Бо гузашти 21 сол аз тазоҳуроти Душанбе, ки ҷони 25 нафарро рабуд, ин ҳодиса таҳқиқношуда боқӣ мондааст.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ба болои ин ҳодиса соя афканд ва идомаи таҳқиқи парванди баҳманмоҳ то кунун тавқиф мондааст.
Матбуоти Тоҷикистон ҳамасола ба ин сана солрӯз мегузорад, вале мақомот аз он ҳаводис ёд намекунанд. Балки танҳо санги ёдмони шаҳидони ин ҳаводисро аз паҳлӯи қасри раёсати ҷумҳурӣ барчиданд ва ҳатто маълум нест, ки дар осорхонае боқӣ нигаҳдорӣ шавад.
Ҳамчунин, фармони раисҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз соли 1992 дар мавриди рӯзи ёдбуди шаҳидони баҳманмоҳ низ беэътибор шудааст.