Миср ба зиндагии маъмулӣ бармегардад - ҷунбишҳои ҷавонон ва мухолифини ҳукумат майдони Таҳрирро тарк мекунанд.
Раҳбарони тазоҳурот аз тасмими тарки майдони марказии Қоҳира дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Ва аммо гуфтанд, ки ҳар ҳафта як бор намоишҳои оммавӣ баргузор хоҳанд кард, то ки Шӯрои олии низомии Миср талошҳо дар самти ислоҳоти демократиро идома диҳад. Баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак, ки 30 сол боз зимоми қудратро дар Миср дар даст дошт, раёсати кишвар бар дӯши Шӯрои олии низомӣ вогузор шуд, ки ба он фелдмаршал Ҳусейн Муҳаммад Тантавӣ сарварӣ мекунад. Ахиран ин Шӯро эълом дошт, ки Миср ба ҳама созишҳои байнулмилаливу минтақаӣ содиқ хоҳад монд. Намояндаи Шӯрои олии низомии Миср дар суханронӣ аз тариқи телевизион изҳор намуд, ки созиши сулҳ бо Исроил низ побарҷой хоҳад монд.
ЭЪТИРОЗҲО ИДОМА ХОҲАНД КАРД?
Хабари истеъфои Муборакро мардум бо шодиву сурури бепоён истиқбол карданд – тамоми шаб ва рӯзи шанбе дар майдони Таҳрири Қоҳира эътирозгарон тантана доштанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳанӯз субҳи рӯзи шанбе бархе аз эътирозгарон майдони марказиро тарк намуданд. Ва аммо онҳо гуфтанд, ки дар сурати берун аз ваъда пой гузоштани низомиён дубора вориди ин майдон хоҳанд шуд.
Як тан аз тазоҳургарони майдони Таҳрир дар робита ба ҳамоишҳое, ки аз ин баъд ҳафтае як бор баргузор мешаванд, гуфт, "аз байн бурдани ин режим – талаби аввали мост. Ва аммо дигар талабҳо низ ҳастанд. Мо хостори ҳукумати шаҳрвандӣ ва тағйири куллии низоми сиёсием. Рафтани Муборак ин охири қазия нест. Низоми ӯ дар сартосари кишвар реша давондааст. Дар натиҷа тайи 30 соли ахир кишвар гирифтори маризии саратон буд".
ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ Ё КУДАТОИ НИЗОМӢ?
Созмондиҳандагони намоишҳои эътирозӣ мегӯянд, дар ихтиёри генералҳо қарор додани қудрат хилофи Қонуни асосии Миср аст, ки бар пояи он, баъди истеъфои раисиҷумҳур раёсати кишварро бояд раиси парлумон бар дӯш бигирад. Бархе аз коршиносон интиқоли қудрат ба Шӯрои олии низомиро “кудатои низомӣ” унвон кардаанд.
Шӯрои олии низомӣ ахиран эълом дошт, ки рӯзҳои наздик вазъи фавқулодда дар кишварро лағв мекунад. Вазъи фавқулодда дар Миср, ба навиштаи хабаргузориҳо, беш аз 30 сол боз – аз замони сари қудрат омадани Ҳуснӣ Муборак дар кишвар амал мекунад.
БАЪДИ МУБОРАК НАВБАТИ КИСТ?
Дар ҳамин ҳол дар бархе кишварҳои арабӣ аз он ҳарос доранд, ки тундбоди инқилоби Миср шояд пояҳои қудрати онҳоро ба ларза дарорад. Раҳбарони ин кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти мардум чораҳои амниятиро тақвият медиҳанд. Рӯзи шанбе ба маркази шаҳри Алҷазоир нерӯҳои иловагии амниятӣ интиқол ёфтанд. Бар пояи иттилоъи ахир, мухолифини ҳукумат зери шиори “Нест бод давлати полисӣ!” ба майдон рехтаанд. Расонаҳо дар бораи бархӯрди эътирозгарон бо кормандони полис хабар додаанд, ки теъдоди онҳо дар шаҳр 30 ҳазор нафар гуфта мешавад. Садҳо тан аз эътирозгарон боздошт шуданд.
Дар шаҳри Сана – пойтахти Яман ҳудуди ду ҳазор намоишгарон хостори истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд. Ва аммо ҷонибдорони ҳукумат ва кормандони полис бо корду калтак намоишро саркӯб карданд.
Дар Баҳрайн гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи 14 феврал дар намоиши эътирозӣ алайҳи поймолшавии ҳуқуқҳои аққалиятҳои шиа ширкат намоянд.
Мақомоти Кувайт баргузории ҳама гуна намоишҳои оммавӣ баъд аз намози ҷумъаро манъ кардаанд. Гурӯҳи ходимони ҷамъиятӣ аз шоҳи Арабистони саудӣ хостанд, ки барои ташкили ҳизби сиёсии мухолифи ҳукумат иҷоза диҳад.
Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки баъд аз Миср шояд дар Эрон ҳам эътирозҳои зидди ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод аз сар гирифта шаванд.