Афзоиши ҳиҷобдорон: Мӯд ё таассуб?

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон омилҳои ба ҳиҷоб рӯ овардани занону духтаронро муайян кардааст.
Ин кумита дар миёни бештар аз 2 ҳазор зану духтарони сатрпӯш назарсанҷӣ гузаронидааст.

Масъулони назарсанҷӣ мегӯянд, беш аз 20 дар сади занону духтарон гуфтаанд, ки иҷборан сатр мепӯшанд, 40 дар садро шавҳарон ва боқимондаро волидону бародарон барои пӯшидани сатр маҷбур кардаанд.

Қисмати дигари пурсидашудаҳо иброз доштаанд, ки бо ихтиёри худ ин навъи либосро интихоб кардаанд ва аз ин миён 7 дар сад иқрор кардаанд, ки ҳадафи сатрпӯшишашон танҳо пайравӣ ба мӯд ва ё ба хотири зебоӣ аст.

"Хурофоти динӣ"

Саодат Мӯъминова мудири бахши иттилоотӣ таҳлилии кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, мегӯяд, як ҳадафи аслии ин пурсиш, муайян кардани қишри аслии сатрпӯши ҷомеа аст.

Ба гуфтаи ӯ, даҳ дарсади духтарони рӯсаридоре, ки дар ин пурсиш ширкат кардаанд, таҳсилнодида буда, танҳо 7 дар сади ин гӯрӯҳи занону духтарон маълумоти олӣ доштаанд.

Дар Кӯлоб талош карда буданд, то аз ҳиҷобпӯшии занону духтарони тоҷир дар бозорҳо ҷилавгирӣ шавад
Хонум Мӯъминова мегӯяд, омӯзиши ислом ва таълимоти динӣ набояд барои занон дар омӯзиши донишҳои дунявӣ монеа эҷод кунад. Ба қавли ӯ аксар занони ҳиҷобпӯш, таълимоти мукаммали динӣ надоранд ва танҳо рисолати худро дар сатрпӯшӣ ва кунҷи хона нишастан медонанд.

"Мутаасифона, дар кишвари мо бештар хурофоти динӣ дар байни занҳо паҳн гаштааст. Бовар дорам, ки таълимоти динии онҳо ҳам бисёр маҳдуд аст. Вақте ки занҳо ба кумитаи мо меоянд, мепурсем, онҳо Қуръонро ба забони тоҷикӣ нахондаанд ва намедонанд. Мегӯянд мо бояд сатр пӯшем, тамом. Вале ҷойгоҳи зан дар ислом бисёр баланд аст, мақоми зан баланд аст",-афзуд ӯ.

Ин масъули Кумитаи кор бо занон мегӯяд, аксаран духтарону занон дар шаҳрҳои марказии Тоҷикистон ба пӯшиши исломӣ ё сатр рӯ овардаанд.

Нигаронӣ аз "ниқоб"

Аммо ӯ аз пӯшидани ниқоб навъи дигари рӯсарӣ, ки имрӯз бархе аз занони тоҷик ба бар мекунанд ва он тамоми чеҳраи занро ба ҷуз аз чашм мепӯшонад, нигаронӣ кард ва гуфт, "ин тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги барои тоҷикон бегона аст."

Вай гуфт, "вақте, ҳама сиҳату саломат аст, тамоман сиёҳ пӯшидан барои мо ин фоҷеа аст ва нусхабардории кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегонагон аст. Ин чиз бисёр хатарнок аст. Ман дар ин бора сӯҳбат доштам бо чанд духтарон, мегӯянд дар ислом ҳаст. Ман гуфтам ин либоси хоси худи арабҳост"

Сабабҳо якбора рӯ овардани теъдоди зиёди духтарони тоҷик ба навъҳои либоси исломӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз сӯйи таҳлилагарон ҳам ба гунаҳои муталиф шарҳ дода мешавад.

Баъзеҳо инро дар зиёд шудани филмҳои исломиву таассуб ва ё б як навъи мӯд табдил шудани ин навъи либос медонанд. Ҳатто чунин ақидаҳо ҳам ҳаст, ки имрӯз гурӯҳе аз духтарон танҳо ба хотири "боодоб" намоиш додани худ ин либосро интихоб мекунанд.

Раҳмонӣ: "Аз рӯи ақида сатр мепӯшанд"

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, на ҳамаи занону духтарон маҷбурӣ сатр мебанданд
Аммо Зарафо Раҳмонӣ, масъули бахши фарҳангии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба чунин баҳодиҳо ва махсусан натиҷаҳои пурсиши кумитаи кор бо занон чандон мувофиқ нест. Ӯ аз таҷрибаи кории худ бо занону духтарони ҳиҷобдор мегӯяд, теъдоди онҳое, ки аз рӯйи ақидаҳои динӣ ва ихтиёрӣ пӯшиши либоси исломиро интихоб кардаанд, дар миёни занҳо бештар аст.

"Фикр мекунам, сатҳи нафароне, ки нисбат ба сатр, нисбат ба фарзияти илоҳӣ таваҷҷӯҳи бештару хоса доранд имрӯзҳо бештар дида мешавад ва ин назарсанҷӣ ба назари банда дар як доираи маҳдуди занҳо анҷом шудааст. Хубтар мешуд, ин кумита бо тамоми ҷомеаи кишвар, хусусан бо аҳзоби сиёсӣ ва афроде, ки метавонанд ин мавзӯъро бештар пайгирӣ кунанд, ҳамкорӣ мекарданд ва дар нисбат ба ин гуна мавзӯъҳо якҷоя назарпурсӣ гузаронида, хулосаи амиқеро бароварда мешуд",-илова кард хонум Раҳмонӣ.

Ёдовар мешавем, тайи чанд соли ахир масъалаи ба шиддат рӯ овардани духтарону занони тоҷик ба навъҳои либоси исломӣ яке аз мавзӯҳои аслии сӯҳбати хосу ом дар Тоҷикистон ва мояи нигаронии бархе аз масъулини кишвар гаштааст. Даъвоҳои пурсару садои донишҷӯёни сатрпӯш бо масъулини вазорати моариф ва норозигиҳои ин гурӯҳи духтаронро шояд аксарият дар хотир доранд.

Мушкили сатру ҳиҷоб

Бо амри вазири маорифи Тоҷикистон ду-се сол қабл, бо сабаби мувофиқат накардани ин навъи либос барои хонандаву донишҷӯён, пӯшиши онро дар муассисаҳои таълимӣ манъ карданд. Ин фармон боиси тарки таҳсил ва ё ронда шудани чандин духтарони рӯсаридор аз мактабу донишгоҳҳо гашт, вале дар ин миён духтароне ҳам кам набуданд, ки бо ҳадафи идомаи таҳсил ё кор баръакс маҷбур шудан тарки рӯсарӣ кунанд.

Аммо Маҳина, донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи миллӣ, ки ҳудуди як сол мешавад рӯсарӣ дорад мегӯяд, баъд аз мутолиаи зиёди китобҳои динӣ ва огоҳии бештар аз дин ба сатрпӯшӣ оғоз кардааст. Аммо ӯ барои ронда нашудану зери фишор қарор нагирифтан дар донишгоҳ аз роҳи дигар истифода мекунад: "Дар донишгоҳ, албатта, мушкил доштам ва бино бар ин вақте вориди донишгоҳ шудам, рӯймолро камтар ба тарзи дигар мебандам ва берун, ки шудам боз мисли маъмулӣ."

Бо ин ҳол, масъулони Кумитаи кор бо занони кишвар мегӯянд талош хоҳанд кард, дар маҳалу деҳоти кишвар миёни занону чораҳои тарғиботӣ ва сӯҳбатҳо гузаронида, онҳоро ба омӯзиш бештар ҷалб кунанд.