Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Ҷеймс Меттис

Генерал Ҷеймс Меттис, фармондеҳи марказии артиши Амрико дар сафари нахустинаш ба минтақа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот кард.
Дамиан Вамплер, масъули дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон, масоили аслии ин гуфтугӯҳоро чунин тавзеҳ дод: "Дар ин мулоқот дар бораи мушкилоти минтақа табодули назар сурат гирифт, ба хотири беҳтар дарк намудани вазъ дар минтақа, ки ба амният рабт дорад. Масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Амрико дар таъмини транзити колоҳо барои нерӯҳои Эътилофи зиддитеррористӣ баррасӣ шуд."

Ин дар ҳолест, ки ахиран Узбакистон нархномаи транзити колоҳо ба Афғонистон аз қаламрави худро боло бурдааст. Имкон дорад, масъалаи транзити бештар аз қаламрави Тоҷикистон дар ин гуфтугӯҳо матраҳ шуда бошад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, матраҳ шудани масъалаи амният аз сӯи фармондеҳи марказии артиши Амрикоро ба вазъ дар кишварҳои арабӣ рабт дод.

Абдуғанӣ Мамадазимов
Вай гуфт: "Нооромиҳо дар Тунис, Миср ва Яман мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист ва ба ин далел мақомоти аршади низомии Амрико аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, вазъи амниятиро ба хубӣ дарк кунанд."

Дар ҳамин ҳол, масъули дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе, баргузории гуфтугӯи сеҷониба миёни генрал Ҷеймс Меттис, вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишварро рад кард.

Вай гуфт, шоми рӯзи 9-уми феврал генерал Ҷеймс Меттис бо Эмомалӣ Раҳмон ва чанд тан аз мақомоти баландпояи ин ҷумҳурӣ гуфтугӯ кардааст.

Аммо бархе аз расонаҳои хабарӣ аз қавли маркази матбуотии артиши 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон дар бораи сафари вазири дифои Русия ба Душанбе хабар дода буданд.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, агар вазири дифои Русия ба дунболи фармондеҳи марказии артиши Амрико вориди Тоҷикистон нашуда бошад, пас, дар рӯзҳои наздик як мақоми амниятӣ ё низомии Русия вориди Тоҷикистон хоҳад шуд, то дар ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти кишвар бо генерали амрикоӣ қарор бигирад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, нигаронии Русия аз дидору гуфтугӯҳои фармондеҳи амрикоӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: "Бар асоси консепсияи хориҷии Амрико ин кишвар талош хоҳад кард, то дар Осиёи Марказӣ барои як давраи тӯлонӣ боқӣ бимонад ва вазъияти геостратегӣ дар минтақаро контрол ва ба сиёсати Русия, Чин, Эрон мухолифат кунад. Ин талошҳо бар асоси сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон писанди ин ҷумҳурист, вале барои Кремлин қобили қабул нест."

Ба гуфтаи бархе дигар аз коршиносон, омадану наомадани вазири дифои Русия ба Тоҷикистон ва иттилоъ надодан дар ин бора мояи нигаронӣ нест.

Вале аз он ки масъулони мақомоти давлатӣ дар бораи дидору гуфтугӯҳои вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш рӯзи 8-уми феврал дар Хуҷанд қабл аз дидору гуфтугӯ бо генерал Ҷеймс Меттис иттилоъ намедиҳанду пас аз он шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ширкати раҳбарони тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон сурат мегирад, мояи нигаронии воқеист ва боис ба шакку шубҳа дар масоили таъмини амният дар ҷумҳурӣ ва минтақа хоҳад шуд.