А. Мирзо: "Худкомаҳо бояд аз сарнавишти Муборак битарсанд"

Адолати Мирзо, муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Миллат"

Додгоҳ баъди як соли баҳс миёни Вазорати кишоварзӣ ва "Миллат" ҳалномаи худро ба манфиати ниҳоди давлатӣ навишт.
Ҳамакнун ин нашрия муваззаф шудааст, ки ба маблағи 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бисупорад.

Аммо масъулини "Миллат" ин қарорро ноодилона ва ғайримунсифона шуморида, изҳор доштанд, ки баҳсро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома хоҳанд дод.

Дар оғози сӯҳбат аз Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат" пурсидем, ки ба чӣ далел?

"Ҳарферо, ки нагуфтем, чӣ гуна инкор кунем?"

Адолати Мирзо: “Қабл аз он ки ин хабар, яъне мавҷудияти фасод дар вазорати кишоварзиро "Миллат" чоп кунад, ду ҳафта пештар он дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ мунташир шуда, вале аз сӯи ин вазорат кадом вокунише нашуд. Вале бо чопи ин матлаб дар нашрияи мо, намедонам кадом омил боис шуд, ки вазорати кишоварзиро водор кард маҳз аз болои "Миллат" шикоят кунад. Асли матлаб ин аст, ки ин маълумот ба ҳангоми баррасии
буҷаи соли 2009 дар парлумон пайдо шуд. Вакилони Маҷлис гузориши роҳбари Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистонро шуниданд, ки аз вуҷуди фасод дар ин вазорат ва ба маблағи 6,1 миллион сомонии ғайримақсад истифодашуда ҳикоят мекард. Дар номае ҳам, ки аз сӯи раҳбари ин Оҷонсӣ ба унвони раиси пешини парлумон ирсол шудааст, ин маълумот ошкоро зикр шудааст.

Вале чаро мо норозӣ ҳастем аз қарори додгоҳ? Барои он ки мо манбаи паҳнкунандаи ахбор набудем. Билфарзе агар мо рад кунем, ки дар Вазорати кишоварзӣ фасод нест, ибтидо бубояд он манобеи давлатӣ, ки ин маълумотро паҳн ва дар дастрасии хабарнигорон қарор доданд, онҳо рад кунанд. Дар ин маврид раддияи онҳоро бояд нашрия ба нашр бирасонад. Дар ҳоле ин ниҳодҳо чунин кореро накарданд, мо чӣ гуна метавонем ҳарферо, ки нагуфтаем инкор кунем? Аз сӯи дигар, дар ҷараёни мурофиа ҳеҷ як аз далоиле, ки намояндаи ҳуқуқии мо ба додгоҳ пешниҳод кард, ба назар гирифта нашуд. Аз ин рӯ, тасмими мо бар он шуд, ки мо ҳатман аз ҳалномаи содиркардаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ хоҳем бурд."

Нашрияҳои мустақил ё мухолифони давлат?

Суол: Вале чаро додгоҳ, ба гуфтаи Шумо, чунин як "ҳалномаи ғайриқонунӣ" содир кардааст? Оё ин зери фишори вазорат ва вазири кишоварзӣ қарор гирифтааст?

Адолати Мирзо:
"Ҳоло, ки ҳалнома дар дасти мо нарасидааст, наметавонам дар ин бора кадом фикреро баён кунам. Аммо дар маҷмӯъ, дар мавриди он ки чаро додгоҳҳо ҳукми ноодилона содир мекунанд, метавонам ҳамчун як нафаре, ки дар матбуот собиқа дорад ва бо истинод ба он номаҳои зиёде, ки аз болои ҳукми додгоҳҳо ба нашрия мерасанд, тахминҳоеро ба миён бигзорам. Масалан, як омилаш метавонад ин бошад, ки ҳанӯз додгоҳҳои мо бо қонунҳои нав ва шароити нав одат накардаанд. Дуввум, ҳанӯз идеологияи Шӯравӣ аз мағзҳо шуста нашудааст. Барои ҳамин, хеле аз қозиҳои додгоҳҳои мо, ки дар даврони Шӯравӣ таҳсил кардаанд, фикр мекунанд, ки ҳанӯз вазорат ва ё ҳар ниҳоди дигари давлатӣ ин худаш ҳукумат ё давлат аст.

Фикр мекунанд, ки як нашрияи мустақил ба додгоҳ кашида бишавад, он ҳатман муқобили давлат баромад кардааст. Вале мо дар ин қазия дар додгоҳ, ки рӯи мо дарҷ шуда буд, ҳеҷ гуна фишори куллии ҳукуматро намебинем. Вазорати кишоварзӣ як ниҳоде аз ҳукумат аст, ки алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Мо аз ин истиқбол кардем, чун дигар бо зӯри силоҳу бо зӯргӯӣ масоил ҳал намешавад. Акнун ба таври демократӣ, он гуна ки нерӯҳои рӯшанфикр ва нерӯҳои демократӣ мехостанд, даъвоҳо ба додгоҳ мераванд. Вале он ки дар додгоҳ чӣ ҳукме содир мешавад, дигар ин ба виҷдон ва донишу фаҳмишу фаросати он қозиҳо ҳавола мешавад, ки онҳо чӣ ҳукме содир мекунанд."

"Ҳақ ба ҷониби "Миллат" аст"

Суол: То ҷое огоҳем, аз он ки бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар гузоришҳои худ бо ишора ба баҳси шумо бо Вазорати кишоварзӣ "Миллат"-ро низ дар баробари дигар нашрияҳо, аз ҷумла "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-Плюс" зикр ва зери фишор арзёбӣ карданд, нороҳат шудед, ки бо ҳукумат мушкил надоред. Воқеан, ҳеҷ фишореро эҳсос намекунед?

Адолати Мирзо: "Агар фишор аз тарафи ҳукумат вуҷуд медошт, додгоҳ шояд маблағи ҷаримаи моро аз сесад то пансад ҳазор сомонӣ ҳукм мекард ва бо ҳамин нашрияро муфлис мекарду аз як "дарди сар" халос мешуд. Вале ба маблағи якуним ҳазор сомонӣ қарор гирифтани ҷарима ва ризоияти Вазорати кишоварзӣ ба маънои он аст, ки воқеан ҳақ ба ҷониби "Миллат" буд ва ҳеҷ қонунеро мо убур накардем, қонуншикание дар рафтори мо дида намешуд.

Дар Қонуни матбуоти Тоҷикистон ҳам зикр ёфтааст, ки нашрия барои нақли қавли ахбори расмӣ ва суханони вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар ҷаласаи вакилон садо медиҳад, ҷавобгар нест. Ин ҷо фақат метавонам бигӯям, ки то дарёфти ҳалнома изҳори назар набояд кунам. Вале дар мавриди мудохилаи ҳукумат, ки шумо саволро дубора матраҳ мекунед, боз ҳам мегӯям, ки ниҳодҳое дар зери чатри ҳукумат он ҷурмҳое, ки содир карданд мехоҳанд онҳоро рӯпӯш кунанд. Ин як амри маъмулист, вақте як ниҳоди ҳукуматӣ даъво пешниҳод мекунад. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз низоми демократӣ дар он урф ва одат нашудааст, ҳатман хелеҳо бар он назар буданд, ки мо дастболо намешавем. Вале мо талошамонро мекунем, то ба он ҳақиқат ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон арҷ бигузоранд. Мо мехоҳем онҳоро ба ин чиз водор созем, ки дар баробари ҳаққи мо эҳтиром қоил бошанд. Ҳоло воқеъият ин аст, як бахше аз ҳукумат, ки агар он вазорати кишоварзӣ бошад, дар муқобили мо дар додгоқ қарор гирифтааст. Ва он аз кадом асбобе дар ин мубориза истифода мекунад, инро беҳтар аст аз онҳо бипурсед.

Акнун дар бораи он баёнияи созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ ва ба истилоҳ мудофеи озодии баён. Аввал ин ки касе биояд ва ба мушкили шумо бихоҳад кӯмак кунад, шумо ба ӯ танҳо ташаккур мегӯед, вале агар касе биояд ва ба ҷои кӯмак ба мушкили шумо биафзояд, ҳатман ба ӯ мегӯед, ки кори худатро бикун. Мутмаин бошед, ки агар мо ба ҳаёҳуи онҳо дода мешудем, вазъи ба маротиб бадтаре медоштем ва посух ба он суоли шумо дар бораи фишори ҳукумат яксон, ё ба истилоҳ "однозначный" бале. Он гоҳ бо интизор ва шоҳиди фишори воқеӣ мебудем.

Мо аз ду баёния нороҳат будем ва далел дорем. Баёнияи аввал баёнияи Шӯрои ВАО буд, ки содир шуд. Он баёния дар бораи баҳси қозиҳо бо се нашрия буд, дар бораи "Миллат" набуд. Вале номи "Миллат" он ҷо ҳамчун исми ёридиҳанда ёд шуда буд. Гӯиё як нашрияи туфайлӣ ҳасту ҳамчунин мушкиле дорад. Ҳоло он ки қазияи "Миллат" пеш аз он се нашрия сар зада буд ва маблағи даъво ҳам қобили андеша ва 1 000 000 сомонӣ буд. Вақте дар Вена дар қароргоҳи марказии САҲА будем ва роҷеъ ба ин масъала баҳс доштем, гуфтем, ки бояд масъала мунсифона ҳал шавад. Вале сафири Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҷо «Миллат» матраҳ нест ва дар баҳси матбуоти Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта (моҳи апрели соли 2010 буд) сурат гирифт, аслан баҳси ҳамон се нашрия ва додрас матраҳ буд. Баъд таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки маркази САҲА дар Душанбе ба асоси ҳамин баёнияи ҷонибдоронаи Шӯрои ВАО ба маркази худ маълумот ирсол кардааст. Фақат баъди он масъули нави умури матбуоти САҲА баҳси «Миллат»-ро бо мақомот ба сурати ҷудогона дар миён гузошт. Акнун аз раҳбарони ин Шӯро бипурсед, ки ин баёнияро ба асоси равобит навиштанд ва ё завобит?

Баёнияи дигар аз САҲА ва дар мавриди санҷиши молиёт буд. Онҳо аз мо чизе напурсида буданд ва он баёния ба ягон рӯзнома кӯмаке накард, агар зарар накарда бошад, ҳама рузномаҳое, ки тафтиш шуданд, ҷарима супориданд, ин баёния як тини онро кам карда натавонист. Аммо баёнияи Сафорати Амрико дуруст, мантиқӣ ва мутавозин буд ва ҳар чор нашрияи гирифтори мушкилро дар як саф қарор медод.»

Мушкили матбуот ё "дарди кӯҳна"

Суол: Шумо ба унвони як нафари огоҳ аз ҳавлу ҳолу таҳавулоти матбуоти Тоҷикистон дар мавриди ҳодисаи қатъи чоп ва дубора фаъол шудани нашрияҳои "Фараж", "Нигоҳ" ва "Пайкон" чӣ назар доред?

Адолати Мирзо: "Дар Тоҷикистон ҳар касе маризияш шиддат мегирад, унвонаш мекунанд саратон шудааст. Вале дар асл хеле аз ин маризиҳо саратон нест, балки маризиҳои кӯҳнашуда ҳастанд. Баста шудани нашрияҳо дар ҳар шароите мисли ҳамон маризиҳои кӯҳнашудаи Тоҷикистон ҳастанд. Ин як заъфи ниҳодҳои мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон аст, ки натиҷаи корашон ин шуда, ки имрӯз қариб ҳеҷ нашрияи дарозумр дар Тоҷикистон надорем. Ҳар боре, ки ҳар нашрия бо ҳар далеле дар Тоҷикистон баста мешавад, мо ба ин бетафовут назар мекунем. Яъне на дарсе аз ин мегирем ва на вокуниши шадиде ҳам дар мавриди ин изҳор медорем. Аз ин рӯ, баста шудани нашрияҳо ин ҳамон идомаи баста шудани нашрияҳо аз соли навад аст, ки мо натавонистем аз ҳаққи худ дифоъ кунем. Вақте ки нашрия наметавонад аз ҳаққи худаш дифоъ кунад, он нашрия чӣ гуна метавонад аз ҳаққи мардум дифоъ кунад?!

Ҳанӯз масоили бисёр ҳалношудае дар расонаҳои Тоҷикистон мавҷуд аст, ки муносибати дурустро чӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва чӣ аз сӯи ниҳодҳои мудофеи озодии баён тақозо мекунад. Мо бояд тарзи дурусти расидагӣ ба масъаларо ҷустуҷӯ бикунем, ки бо чӣ роҳҳое метавон ба ин масъала расидагӣ кард. Ба ёд оваред баста шудани нашрияҳои "Рӯзи нав", "Оламу Одам" ва "Нерӯи Сухан"-ро дар соли 2004. Танҳо бо нашри чанд баёния иктифо кардем. Соҳибони ин нашрияҳо ва мудофеони озодии баён талоши ҷиддӣ ба харҷ надоданд. Мо пеш аз дардро даво бахшидан, бояд ташхис бикунем, ки ин дард аз куҷо маншаъ мегирад. Баъд ба мудаввои он шурӯъ бикунем.»

"Рӯзномаҳои нимҷон"

Суол: Фикр мекунед он маншаи дард чӣ буд?

Адолати Мирзо: “Дар ин ҷо чанд омил аст. Омили аввал ирода ва ихлос надоштани аксари кули мақомоти давлатӣ ба матбуоти озод аст. Агарчанд таъмини озодии сухан, ки тавассути озодии матбуот амалӣ мешавад, вазифаи конститутсионии давлат ва ҳукумат аст. Аммо, мутаассифона, мақомот ҳама парвардаи тафаккури коммунистиянд ва ин талаботи конститутсия эъломия боқӣ мемонад Аммо онро аз миён низ бурда ба куллӣ наметавонад, чун талаби дунё ва конститутсия аст.

Барои ҳамин рӯзномаҳои ба истилоҳ нимҷон дорем. Як омили дигар ин аст, ки ҳанӯз нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон бо заҳмат бунёд бишаванд, кам ҳастанд. Яъне бо талоши худи хабарнигорон ба таври худҷӯш. Кам ҳастанд ва онҳое ҳам, ки буданд, бар асари мушкилоти молӣ аз байн мераванд. Дуюм омил тарзи нодурусти муносибати созмонҳои имдодрасон, яъне мудаиёни мудофеи озодии баён ҳаст, ки нигоҳи яксон ба тамоми нашрияҳо надоранд. Яъне тарзи муносиботи ин созмонҳо, ҳамкории онҳо бо нашрияҳо яксон нест. Ҳамин аст, ки мегӯянд «тафриқа андозу ҳукумат намо». Муносибати нодуруст ба нашрияҳо боис шудааст, ки ваҳдати касбӣ дар миёни худи рӯзноманигорон вуҷуд надорад ва ин расонаҳоро ба ғайридавлатӣ ва давлатӣ ҷудо кардааст.»

"Баёнияҳои пари коҳ"

Суол: Яъне маншаъ ва ё омиле, ки боис шуд нашрияҳо баста шаванд, ин аст ки созмонҳои имдодрасон ба онҳо кӯмак накарданд ва ё ин аст, ки ин нашрияҳо ба таври худҷӯш фаъол нашуданд. Далел ин аст?

Адолати Мирзо: "Вақте мо мегӯем созмонҳои имдодрасон ба ин мушкил расидагии дуруст накарданд, кӯмак накарданд ба маънои танҳо кӯмаки молӣ нест. Ҳамон кӯмакҳое, ки як ду дафъа дар бораи баста шудани ин нашрияҳо гуфтанд, бо ҳамин тамом. Масалан, баҳсе, ки имрӯз матбуоти Тоҷикистон ба миён мегузорад, яъне набудани матбааҳои мустақил аст, ки расидагӣ намешавад. Набудани матбааи мустақил боис ба он мешавад, ки ҳар дафъа ҳукумат аз ҳамон фишанги истифода аз матбааҳо кор бигирад. Кори амалие, ки ин созмонҳо метавонистанд бикунанд, масалан дар қазияҳои додгоҳӣ мо ҳам ба онҳо пешниҳод кардем, ки шумо ҳаққи адвокатро пардохт кунед, мо ҳатман пирӯз мешавем. Ҳоло ҳам мегўям, мутмаин бошед, мо пирӯз мешавем, қариб ҳамаи нашрияҳо пирӯз мешаванд, чун ҳарфи ҷинояте назадаанд, онҳо фақат бояд маоши адвокатро таъмин кунанд, халос. Вале инро накарданд, ба ҷои он ҳазорон кори беҳуда ва нишасти нодаркору баёнияе, ки пари коҳ арзиш надоранд, ҳар рӯз содир мекунанд."

"Матбааҳо низ мустақил нестанд"

Суол:
То ҷое огоҳ ҳастед он нашрияҳое, ки як муддат натавонистанд чоп шаванд, назди матбааҳои мустақил ҳам рафтанд ва онҳо ҳам гуфтанд, ки мутаассифона мо наметавонем шуморо чоп кунем. Ҳарчанд ки барои ин кор пул ба даст меоваранд. Вале боз ҳам ин созмонҳои мудофеи озодии баён монеаи чопи ин нашрияҳо шуда бошанд, ба фикри Шумо?

Адолати Мирзо: "Матбааҳое ҳам, ки чунин далоилро пеш меоранд, маълум мешавад, ки як ниҳоди мустақил нестанд, зери фишори шояд ниҳодҳои молиёт қарор мегиранд ё ниҳодҳои дигар. Фикр мекунам, агар ки ин матбааҳо фаъолияти шаффоф дошта бошанд, ҳатман пул чизи ширине аст, мераванд ба дунболи онки нашрияҳоро чоп кунанд. Омили дигараш ин аст, ки нашрияҳо теъдоди зиёде надоранд ва он пуле ҳам, ки аз чопи онҳо матбааҳо ба даст меоранд аз он дарди саре, ки барояшон эҷод мешавад камтар аст."

"Пессимизми хабарнигорон"

Суол: Яъне фикр мекунед, ки дар ин маврид ҳеҷ таъсири ҳукумат ё мақомоти ҳукуматӣ барои аз чоп боздоштану бастани ин нашрияҳо набуд?

Адолати Мирзо: "Не,чаро? Мо фикр мекунем, ки ин мушкил вуҷуд дошт.
Фишор мустақим буд. Ҳама онро эҳсос мекард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам иқрор кард, ки чанд сомонаи мустақилро барои таъмини амнияти давлат масдуд карда буданд. Шояд дар мавриди матбуот ҳам ҳамчунин изҳори назареро интизор шуд, ки баён бишавад. Бесабаб наметавонад, ки ин нашрияҳо худ ба худ аз чоп бимонанд. Бояд дастандаркорони ин нашрияҳо ба умқи ҳамон чиз мерафтанд. Шояд он матбааҳоеро, ки бо онҳо шартнома доштанд, ба додгоҳ мекашиданд, ки қонунро нақз карданд. Мо одат кардем, ки аз қонунҳои мавҷуда истифода намекунем. Ё иктифо мекунем, ки ин ҷо дасти зӯри кадом нерӯе ҳаст ва мо нотавон ҳастем. Яъне пессимизми соҳибони худи матбуот боис ба он мешаваад, ки мушкил бештар бишавад, то камтар."

"Эрон дар пушти ҳукумати Тоҷикистон"

Суол: Нашрияи «Тайм» дар гузорише дар бораи даҳ роҳбари кишварҳое, ки дар ҳоли шикаст қарор доранд, исми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро низ зикр кардааст. Шумо ба ин арзёбӣ чӣ назар доред?

Адолати Мирзо: “Фикр мекунам ин як навъ назари зоҳирӣ ва сатҳист. Нигоҳе аз дуриҳои дур аст, ки ба кишвари мо чунин баҳо додааст. Хелеҳо дар дохил ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мунтазири он рӯзанд, ки ҳукумат ҳарчи зудтар табдил бишавад. Вале ин аз соли 1993 то ба ҳол ба як хоб табдил шудааст. Он гуна, ки матбуоти ғарб баҳогузорӣ кардааст он гуна нест. Яъне як баҳогузории дурусте накардааст. Чаро исми Узбакистон, ки мо медонем як кишвари худкома аст дар ин лист ворид нашудааст? Ин танҳо ба хотири он аст, ки баҳои дурусте ба кишварҳо дар ғарб гузошта намешавад. Онҳо бо такя ба он ҳаводисе, ки ахиран дар Тоҷикистон рух дод, хулоса кардаанд. Вале мову шумо, ки дар Тоҷикистон ҳастем ба ин суол, ки ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон кадом нерӯ ва кӣ даст дошт, посухи дақиқ дар даст надорем. Ҳодисаи фирори зиндониён аз маҳбаси муҳими ҳукумати Тоҷикистон ба дунболи он иттифоқоти Хуҷанду Рашт ва дигару дигарҳо то ҳоли ҳозир он нафаре, ки бар дӯш бигирад, ки ин ҳаводисро ҳамон нерӯҳо содир кардаанд ҳамчуноне, ки теракти Домодедовро гурӯҳе бар дӯш гирифт чунин чизе дар Тоҷикистон нест.

Барои ҳамин, ҳоло мо посухи дурусте, ки дар паси ин ҳаводис кӣ меистад, дасти кӣ аст ҳукумат ва ё нерӯҳои хориҷ дар даст надорем. Яъне мо намедонем ҳоло ки ин нишони заъфи ҳукумат аст ё зўри он. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ба он андозае, ки дар ғарб фикр мекунанд заиф нест. Вақте худаш дар мавриди ҳодисаҳо аз ҷумла ҳаводиси шарқи Тоҷикистон тасмим мегирад, далели ин гуфтаҳост. Яъне Русияе, ки яке аз пуштибонҳои аслии ҳукумат ба шумор мерафт ҳанӯз изҳори назаре дар мавриди сард шудани муносиботаш баён надоштааст. Дуввум, қудрате, ки ҳукумати кунуниро пуштибонӣ мекунад ин Ирон аст. Ахиран раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ирон оқои Машоӣ ҳам гуфт, ки «ҳама бояд бидонад, мо дар пушти давлати Тоҷикистон қатъан истодаем ва пуштибонӣ мекунем». Ин як сухани хушку беасаре нест. Ҳанӯз қудратҳое дар пушти ин ҳукумат меистад, ки мо наметавонем дар мавриди завол ёфтани ҳукумат ниҳодина фикр кунем, ки воқеан ин чиз аст. Ин гуна нест. Ё ҳадди ақал ман чунин нишонаеро аз ҳоло эҳсос намекунам. Шояд дигарон иттилои бештаре дошта бошанд. Фикр намекунам, розӣ нестам ба он чизе, ки дар «Тайм» чоп шудааст. Хулосабарорӣ ва баҳояш мунсифона нест. Ин ҳам мисли ҳамон баёнияҳои созмонҳои пуштибони рӯзномаҳост.»

"Иштибоҳи худкомаҳо"

Суол: Аммо назари шумо дар мавриди онки бархе аз гурӯҳҳо чун ҳукуматро гирифтанд дигар намехоҳанд бидиҳанд ва бо ҳар роҳҳо бо тағйири Қонуни асосӣ бо баргузории раъйпурсиҳо мехоҳанд ҳукуматашон бештар шавад чӣ аст ва ин корҳо то куҷо ба манфиати мардум аст?

Адолати Мирзо: "Бубинед, сӯҳбати мо дар рӯзҳое иттифоқ афтод, ки Ҳуснӣ Муборак аз мақомаш канор рафт. Ба ин шева рафтани Муборак бояд паёме ба он кишварҳои худкома бошад, ки оқибат сарнавишти ҳамаи онҳо чунин хоҳад буд. Иштибоҳи инҳо чӣ аст? Иштибоҳи онҳо ин аст, ки мехоҳанд дар сохтори ҷумҳурӣ аз усулҳои шоҳӣ истифода бикунанд, ки ин амри бисёр нодуруст аст. Намешавад. Инҳо доранд бо сохтори ҷумҳурӣ бозӣ мекунанд. Вале дар ин маврид боз ҳам дасти ғарб ҳаст. Муносибати нодурусти ғарб бо давлатҳои худкома боиси он шудааст, ки ин ба як эпидимия табдил шавад дар минтақа."

Муаррифӣ

Адолати Мирзо, муассис ва сардабири нашрияи мустақили “Миллат”, аз рӯзноманигорони касбӣ ва бособиқаи тоҷик, мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеъ ба итмом расонидааст.

Ба навиштан аз овони наврасӣ иштиёқи беандоза дошта, нахустин чакидаҳои хомааш дар нашрияҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳурӣ ҳанӯз дар солҳои таҳсил дар мактаби миёна чоп шудаанд.

Риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар нашрияҳои «Посух», «Истиқлол» ва «Суруш» кор кардааст. Сипас, барои кор ба радиои «Садои Хуросон» даъват мешавад ва чанд сол, то таъсисёбии нашрияи «Миллат» дар соли 2005, дар ин идора фаъолият кардааст. Як навбат дар интихоботи миёндаврии парлумонии соли 2007 талош кард, ки вакили Маҷлис бишавад, аммо муваффақ нашуд.

Соли 2007 Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабонро бо номи «Афрӯз» ҳамроҳ бо ҷамъе аз рӯшанфикрони эрониву афғон таъсис дода, ҳоло раёсати онро бар дӯш дорад.