Бар асари резиши тарма дар минтақаи Майхураи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди 35 мошин банд мондааст.
Ба гуфтаи Қутбиддини Акрам, ронандаи автомашинаи «Камаз», ки бо як «Камаз»-и дигар дар даромадгоҳи галерея дар минтақаи Майхура банд мондааст, илоҷи аз мошин пиёда шуданро надоранд. Ва онҳоро танҳо бо воситаи чархбол наҷот додан мумкин аст.
Қутбиддини Акрам дар гуфтугӯи телефонӣ ба РО аз ҷои ҳодиса гуфт: «Ду мошини «Камаз» дар беруни галерея мондааст. Дар дохили галерея низ мошинҳои боркаш дармондаанд. Мо як шабонарӯз дар ағба дармонда будем. Субҳ аз онҷо, ки роҳро тоза карданд, ба роҳ баромадем ва боз дар маҳали резиши тарма банд мондем. Ду нафари моро танҳо метавонанд тариқи чархбол наҷот диҳанд. Мо ба кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ занг задем. Онҳо гуфтанд, ки пиёда омада ба доди мо мерасанд. Агар имкони аз мошини берун шудан мебуд мо худамон пиёда ба галерия мерасидем. Вале илоҷи пиёдаравӣ низ нест.»
Дӯстмурод Забиров аз маркази матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, ки рӯзи гузашта роҳи 35 мошин дар ағбаро боз кардаанд. Ҷаноби Забиров афзуд: «Рӯзи саввум аст аз тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ мекунем, ки ба сабаби бориши барфу имкони резиши тарма аз ҳаракат дар ин роҳ худдорӣ кунанд. Рӯзи гузашта тими наҷотдиҳадандаи мо дар онҷо буд, наздики 40 мошини боркашу сабукрав наҷот дода шуд. Мо ҳайронем, ки ин мошинҳо аз куҷо пайдо шуданд.»
Ҷаноби Забиров гуфт, ки аз ҳодисаи дар банд мондани мошинҳо тими наҷотдиҳанда бохабар аст ва барои наҷот додан талош доранд.
Ба гуфтаи Владимир Богуманов, раиси идораи зудамали вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, дар қисмати 62 то 74 километрии ин роҳ, субҳи имрӯз резиши тарма сурат гирифт ва баландии барф аз 50 т 70 сантиметрро ташкил медиҳад. Вай гуфт, ки ба ин қисмати роҳ 4 трактори барфрӯб бо мутахассисон равона шудааст. Вай гуфт, ки вазъият дар ин роҳ хеле вахим аст.
Дар ҳамин ҳол кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ пешниҳод дорад, ки фасли зимистон дар ин роҳ ҳаракати якҷонибаи нақлиёт сурат бигирад. Яъне як рӯз мошинҳо аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат кунанд ва дар муқобил рӯзи дигар аз Душанбе ба Хуҷанд. Дар ин сурат мошинҳо дар намемонанд ва наҷот додан низ осон мешавад.
Ин дар ҳолест, ки кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ чархболҳои наҷотдиҳанда дар ихтиёр надорад ва пиёда рафтан ба ҷои ҳодиса тӯл мекашад ва ҷони наҷотдиҳандагонро низ ба хатар мувоҷеҳ мекунад.
Тавзеҳ: Баъд аз зӯҳри имрӯз тими наҷотдиҳандаи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ду ронандаи автомашинаи "Камаз"-ро, ки дар даромадгоҳи галереяи Майхура банд монда буданд, наҷот додаанд. Вале мошинҳо ҳанӯз дар ҷои дармонда боқӣ мондаанд ва даҳҳо дигар мошинҳои боркаш дар дохили галереяҳо ҳастанд, ки ба ҷони ронандаҳо хатаре таҳдид намекунад, вале то тоза кардани роҳ бояд онҷо бимонанд.