Чандест, ки пизишкон тариқи расонаҳо аз афзоиши бемории сил дар минтақаи Кӯлоб сӯҳбат мекунанд.
Бино бар омор, дар ин минтақа наздики 2 ҳазор нафар ба бемории сил гирифтор аст ва соле даҳҳо нафар аз онҳо мефавтанд. Аз ҳама беш вазъи гирифторони ин беморӣ дар ду ноҳияи минтақаи Кӯлоб -- Ҳамадонӣ ва Восеъ нигаронкунанда аст. Матбуоти Тоҷикистон ин ду ноҳияро бо далели фавти зиёди сокинон бар асари сил “Водии марг” унвон кардаанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ахиран намояндагии Салиби Сурхи Финландия барномаи кӯмак ба беморон дар ин ду ноҳияро роҳандозӣ намуд. Аз Зайниддин Олимов, масъули Созмони хайрияи Ҳилоли Аҳмар, ки дар ҳамоҳангӣ бо Салиби Сурх ин лоиҳаро амалӣ мекунанд, ҷузъиёти бештареро пурсон шудам.
Вай гуфт: "Аллакай, бахши Салиби Сурхи Финландия дар ду ноҳия ба кор оғоз кардааст. Барои гирифтани кормандони болаёқат ҳам озмун эълон кард ва даҳ нафарро ба кор қабул карданд. Тавассути ин кормандон аввалан ташвиқу тарғибот расонида мешавад оид ба зарари бемории сил ва роҳҳои табобату пешгирии он. Дар ҳар ҷамоати ин ду ноҳия ихтиёриҳо ба кор ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳи онҳо миёни омма тарғиботи зиддисилӣ бурда мешавад. Ба сокинони ин ноҳияҳо фаҳмонида мешавад, ки рафта аз ташхис гузаранд, ки оё солим ҳастанд ё не. Дар ҳолате, ки муайян шуд, ки ин нафар бемории сил дорад, зери назорати пизишкон меафтад ва ихтиёриёни мо низ инчунин назорат мекунанд, ки ҳамон доруворие, ки аз ҳисоби марказҳо дода мешавад, беморон дар вақти муайян истеъмол кунанд."
Озодӣ: Яъне, ин созмон кӯмакҳои доруворӣ ва молӣ ҳам ба беморон мерасонад?
Зайниддин Олимов: "Ин дар назар гирифта шудааст ва оҳиста-оҳиста. Ҳаракат аст, ки бевосита бо сокинон сӯҳбат кунанд, ки аз нигоҳи онҳо чӣ метавонад, пайомадҳои бемории силро коҳиш диҳад ва онҳо зудтар табобат шаванд. Талаботи аҳолӣ низ омӯхта мешавад. Ин лоиҳа ба мӯҳлати ду сол пешбинӣ шудааст ва идомаи додан ё надодани он пас аз ду сол омӯхта мешавад, вобаста ба вазъият. Ҳадафи ин созмон коҳиш додани бемории сил аст, зеро пурра аз байн бурдани он хеле мушкил аст. Теъдоди беморон мувофиқи омор дар ҳамин ду ноҳия зиёд аст ва шояд ҳам дигар дар ягон ноҳияи ҷумҳурӣ вазъ чунин набошад. Барои ҳамин ин ду ноҳия интихоб шудааст, то вазъ беҳбуд ёбад."
Озодӣ: Пеш аз амалӣ кардани ин лоиҳа намояндаҳои ҳамин созмон омӯзиш гузаронда буданд ё аз рӯи омори расмӣ ба хулосаи кӯмак расидаанд?
Зайниддин Олимов: "Бале, онҳо ҳам оморро аз назар гузарониданд ва ҳам худашон бевосита ба вазъият шинос шуданд. Ҳисоботи Вазорати тандурустиро омӯхтанд, ба беморхонаҳо сафар карданд ва бо беморон сӯҳбат карданд. Марказҳои бемории сили ин ноҳияро диданд ва диданд, ки беморон дар чӣ шароите табобат мегиранд. Баъдан ман фикр мекунам, ки вазъи беморони силро низ рӯзноманигорон хеле хуб баррасӣ карданд ва ин мушкилро боз карданд ва роҳҳои ҳаллашро низ пешниҳод карда буданд."
Озодӣ: Пас барои амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо рӯзноманигорон ҳам саҳм доштанд?
Зайниддин Олимов: "Бале, ман чунин фикр мекунам. Шумо, рӯзноманигорон, навиштед, ки воқеан мушкили сил ҷиддист ва бояд аз он пешгирӣ шавад. Шояд танқидҳои шумо дар ин маврид ба касе сахт расида бошад, аммо дар маҷмӯъ барои беҳбудӣ бетаъсир набуданд. Фикр мекунам, ки шумо, рӯзноманигорон, манфиати зиёд овардед.
Дар яке аз сафарҳо намояндагони Салиби Сурх ба ноҳияи Ҳамадонӣ омада буданд ва онҳо гуфтанд, ки онҳоро ба шифохонаи беморони сил бубаранд. Онҳоро ба як беморхонаи дигар бурданд ва онҳо ҳайрон шуданд ва гуфтанд, ки дар расонаҳо акси беморхонаи дигарро дидаанд, ки вазъаш хеле бад аст ва беморон табобати дуруст намегиранд. Масъулон гуфтанд, ки на чунин нест, вале онҳо фаҳмиданд. Ва баъдан ҳамон беморхона, ки намояндагонро ба он ҷо набурданд, аз сар таъмир шуд ва вазъи беморон хуб гардид. Ман ҳам он навиштаро хонда будам дар расонаҳо. Пас дидед, ки як навишта чӣ қадар манфиат овард. Барои ҳамин мо аз рӯзноманигорон ҳамеша сипосгузорем."