Донишҷӯёни тоҷик дар Миср: "Моро ба ватан баред"

Эътирозгарон дар Миср ҳанӯз ҳам истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб доранд

Чанд тан аз донишҷӯёни тоҷик дар Миср бо "Озодӣ" тамос гирифта, дар бораи вазъи феълии худ сӯҳбат карданд.
Инҳо Асадулло Шарифов, Зубайдулло Бӯризода, Комилҷон Исмоилов. Шуҷоъ Ҳошимов, Сулаймон Қаландаров, донишҷуёни Донишгоҳи Қоҳира ва Сабоҳиддин Ҳомидов, донишҷӯи Донишгоҳи Айнушшамъ ҳастанд.

Зубайдулло Бӯризода, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи Ҷомеаи Қоҳира:

-Дар воқеъ, дар муддати чанд рӯзе, ки тазоҳурот ҷараён дошт ва ҳоло идома дорад, мо донишҷӯён рӯзҳои сахту душвореро пушти сар кардем. Ҳатто рӯзе ҳам шуд, ки ба иллати баста будани бонкҳо натавонистем пул дарёфт кунем. Берун шудан аз хобгоҳ ва гаштугузор маҳдуд буд. Албатта, аз соати 7 то 12-и рӯз мо барои харид кардан имкони берун рафтан доштем, аммо ин хатарро барои мо эҷод мекард.

Асадулло Шарифов, донишҷӯи соли аввали факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Қоҳира:

-Мо панҷ донишҷӯе, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунем, дар ин рӯзҳо худамон ғизоро пайдо мекардем ва аз берун мехаридем. Рӯзҳое буд, ки ошхона кор намекард, вале рӯзҳое буд, ки кор мекард, аммо ғизои дуруст надошт. Баъзе рӯзҳо ҳатто нонро намеёфтем. Зеро дар кӯча навбати нон мешуд, ки ба мо намерасид. Ин мушкилоти мо дар ин рӯзҳо буд.

Суол: Аммо ҳоло дар чӣ вазъе қарор доред, нисбат ба рӯзҳои пеш?

Комилҷон Исмоилов, донишҷӯи Донишгоҳи Қоҳира: Албатта, нисбат ба рӯзҳои пеш вазъи мо хуб аст, аммо дар масъалаи дастрасӣ ба хӯрок мушкил дорем. Зеро дар ошхонаи хобгоҳ феълан хӯрок нест. Аммо таъмини амнияти мо-донишҷӯён мавзӯи асосӣ аст. Чун масъулони хобгоҳ мегӯянд дигар амнияти моро таъмин карда наметавонанд, яъне кафолати амнияти моро бар дӯш намегирад. Ин буд, ки бо шунидани ин ҳарфи масъулони донишҷӯёни дигар кишварҳо аз хобгоҳ берун шуданд.

Суол: Пас, дар ин хобгоҳ танҳо Шумо-донишҷӯёни тоҷик ҳастед?

Комилҷон Исмоилов: Асосан мо 5-6 нафар тоҷик ҳастем ва ҳамчунин бародарони афғонӣ ва аз чанд кишвари африқоӣ, ки ба фикрам вазъи кишварҳои онҳо аз Миср нооромтар аст.

Суол: Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира бо шумо чи гуна ҳамкорӣ, ба вижа дар заминаи таъмини амният дорад?

Комилҷон Исмоилов: Ягон ҳамкорӣ надорад. Ҳангоме ки тазоҳурот оғоз шуд, баъд аз се рӯзи ҳодисаҳо мо ба сафорат занг задем ва хостем бифаҳмем, то чӣ гапу кор аст. Зеро донишҷӯёни Қазоқистон ва дигар кишварҳо аз хобгоҳ рафтанд. Масъулони сафорат фақат гуфтанд, ки ҳамааш хуб мешавад ва аз мо хостанд, ки коре накунем ва нофаҳмие низ рух надиҳад. Сафорат фақат як нафар донишҷӯро фиристод, ки то мо ба коре даст назанем, аммо касе аз кормандони сафорат то ҳол наомадааст. Дар муқобил сафоратҳои кишварҳои дигар, барои мисол аз Афғонистон кормандонаш омада буданд ва сафираш низ бо онҳо телефонӣ тамос мегирад, Ҳатто кӯмакпулӣ ба маблағи 100 долларӣ барои донишҷӯёни афғон карда мешавад. Сафорати мо на танҳо кӯмакпулӣ, ҳатто нагуфтааст, ки "бародарон шумо нороҳат набошед, мо бо шумо ҳастем."

Суол: Аммо Шумо дар Миср аз тарафи давлат ва бо саҳмияи Тоҷикистон таҳсил мекунед?

Комилҷон Исмоилов: Бале, тариқи квота, ки ду намуд аст, яке аз ҷониби вазорати маориф ва дигаре аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Миср.

Суол: Дар маҷмӯъ дар ин хобгоҳ чанд нафар донишҷӯи тоҷик зиндагӣ мекунанд ва ҳоло чанд нафар мондаед?

Комилҷон Исмоилов: Зиёда аз 20 нафар дониҷӯ ба хобгоҳ аст, ки ҳоли ҳозир панҷ нафар мондем. Бақия аз Миср берун шуданд. Чанд нафар ба Қазоқистон ва дигарон ба Тоҷикистон сафар карданд ва аз ҳисоби худашон.
Суол: Тазоҳурот дар майдони "Таҳрир" идома дорад, вазъ аз назари Шумо то куҷо муташанниҷ аст?

Комилҷон Исмоилов: Вазъ хуб намешавад, ин дақиқ аст. Ҳарчанд бархе аз назарсанҷони тоҷик гуфтаанд, ки вазъ хуб мешавад ва Тоҷикистон ба ин умед дорад. Ҳоло гуфтаанд, ки 14 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Миср берун шудаанд, аммо дар асл зиёда аз сад кас аз тоҷикон аз Миср рафтаанд. Вазъ хуб нест. Раиси ҷумҳур ҳам агар аз қудрат равад, гумон аст, ки вазъ беҳбуд ёбад, тазоҳурот идома хоҳад кард.

Суол: Оё ҷавонони тоҷик ҳам дар ин тазоҳурот ва эътирозҳои майдонӣ ширкат карданд?

Комилҷон Исмоилов: На, ҳеҷ як нафар аз тоҷикҳо дар ин ҳодисаҳо иштирок накардааст.

Суол: Гуфта мешуд, ба таърихи 14-уми феврал таҳсил дар донишгоҳҳо оғоз хоҳад шуд. Шумо, ки бо Донишгоҳ робита доред ва маълум шудааст, ки таҳсил оғоз хоҳад шуд ё на?

Комилҷон Исмоилов: Агар таҳсил шурӯъ шавад, пас, чаро кишварҳои дигар донишҷӯёни худро бурданд. Масалан, Малайзӣ, ки зиёда аз 12 ҳазор донишҷӯ дорад, ҳамаи онҳоро бурд. Индонезия 6-7 ҳазор донишчӯ дорад ва то ҳоло онҳоро берун мекунад. Агар вазъ ором бошад, чаро ин кишварҳо донишҷӯёни худро берун мекунанд. Хуб, фарз кардем, ки 14-уми феврал таҳсил шурӯъ мешавад, пас чаро донишҷӯёни худи Миср аз гӯшаву канори мухталифи ин кишвар то ба ҳол ба хобгоҳ барнагаштаанд. Дар ҳар сурат то ҳол дақиқ нест, ки таҳсил ба таърихи 14 феврал оғоз хоҳад шуд.

Суол: Шумо, ки дар маркази таҳаввулот қарор доред ва ҳаводиси Мисрро бо чашми худ мебинед, оё вазъ ба он дараҷа муташшаниҷ аст, ки имкони берун кардани шумо аз Миср вуҷуд дорад? Чун мақомоти Тоҷикистон масъалаи берун кардани шаҳрвандон аз Мисрро ба муташшаниҷ шудани вазъ дар ин кишвар марбут медонанд...

Сулаймон Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи Қоҳира: Вазъиятро метавон рӯзона хуб гуфт, аммо бисёр вақт музоҳараҳо, ки шабона ва он ҳам сешанбе, панҷшанбе ва ҳафтае чор-панҷ маротиба сурат мегирад, ки дар ин ҳолат намешавад, гуфт, ки вазъият хуби хуб аст.

Сабоҳиддин Ҳомидов, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи Айнушшамъ: Агар вазъият хубу ором мебуд, рафтани донишҷӯёни дигар миллатҳо ба ватанашон ҳоҷат набуд. Манзур вазъият хуб мебуд, Малайзия сарфи зиёд намекард ва 12 ҳазор донишҷуяшро берун намекард. Ба ин хотир фикр мекунам ба Тоҷикистон бурдани донишҷӯён кори хуб ва зарурист.

Суол: Пас аз назари шумо сабаб чист, ки то ҳол иқдоми амалие дар ин замина сурат нагирифтааст ва сафорат ба шумо чӣ посух медиҳад?

Сабоҳиддин Ҳомидов: Мо бо сафорат дар тамос ҳастем ва сафорат низ ба мо гуфтаанд, ки ин дархост ва Вазорати умури хориҷӣ ва ба ҳукумат фиристода шудааст ва ҳукумат тасмим хоҳад гирифт. Мо дар дохили вазъият қарор дорем ва медонем, ки ин ҷо чӣ мегузарад. Аммо мақомот дар Тоҷикистон ба ҳаводиси Миср аз дур менигаранд. Бояд бигӯям, ки масъалаи асосие, ки мо донишҷӯён натавонистаем то ҳол аз Миср берун шавем, мушкили молӣ аст. Агар мо маблағ медоштем, кайҳо рафта будем. Агар тариқи Шарҷаи Аморат мешуд, маблағи камтаре масраф мешуд, аммо парвозҳо аз ин самт баста ҳастанд. Ҳоло парвоз ба Русия маблағи 800-900 долларро талаб мекунад.

Суол: Пас он гуна, ки масъулони сафорат низ мегӯянд, воқеан шумо мехоҳед ба ватан баргардед, бале?

Сабоҳиддин Ҳомидов: Дар ҳақиқат мо донишҷӯн мехоҳем ба ватан баргардем. Хосса ҳол, ки дар хобгоҳ масъулон кафолати амниятро бар дӯш намегиранд.

Суол: Аммо оё имкон надорад, ки сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира амнияти Шуморо дар хобгоҳ таъмин кунад?

Сабоҳиддин Ҳомидов: Фикр мекунам, сафорат ин қудратро надорад, зеро ки корманди муҳофиз надорад.

Суол: Агар рафту ба гуфтаи Шумо вазъи печида идома пайдо кунад ва муташанниҷ бимонад ва қазияи берун кардани Шумо ба дарозо бикашад, чӣ тасмиме мегиред?

Сабоҳиддин Ҳомидов: Маҷбур мешавем, ки ба сафоратҳои дигар кишварҳо, Туркия, Русия ва ё Қазоқистон муроҷиат хоҳем кард, то дар ҷиҳати берун кардани мо кӯмаку мусоидат кунанд. Мо ариза менависем ва мегӯем ин ҷо дармондаем ва пулу имконият барои баргаштанро надорем. Ба иттилое, ки мо дорем сафорати Қазоқистон дар Қоҳира беш аз 50 тоҷикро ба таври ройгон то Қазоқистон бурдааст ва аз онҷо худашон ба Тоҷикистон рафтаанд. Он 14 нафаре, ки гуфтаанд аз Миср берун шудаанд, танҳо аз ҳисоби донишҷӯёни соҳиби квота ҳастанд, аммо дар маҷмӯъ тибқи иттилое, ки дорем беш аз 100 нафар аз шаҳрванлдони Тоҷикистон аз Миср бо ҳар роҳ ба ватан баргаштаанд. Мо низ мехоҳем ба ватан баргардем ва аз ҳукумат хоҳонем то ба мо кӯмак кунад. Мо намедонем мушкил аз кадом тараф аст. Бо ин ҳам мо рафтан мехоҳем. Аммо он чӣ барои мо мушкили аслӣ аст, ин аст, ки мо дар Миср дар ҷои ноамн қарор дорем.

Назари Вазорати умури хориҷӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар ин ҷост:

Тоҷикон дар Миср чӣ ҳол доранд?

Донишҷӯёни тоҷик: "Моро аз Миср бароред!"

Донишҷӯёни тоҷик аз Миср берун мешаванд