардум холигоҳи итилоотиро бо овозаҳои шунидаашон пур мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Овозаҳо бунёдкоранд ё тахрибгар?