Интернет – қаҳрамони даврони мо

Рӯйдодҳои ахири Ховари Миёна ва суқути режимҳои барои даҳсолаҳо ҳоким дар Тунис ва Миср, ба ҷуз аз бӯҳрони раҳбарони дарозумр боз як воқеъияти дигареро ба намоиш даровард, ки ба як бозигари умда дар саҳнаҳои сиёсии ҷаҳон табдил ёфтани фанновариҳои навин, ба хусус шабакаи ҷаҳонии Интернет аст.

АЗ ИШҚ ТО СИЁСАТ

Интернет ва фанновариҳои дигаре, чун телефонҳои ҳамроҳ ва хадамоти СМС, ки роҳи худро ҳамчун як макон ё василаи дилхушиву тафреҳ, тамос бо дӯстон, пешбурди тиҷорат ё аз, ба таъбири овозхони эронӣ Нимо, “ишқҳои интернетиву имейлӣ”
оғоз карда буданд, тавре дар “инқилоб”-ҳои Ховари Миёна, бахусус Мисру Тунис дида шуд, бо як шӯру шавқи рӯз то рӯз баландтару баландтар пой ба майдони сиёсати ҷиддӣ мегузоранд. Ба гуфтаи коршиносон, нақши фанновариҳои навин, ба хусус Интернет ва СМС, дар оғози эътирозҳои чӣ Тунис ва чӣ Миср бесобиқа будааст.

Дар даъвати мардум ба тазоҳурот ва сипас ба сурати сареъу номаҳдуд ва зинда ба ҷаҳон расондани ончӣ ки дар ин эътирозҳо ва давру бари он мегузарад, Интернет шояд барои нахустин бор ба сурате чунин барҷаста ҷойи расонаҳои дигар, ҳатто телевизионро танг кард. Пахши зинда ва лаҳзабалаҳзаи таҳаввулот дар майдони Таҳрири Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср, ончӣ дар Тунис гузашту мегузарад, аз хидматҳои ҳамин шабака дониста мешавад.

Ба гӯши дунё расондани ахбору тасовир аз ҷомиаҳои то ҳол сарбастае, чун Либия, аз хидматҳои дигари Интернет дар дунёи муосир унвон мешавад, ки намунаҳои ахираш дар ин шабака фароҳам шудани наворҳои видеоӣ аз алайҳи режими Ҷумҳурии исломии Эрон шиор задани мардум аз бомҳои Теҳрон ва тазоҳурот дар Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либия зидди Муаммар Қаззофист, ки аз соли 1969 ба ин сӯ, инак 42 сол боз бар ин кишвари арабӣ ҳукумат меронад.

ИНТЕРНЕТ НАҚШИ АВВАЛ ДОШТ

Фирдавсии Нуралӣ, ки баъди адои таҳсил дар донишгоҳи Ал-Азҳар дар Қоҳира кору зиндагӣ мекунад ва дар Интернет ҳам сомонаи маърифатии Firdavsi.com моли ӯст, тайи тамоми 3 ҳафтаи эътирозҳои Миср ҷараёни ин ҳаводисро аз наздик пайгирӣ мекард. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ташкили эътирозҳо алайҳи давлати Ҳуснӣ Муборак аз тамоми анвои
фароҳами фанновариҳо истифода шуд, вале дар ин миён муҳимтарин абзор, албатта, Интернет буд: “Ҳамаи ин василаҳо дар ин тазоҳурот истифода шуд. Аммо таъсирбахштарин васила дар ташкили ин эътирозҳо, бидуни шак, Интернет буд, чунки аксари кулли тазоҳургарон аз насли ҷавонанд ва ҳамагӣ аз Интернету васоили ахбори муосир хабар доранд. Аз ин рӯ, ин васоилро хуб истифода бурданд. Чун мегуфтанд, ки мардум аз тариқи сайти “Facebook” бо ҳам тамос мегиранд ва ба тазоҳурот мепайванданд, ба ҳамин далел аз 28 январ то 2 феврал бастандаш.”

Меҳдии Мӯҳсинӣ, блогнависи маъруфи эронӣ ва муассиси торнамои Jomhour.com, ки аз Олмон бо мо сӯҳбат мекард, мегӯяд, нақши фанновариҳо, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии Интернет дар ҳар кишвар бо таваҷҷӯҳ ба шароит ва маҳдудиятҳои мавҷуд дар он кишварҳо мутафовит аст, вале саҳми муҳиме ки ин шабакаҳо дар роҳандозии эътирозҳои Мисру Тунис доштанд, ҷое барои тардид надорад: “Дар Тунис замони ба самар расидани эътирози мардум хеле кӯтоҳ буд ва Интернету шабакаҳои иҷтимоияш бештар барои таҷаммӯъи аввалияи мардум коргар буд. Вале дар Миср расонаҳои озоде вуҷуд дошт, ки ба мушкил ҳамроҳ буданд, вале ба роҳатӣ метавонистанд гузориш бифиристанд ва пахши мустақим дошта бошанд аз хиёбонҳои Миср ва тасовири таҷаммӯъи мардуму саркӯбии ин мардумро медидем. Ё ба ин васила мардум ҳатто тарғиб мешуд барои ширкат дар тазоҳурот.”

СИМОИ МИСРИИ “FACEBOOK”

Ҳано Ковиёнӣ, хабарнигори Радиои Фардо, ки нақши фанновариҳо дар таҳаввулоти ахири ҷаҳони арабро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, беш аз нисфи ҷамъияти кишварҳои Ховари Миёнаро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҳамини қишр аст, ки ба Интернет, фаъолиятҳои онлайн ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоие, чун “Facebook” ва “Twitter” таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи хонум Ковиёнӣ, худи онки бахши аъзами эътирозгаронро дар кишварҳои Ховари Миёна ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳокии саҳмест, ки шабакаҳои интернетӣ дар гирди ҳам овардани онҳо бозӣ кардааст: “Намешавад гуфт, ки инҷо фақат саҳми онлайн буд. Аммо шояд бишавад гуфт, ки Интернет аз муҳимтарин абзоре буд, ки ин ҷӯшу хурӯшро хусусан байни ҷавонони Ховари Миёна ба вуҷуд овард. Чизе ки муҳим аст, аввал ҷамъ кардани афрод барои ҳузур дар хиёбонҳост, ки бар рӯи ин шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом мешавад. Гурӯҳҳое ки ташкил медиҳанд, масалан гурӯҳи Холид Саид, ки рӯзи 25 январ дар ҷамъ кардани мардум дар хиёбонҳои Қоҳира нақши тақрибан аслиро ифо кард. Баъди шурӯи тазоҳурот, барои аксҳо, филмҳо, ахбори касоне, ки боздошт, кушта ё нопадид шудаанд. Корбарон ин ахборро метавонистанд хеле сареътар аз ҳар расонаи дигар, ҳатто аз телевизионҳо, аз Интернет ба даст биоранд ва ин нишон медиҳад, ки аҳамияти ин сайтҳо дигар хеле болост.”

ВОИЛ ҒАНИМ – ҚАҲРАМОНЕ КИ АЗ ИНТЕРНЕТ ОМАД

Ба гунаи Холид Саид, эътирозҳои Миср исми боз даҳҳо тани дигар аз фаъолони онлайниро вирди забонҳо кард ва дар сафи
Воил Ғоним
аввали мардони сиёсии ин кишвар қарор дод. Яке дигар аз онҳо Воил Саидаббоси Ғаним, як мудиромили “Google”, бузургтарин ширкати интернетии дунёст, ки имконоти сомонаи “Google” –ро барои таблиғи мардум барои оғози эътирозҳои зидди ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак истифода бурд ва барои 12 рӯз зиндонӣ ҳам шуд. “Google” ба манзури раҳоии Ғаним маъракаи бузургеро ҳам дар Интернет ба роҳ андохт ва дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” дар як они воҳид 130 000 нафар ба ҳимоят аз ӯ садо баланд карданд.

Аммо вақте Ғаним баъди 12 рӯз аз боздошт раҳо ёфт, хоксорона гуфт, қаҳрамони инқилоб на ӯст, балки мардуме, ки дар майдон нишаст: “Қаҳрамон ман нестам. Ман 12 рӯз дар зиндон хобидам. Қаҳрамонҳо онҳоеанд, ки дар хиёбонҳо буданд, дар эътирозҳо ширкат доштанд, шаҳид шуданд, латукӯб ё боздошт шуданд ва ба хатар рӯбарӯ буданд.”

ҶАҲОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ИНТЕРНЕТ МЕБИНЕМ


Блогнависи эронӣ Меҳдии Мӯҳсинӣ ҳамин тавр, нақши Интернет ва шабакаҳои иҷтимоияш, бахусус “Facebook” ва “Twitter” –ро дар тағйири дидгоҳи куллии корбарони ин шабака фавқулода медонад: “Ба таври куллӣ ман нақши Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро хеле пурранг мебинам. Нафақат ба унвони барномарезӣ ва шурӯи таҷаммӯоту тадовумаш, балки ҳамчунин ба унвони як омил барои тағйири нигариши мардуми Ховари Миёна ба зиндагӣ, ҳукумат ва шароите ки дӯст доранд дошта бошанд. Ҳузури пурранги шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо боис шуда, ки битавонанд бо дунёи дигари мутафовиттар ошно бишаванд, фазои ҳоким бар ҷаҳонро хубтар бишносанд, аз таҳаввулот, тағйирот, зиндагии ҳамсолони худ дар кишварҳои дигар огоҳ бишаванд ва орзу кунанд, ки шароити мушобеҳеро онҳо низ дошта бошанд.”

ҶАНГҲОИ САЙБЕРӢ ҲАНӮЗ ДАР ПЕШ АСТ


Аммо қарори маълум, ба бузург шудани ҳузур ва нақши фанновариҳои навин, аз ҷумла Интернет бо шабакаҳои иҷтимоияш, на фақат маҳофил, балки ҳукуматҳо низ ҳатман хоҳанд андешид. Бо таваҷҷӯҳ ба ин оё моро мавҷи нави фишор алайҳи Интернет ва монеагузориҳо дар роҳи дастрасӣ ба он, бахусус дар кишварҳои худкома ва хафакунандаи озодии баён дар пеш нест?

Блогнависи эронӣ, Меҳдии Мӯҳсинӣ, мегӯяд, ҳукуматҳои худкома, мисли Чину Эрон, Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ ва ҳатто Русияву бисёре дигар аз давлатҳои шӯравии пешин ҳамеша дунболи ҳадди аксари фишор бар мухолифони худ буданду ҳастанд ва баъид нест, агар ба дунболи суқути Ҳуснӣ Муборак дар Миср ё Зайналобуддин Бен Алӣ дар Тунис ҳалқаро дар гардани афрод ва гурӯҳҳои норозӣ тангтар бикунанд ва ҳамин тавр, аз гулӯи расонаҳои интернетӣ ҳам маҳкамтар бигиранд, ки садои онҳо дар наояд: “Эрон борҳо талош карда, то Интернетро куллан қатъ кунад ва дар иваз як Интранет, ё Интернети миллӣ эҷод кунад, ки дар он шумо ба ҳеҷ шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ надоред, магар инки аз филтри ҳукумат бигзаред. Ин кор дар Чин ҳам дунбол мешуд, вале ба иллати мушкилоти фаннӣ ва адами тавоноии ҳукуматҳо ин муҳаққақ нашуд. Аз сӯи дигар, аз Интернет на фақат мардум истифода мебарад, балки ҳукуматҳо низ ба таври густарда ба он вобаста ҳастанд. Ва ҳар латмае, ки ин шабака бихӯрад, ба худи ҳукуматҳо ҳам латма ворид мешавад. Ҳукуматҳо ба ин далел наметавонанд феълан Интернетро барои тӯлонимуддат аз кор биандозанд. Шояд дар кӯтоҳмуддат набояд аз ин қазия тарсид, вале дар баландмуддат бояд воқеан муроқиб буд, чунки ҳукуматҳо бо ин шароите ки иттифоқ уфтодааст, қатъан дунболи роҳҳое ҳастанд барои фишори бештар ва маҳдудияти бештар.”

Меҳдии Мӯҳсинӣ афзуд, хушбахтона, рушди фанновариҳо дар ҷаҳон чунон суръате гирифта, ки дасти дахолати ҳукуматҳоро дар ин умур хеле кӯтоҳ мекунад. Ҳано Ковиёнӣ, аммо мегӯяд, фаъолони онлайн дар Эрон ба комёбиҳои ҳамтоёни худ аз Мисру Тунис акнун бо ҳавас нигоҳ мекунанд, вале ба фарқ аз онҳо озодии баён дар сегменти эронии Интернет бо як полиси “муҷозӣ” ва ҳам як артиши сайберие, ки давлат сохтааст, рӯбарӯст: “Дар Эрон мизони филтр кардани вебсайтҳо ва фишори давлат бар фаъолони онлайн хеле болост. Давлати Эрон баъд аз интихобот сармоягузории зиёд кард бар рӯи шакл додан ба як артиши сайберӣ, ки мубориза бикунад, филтр бикунад ва ҳатто раддёбӣ бикунад онҳоеро, ки кори онлайн мекунанд. Ва ин ҳам худ нишондиҳандаи аҳамияти болои фаъолиятҳои интернетист, ки давлати Эрон то ин ҳад ҳатто артиши сайбериро ташкил медиҳад барои муқобила дар ин ҷанге, ки ҳамчун "ҷанги сайберӣ” ёд мешавад.”

БЕДАКӢ ДАР ИНТЕРНЕТ

Фишор ба озодии баён дар Интернетро аксари кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус низомҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ, таҷруба карда, аксари онҳо аллакай ҳатто дар қонунҳои ҷиноии худ бандҳои махсуси марбут ба матолиби Интернетро ворид кардаанд. Дар тирамоҳи гузашта ба дунболи бурузи нооромиҳои водии Рашт дар Тоҷикистон дастрасӣ ба
сомонаҳои Avesta.tj, Tojnews.tj ,TJKNews.com, Ferghana.com ва Centrasia.ru масдуд шуд, ки то хеле муддат ба мушкилоти фаннӣ бастагӣ дода мешуд. Аммо моҳе пеш вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев эътироф кард, ки далели баста шудани ин 5 сомона сирф амниятӣ буд: “Системаи иттилоотӣ хусусияти амниятӣ дорад. Таъсири манфӣ ҳам дорад, дар бархе маворид ҳамчун яроқ низ метавонад истифода шавад. Аз ин хотир, як муддат маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд ва ҳоло ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, балки пурра бартараф шудаанд.”

Ибтидо дар телефонҳои ҳамроҳ дар дохили Тоҷикистон ва сипас дар сомонаҳои интернетии You Тube ва Daily Мotion зоҳир шудани навори видеоии ҷангиёни Алии Бедакӣ ва бахусус навори бозпурсии ин фармондеҳи мухолифони мусаллаҳи давлат дар водии Рашт фарзияи расмӣ дар бораи дар задухӯрд бо нирӯҳои ҳукумат дар рустои Руноб кушта шудани ӯву ёронашро зери суол бурд ва ҳадсҳоеро доман зад, ки Бедакиро шояд ибтидо ба асорат дароварда, сипас қатл кардаанд.

ЗӮРИ ТОҶИКИСТОН НАМЕРАСАД

Нашри ин наворҳо дар Интернет ҳамроҳ бо нақши фаъоли ин шабака дар суқути давлатҳои худкома дар Мисру Тунис, ба бовари маҳофил, Душанберо ҳатман ба сӯи иттихози тадобири шадидтар дар қиболи озодии Интернет тела медиҳад. Вале хабарнигори тоҷик Акрами Абдуқаҳҳор мегӯяд, Душанбе ҳарчанд аз бозтоб ёфтани ҳаводиси ахири Рашт дар Интернет ё рӯйдодҳои ҷаҳони араб эҳсоси ташвиш мекунад, вале ба маҳзи дасти кӯтоҳи молиаш тавони касби назорати тамом бар ин шабакаи беканорро аслан надорад.

Магар ин ки роҳи Туркманистонро пеш бигирад ва бо бастани тамоми дарвозаҳояш истифода аз Интернетро танҳо дар чанд интернет-кафеи зери назорати комил ва он ҳам фақат барои вуруд ба сомонаҳои “безарар” иҷозат диҳад, ки низ амре, ба бовари мусоҳиби мо, ғайримумкин ба назар меояд: “Як вақте, он давра вазорати алоқа буд, мехостанд як маркази коммуникатсионӣ ташкил дода, тавассути он траффики дастраскунандагони Интернетро зери назорат бигиранд. Ин ба онҳо имкон медод, рӯи ин ё он сайт филтр гузоранд. Вале мутахассисон гуфтанд, ки барои ин ба ҳукумат даҳҳо ва шояд садҳо миллон доллар лозим шавад, чунки чунин фанновариро Чин истифода мебарад ва он хеле гарон аст. Фикр мекунам, будҷаи ҷумҳурӣ барои чунин коре имкон намедиҳад. Дар пайи рӯйдодҳои ҷаҳони Араб ҳукумати мо набояд аз Интернет битарсад, балки аз роҳи ислоҳот каме пеш биравад ва як навъ зиндатар шавад.”

ИНТЕРНЕТ ҲАСТ, ВАЛЕ ҲАМА НАМЕДОНАНД

Оё Интернет дар маҷмӯъ имрӯз дар Тоҷикистон то куҷо дастрас ҳаст? Муҳаммадӣ Ибодуллоев, намояндаи Бунёди ғайридавлатии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” мегӯяд, феълан зери 2 миллион нафар дар Тоҷикистон аз Интернет истифода мебаранд, ки аксар аҳли шаҳрҳо буда, тавассути телефони мобил ва асосан барои дидани почтаи электронии худ барои муддати хеле кӯтоҳ ба Интернет медароянд. Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, бо вуҷуди фароҳам будани шароити кофии фаннӣ чанд омил, аз ҷумла мӯҳтавои ночизи маводе, ки сегменти Тоҷнет метавонад ба муштариёнаш пешниҳод кунад, монеъ шуда, ки Интернет дар Тоҷикистон низ ба мисли кишварҳои пешрафта ба як ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии ҳаррӯзаи мардум табдил шавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев меафзояд: “Имрӯз дастрасии техникӣ дар мо ҳаст. Дастрасии молиявӣ ҳам нисбатан ҳаст. Агар қаблан Интернет дар як моҳ барои як нафар 50-100 доллар
тамом мешуд, ҳоло қиматаш аз 8 доллар шурӯъ шуда, корбарон моҳона барои он то 15 доллар масраф мекунанд. Лекин проблемае, ки боқӣ мемонад, мӯҳтавост. Мӯҳтавои бахши тоҷикии Интернет хеле ночиз аст. Аз тақрибан 5 000 сайти сабтшуда дар Тоҷнет ҳамагӣ 8-10 дарсадаш фаъол аст. Баъзеҳо нишониро мехаранд, вале баъдан вақте масоили сохтану дастгирии сомона пеш омад, ин афрод ё маблағ намеёбанд ё ҳавасашон мешиканад.”


Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, бахши аъзами корбарони Интернет дар Тоҷикистон ба далели заъфи Тоҷнет пойбанди торнамоҳои русианд, вале як бахши қобили мулоҳизаи онҳо ба манзури дарёфти маълумоти корӣ ва ҳам ахбор ба истифода аз сайтҳои дохилӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Вале “Facebook” , як қаҳрамони умдаи ошӯбҳои ахири ҷаҳони Араб, ҷои пои сомонаҳои иҷтимоии русие, чун “Одноклассники” ва “Мой мир”-ро дар Тоҷикистон батадриҷ танг мекунад. Бино ба оморҳо, шумори корбарони “Facebook” дар Тоҷикистон дар се моҳи охир 35 дарсад афзуда, ба 11 000 нафар наздик мешавад.

Аммо Акрами Абдуқаҳҳор, хабарнигори тоҷик мегӯяд, раванди пайвастан ба артиши зери 600-миллионнафарии “Facebook” дар ин кишвар ҳанӯз, ба таъбири ӯ, “раванде мардумӣ” нашудааст: “Истифода аз Интернет бештар маҳдуди шаҳрҳост. Дар Ғарб мардум дар Интернет хеле фаъол мебошанд, вале ин дар Тоҷикистон акнун шурӯъ шудааст. Феълан бештар аз М-Agent, MSN ё Skype истифода мебаранд ва асосан кӯшиш мекунанд, аз телефони ҳамроҳ ворид шаванд ба Интернет. “Facebook” дар Тоҷикистон тоза маъруф шуда истодааст. То ҳол ҷойи онро “ “Мой мир” мегирифт. Ман худам ҳам Facebook” дорам, вале таваҷҷӯҳ кардам, ки дар онҷо бештар кормандони созмонҳои хориҷӣ ё худи хориҷиҳо фаъолтаранд.“

ДАЪВАТИ КЛИНТОН


Боло рафтани нақши фанновариҳои навин дар таъйини ҷавви ҳоким бахусус дар ҷомиаҳои сарбаста ҳатто қудратҳои муҳими дунёро таҳрик медиҳад, то ба унвони як василаи муҳими густариши арзишҳои башарӣ рӯи абзоре, чун Интернет, ҷиддитар ҳисоб кунанд. Соли дуввум аст, ки мавзӯи озодии Интернет дар паёми солонаи вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз раъси сиёсатҳои Вошингтон ном бурда мешавад.

Ҳилларӣ Клинтон
Хонум Клинтон имсол ҳам давлатҳои ҷаҳонро ба эҳтироми асли озодии Интернет даъват кард ва аз ҷумла гуфт, режими Зайналобуддин Бен Алӣ дар Тунис дар амри деворбандии Интернет аз Чин ё Эрон кам намеомад, вале дар ниҳоят як абзори муҳими роҳандозии инқилобе, ки ҳукумати ӯро барандохт, ҳамин Интернет шуд: “Ба бовари мо, ҳукуматҳое ки дар роҳи озодии Интернет монеа месозанд, бо роҳи гузоштани филтрҳои фаннӣ ва ё ҳамла ба онҳое, ҳаққи худ ба изҳори ақида ва таҷаммӯъро аз тариқи онлайн анҷом медиҳанд, дар ниҳоят худро дар бунбаст хоҳанд андохт. Онҳо дар рӯбарӯи дилеммаи диктаторҳо қарор мегиранд ва бояд ногузир аз байни роҳ кушодан ба тахриби ин деворҳо ё пардохти ҳазинаи ҳифзи онҳо якеро интихоб кунанд.”

БАҲРИ ИНТЕРНЕТРО КӢ МЕБАНДАД?


Аммо Фирдавсии Нуралӣ, коршиноси тоҷики муқими Миср мегӯяд, давлатҳои худкома танҳо дар сурате дар амри комилан аз байн бурдани таҳдиди Интернет ба бақои ин низомҳо ба истилоҳ “шонс” хоҳанд овард, ки онро батамом бубанданд. Вале ин шабака дигар он қадар ба умури тиҷориву давлатӣ ва байнидавлатӣ печидааст, ки ба ақидаи Фирдавсии Нуралӣ, бо вуҷуди идомаи фишорҳо дасти ягон давлат ба қатъи комили Интернет нахоҳад ёзид: “Эҳтимол дорад, ки ҷиҳати маҳдуд карданаш боз ҳам иқдомҳо шавад. Вале ин роҳи ҳалли масъала нест. Дар ин марҳалае ки мо қарор дорем, пеши роҳи Интернетро ба ҳеҷ ваҳҷ наметавон гирифт. Илло агар тамоми васоилро бубанданд, ки ин имкон надорад. Агар бо кадом ҳадафи сиёсӣ баста шавад, хеле аз корҳои тиҷорӣ ва ҳатто давлатӣ маътал мемонад. Башарият ҳоло дар як марҳалае қарор дорад, ки сари роҳи фанновариҳоро касе гирифта наметавонад. Тамоми васоил муҳайёст ва ба ҳар василае ки роҳи ҳар яке аз ин васоил гирифта шавад, билофосила василаи наве дар ивазаш пайдо хоҳад шуд. Ин монанди баҳре шудааст, ки роҳашро наметавон баст.”

Ба ҳисоби СММ, шумори корбарони телефонҳои мобил дар ҷаҳон ба 5 миллиард нафар расида, теъдоди корбарони Интернет аз марзи 2 миллиард нафар убур кардааст. Танҳо дар зери чатри шабакаи иҷтимоии “Facebook”, тавре гуфтем, зери 600 миллион нафар, яъне тақрибан ҳар сокини даҳуми сайёра гирди ҳам омадаанд.

Ин миллионҳо “Ман” дар Интернет дигар чунон як лашкари бузургу тавонои “Мо” шудаанд, ки тавре дар Мисру Тунис дидем, ҳатто қодиранд давлатҳоро барандозанд ва худро ба ҳайси як нирӯи умдаи бозигар дар саҳнаҳои сиёсӣ матраҳ кунанд. Аммо бубинем, ки ин лашкари “Мо”-и Интернет ин бор нирӯи худро дар саҳнаи кадоме аз кишварҳои дунё ва бо чӣ сурате ба бозӣ хоҳад даровард.