Вазорати беҳдошт мегӯяд, авҷи бемории зуком дар Русия барои сокинони Тоҷикистон ҳам паёмади хуше надорад.
Аъзам Мирзоев муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, бурузи зуком, ки тақрибан тамоми Русияро фаро гирифтааст, ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони корӣ хоҳад омад.
Муовини вазири тандурустӣ афзуд, ҳоло дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон нуқтаҳои ташхиси ин беморӣ таъсис шудааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд.
"Дар нуқтаҳои тиббие, ки дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан дорем, ҳароратсанҷҳои дистансионии муосирро истифода мекунем ва таби мусофиронро месанҷем. Дар сурати ошкор шудани гирифторони ин беморӣ, зуд онҳоро изолясия карда ба табобат фаро мегирем. Бояд дар назар дошта бошем, мусофире, ки бо зуком ба Тоҷикистон меояд, метавонад ҳангоми убури марз ва дар ҳолати ташхис таб надошта бошад, вале баъдтар ба хона рафта, бемориаш ба хонаводаи ӯ сироят кунад",-гуфт ҷаноби Мирзоев.
Ин дар ҳолест, ки Анваршоҳ Саидшоев, як муҳоҷири корӣ, сабаби оҷилан баргаштани худ ба кишварро на ба набуди ҷои кору маош, балки ба бемории зуком вобаста медонад.
Ҷаноби Саидшоев гуфт, дар пайи ду маротиба мубтало шудан ба зукоми мавсимӣ, гӯшҳояш ношунаво шудаанд ва бино ба гаронии хадамоти тиббӣ дар Русия, ба Тоҷикистон баргаштааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, раҳбари Маркази вогиршиносии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, теъдоди гирифторони зукоми мавсимӣ ва зукоми хук дар кишвар нисбат ба мавсими соли 2009-2010 ба маротиб камтар ба қайд гирифта шудааст.
Аммо афзуд ҷаноби Ҷаъфаров, "як чиз нигаронкунанда аст, ки вируси зукоми хук ва зукоми мавсимӣ якҷоя меоянд ва дар як вақт ба одам вируси ҳам намуди "А" ва ҳам "Б" метавонад сироят кунад, ки оқибаташ хуш нест. Маслан, дар беморон илтиҳоби ғадудҳои нафаскашӣ, қайкунӣ, таби баланд, хунравӣ аз бинӣ мушоҳида мешавад."
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, яке аз тадбирҳои муҳим дар роҳи ҷилавгирӣ аз бурузи навъҳои гуногуни зуком дар миёни сокинон эмгузаронӣ аст. Вале ба гуфтаи вай, мутаассифона, бино ба набуди имконоти молӣ Вазорати тандурустӣ наметавонад теъдоди бештари аҳолиро эм бикунад.
"Масалан, барои эм кардани як нафар бар зидди се намуди вируси грипп, ба камияш даҳ доллари амрикоӣ лозим аст. Яъне, барои фарз кардем, 10 фисади одамон 7 миллион доллар лозим аст, ки ин гуна имкониятро вазорат надорад",-илова кард Ҷаъфаров.
Омори расмӣ аз он ҳикоят мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳамасола то 20 ҳазор нафар гирифтори бемории зуком ба қайд гирифта мешаванд.
Мақомот мегӯянд, соли гузшта дар Тоҷикистон 22 нафар гирифтори зукоми хук шуданд, ки аз ин миён се тани онҳо фавтидаанд.