Тоҷикистону Эрон барои бунёди корхонаи тавлиди семент қарордод имзо кардаанд.
Бо имзои қарордоди ҳамкорӣ миёни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати "Ливон ковон кониҳои симони байналмилал" - и Эрон, ки рӯзи панҷшанбеи 17-уми феврал дар Душанбе сурат гирифт, ҷониби Эрон дар Тоҷикистон як корхонаи тавлиди семент хоҳад сохт.
Ин қарордоди ҳамкориро Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва Ғуломҳайдар Иброҳимбой Саломӣ, мудири омили ширкати "Ливон ковон кониҳои симони байналмилал"-и Эрон ба имзо расониданд.
Ба гуфтаи Тоҷиннисо Азизова, сухангӯи Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, мувофиқи ҳисобҳои муқаддамотӣ сармояи бунёди корхонаи тавлиди семент тавассути ширкати "Ливон ковон кониҳои симони байналмилал"-и Эрон маблағи 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Хонум Азизова афзуд, корхона дар ду марҳила сохта ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки тибқи таҳлили мутахассисон дар сол 2 миллион тонна семент тавлид хоҳад кард.
Имзои қарордоди ҳамкорӣ барои сохтмони корхонаи тавлиди семент дар чаҳорчӯби баргузории нишасти кумитаи муштараки саноат ва маъдани Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Тафсилоти бештар дар ин ҷо:
Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди семент месозад
Вазири саноати Эрон ба Тоҷикистон наомад