Хадамоти пешгирӣ аз ҷинояти ноболиғон мегӯяд, теъдоди кӯдакони хиёбоние, ки ному насаби худро намедонанд, афзудааст.
Нигина Зиёева, масъули ин қабулгоҳ, мегӯяд, бо вуҷуди он, ки як муддат барои муаяйн кардани пайвандони чунин атфол корҳое анҷом дода мешавад, ному насаби иддае аз чунин атфол номуайян боқӣ мемонад.
"Бе аснод мақоми шаҳрвандӣ намегиранд"
"Дар сурати муайян нашудани ному насаби ин кӯдакон, ки ҳатто ҳуқуқи доштани мақоми шаҳрвандии онҳо зери суол аст, мо ба онҳо ному насаб мегузорем",-афзуд ӯ.
Хонум Зиёева мегӯяд, "маълум кардани шахсияти ноболиғи кӯча, ки ному насабашро намедонад ва ё гуфта наметавонд, душвор аст. Агар модари онҳоро пайдо накунем, худамон ному насаб медиҳем. Мо бояд ба онҳо ному насаб диҳем, зеро бе ҳуҷҷат ноболиғон мақоми шаҳрвандиро намегиранд."
Ин масъули Қабулгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирӣ аз ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон афзуд, ҳолатҳое мешаванд, ки модарони ин ноболиғон муайян мешавад ва онҳо худро модар муаррифӣ мекунанд.
Аммо дар даст санади тасдиқкунанде надоранд ва бо сухани ба истилоҳ "хушк"-у бе далели расмӣ, кӯдакро ба ному насаби онҳо гузаронидан ва супоридан имконнопазир аст.
"Раҳим" чӣ гуна "Акрам" шуд?
Акрам ҳоло 8 сол дорад ва дар яке аз парваришгоҳҳои шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Вай падару модари худро намешиносад.
Ӯро кормандони полис аз бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт замоне боздошт кардаанд, ки ҳамагӣ 4 сол дошта, Раҳим ном бурда мешудааст. Ҳоло ба ӯ номи Акрамро гузоштаанд.
Баъд аз он ки кӯдакони хиёбонӣ ё бе ному насаб соҳиби шаҳодатномаи расмӣ мешаванд, онҳо ба хонаи кӯдакони то сини мактабии рақами 1 фиристода мешаванд. Онҳо то синни 7-солагӣ, яъне то расидан ба синни мактабӣ дар ин ҷо нигоҳубин мешаванд.
Рукатмо Қаландарова, роҳбари хонаи кӯдакони мазкур дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, баъди он ки синни чунин кӯдакон ба мактаб мерасад, онҳоро ба хона- интернатҳои таълимӣ интиқол медиҳанд: «Дар мо Розиқов Аҳтам буд, вайро дар сини 3 солагӣ, зимистон соати 11 шаб аз назди бозори Шоҳмансур ёфтанд, гап зада наметавонист. Номашро намедонист ва насабашро ҳам. Баъдан кӯдакро худашон номгузорӣ карданд."
Кӯдаконе, ки падару модар надоранд ва ё пайвандонашон аз аҳволи онҳо хабар намегиранд, онҳо низ нисбат ба худашон ба истилоҳ ғурур доранд. Аз овони наврасӣ аллакай онҳо, ба бемеҳрии хонавода ва онҳоро танҳо гузоштан, сарфаҳм мераванд.
Ба гуфтаи Рукатмо Қаландарова, теъдоди чунин атфол нисбат ба солҳои пеш зиёд афзоиш ёфтааст ва ҳоло дар ин муассиса беш аз 130 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Улуғбек 5 сол дорад. Феълан дар хонаи кӯдакони то синни мактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст. Номи Улуғбекро ба ӯ гузоштаанд. Ӯ падар ва модари худро намешиносад.
"Бемасъулиятии хонаводаҳо"
Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, сабабҳои шиддат гирифтани чунин ҳолат бемасъулиятии хонаводаҳои ҷавон мебошад, ки сатҳи огоҳиашон дар тарбияи фарзанди солим ва иҷрои рисолати модарӣ коста аст. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон омори дақиқе дар бораи кӯдакони беному насаби хиёбонӣ вуҷуд надорад.
Маърифат Назардухт, ҷомеашиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки ба фарқ аз чанд соли пеш, ҳоло мушкилоти ҷомеа шакли дигар гирифтааст, сарфи назар аз он ки ҷомеа сол то сол аз зери сояи ҷанги шаҳрвандӣ, сатҳи камбизоатӣ канор меравад.
Ба назари хонум Назардухт, омилҳои дигари осебпазир, ба мисли тӯлонӣ шудани раванди муҳоҷират, аз ҳампошии хонаводаҳои ҷавон, бекорӣ, паст будани маош, пулакӣ шудани мактабу боғчаҳо, кӯдаконро низ дар ватан ба "ноновари хона" табдил додааст.
Ҷомеашинос мегӯяд, адами барномаи давлатӣ дар бахши фарогирии кӯдакон ба парваришгоҳҳо ва имтиёз надодан ба хонаводаҳои камбизоат дар синни наврасӣ, роҳи кӯдаконро аз оғӯши модар ва боғчаҳо ба хиёбон кашонидааст.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин қишр пасфардо ояндаи ҷомеа аст ва сарнавишти онҳо сарнавишти ҷомеа ва миллат аст.