Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, 11 ҷинояти афсарони милисаро ошкор кардааст.
Тақаллуби аснод, ғайриқонунӣ ҳозир кардани шаҳрвандон ба шӯъбаи умури дохилӣ, аз мӯҳлати муайяншуда бештар нигоҳ доштани афроди гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ду мавриди тамаъҷӯӣ аз ҷиноёти аслии кормандони милиса дар Хатлон унвон мешавад.
Сӯҳроб Саломов, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфт, алайҳи 8 корманди милиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аз ҷониби мақомоти додситонӣ ва Оҷонси зиддифасод ҷараён дорад.
Вай афзуд: "Масалан, 3 корманди ШКД-и Қӯрғонтеппа 5 ҷиноят содир кардаанд. Мӯҳри аз эътибор соқитшударо ба маълумотномаҳо зада, сохтакорӣ кардаанд. Ҳамчунин ҷинояти кормандони идораи шиносномадиҳӣ ҳам ошкор шудааст, ки ба одамоне, ки ҳаққи шиносномагирӣ надоштанд, ин ҳуҷҷатро ғайриқонунӣ омода карда додаанд. Ду корманди дигари ШКД-и ноҳияи Носири Хусрав ҳам бо ҷурми тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд. Мо ин хел кормандонро, ки ҷиноят содир мекунанд ва ғаразҳои шахсиашонро дар либоси милиса бароварда месозанд, ҳамкори худ ҳисоб намекунем ва онҳо набояд аз мо дастгирӣ интизор шаванд. Аммо одамон ин хел мисолҳоро шунида, дар симои ҳама кормандони милиса ҷинояткорро мебинанд."
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Оҷонси зиддифасоди Хатлон, кормандони милисаи минтақа дар як соли ахир 16 ҷинояти танҳо коррупсионӣ содир кардаанд.
Файз Султонов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди вилояти Хатлон, мегӯяд, алайҳи иддае аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду тамаъҷӯӣ парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҳамчунин мавзӯи барканории 6 корманди милиса аз мақомот масъалагузорӣ шудааст.
Коршиносони маҳаллӣ дар шарҳи сабабҳои ба ҷиноят даст задани ҳомиёни ҳуқуқ ва тартибот, яъне кормандони милиса мегӯянд, иллати аслии тамаъҷӯӣ ва сӯйистифода аз мақоми ходимони милиса ҳақмузди каму нокофии онҳо мебошад.
Як сарҳанги мустаъфии Вазорати корҳои дохилӣ, ба ин назар аст, ки дар аксар вақт маоши ночиз ва рӯзгори пурмушкил кормандони милисаро ба гирифтани ришва ё содир намудани ҷиноят тела медиҳад. Вай мегӯяд: "Сабаби асосӣ ҳамин кам будани маош аст, басанда нест. Сатҳи зиндагии мардуми имрӯзаро бинед. Қиматҳо дар бозор гаронанд, бо ин маош зиндагӣ хеле мушкил аст. Аз ҳамин сабаб бисёриҳо роҳҳои даромади иловагиро меҷӯянд...”
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари маҳаллӣ Давлати Шоҳэътибор мегӯяд, масъулони бахши интихоб ва қабули кормандон ба мақомоти милиса, на ҳамеша мутахассисони шоиста ва тозакору бовиҷдонро ба кор қабул мекунанд, ки дар ниҳоят бо амалкардҳои хилофи қонун, иддае аз ходимони милиса ба номи тамоми ҳомиёни ҳуқуқу тартибот иснод меоранд. Ба эътиқоди ҷаноби Шоҳэътибор, бо ифтитоҳи як ё якчанд парванда алайҳи кормандони милиса, мушкили ришвату фасод дар шохаҳои вазорати корҳои дохилӣ роҳҳал пайдо нахоҳад кард.
"Агар ҳама коррупсионерҳоро боздошт ва ба маҳкама кашидан лозим гӯянд, бояд 80 дарсади тамоми ходимони давлатӣ, мансабдорон ва соҳибони корро дастгир кунанд. Ҳама мебинанд, ки фасод дар ҷомеаи мо решаи амиқ давондааст. Ҳеҷ коре бе пул анҷом намешавад. Дар мисоли милиса, мардум дуруст мегӯянд, ки “аз бало ҳазар"
Дар робита ба танқиди ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъулони ниҳодҳои интизомӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ҷиноёт ва амалкардҳои хилофи қонун аз ҷониби ходимони милиса нигаронии раҳбарияти вазорати корҳои дохилиро ба бор оварда, шадидан маҳкум мешавад.
Дар чаҳорчӯби барномаи мубориза бо фасод ва қонуншиканиҳо миёни кормандони милиса дар Хатлон, дар як соли ахир 38 корманди шӯъбаҳои умури дохила бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ё иснод овардан ба шаъну эътибори милиса, аз ниҳодҳои тобеи Вазорати корҳои дохилии кишвар хориҷ карда шудаанд.
Ҳамчунин 380 корманди милисаи Хатлон “барои вайрон кардани қонуният” ва ё “интизоми хизматӣ” сарзаниш ва танбеҳ шудаанд.