Пас аз як соли баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ, додгоҳ ин қазияро ба нафъи ин ниҳоди давлатӣ ҳал кард.
Аммо ҳалнома аз сӯи Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон додраси парванда, танҳо дар ҳузури тарафҳо, бидуни ширкати хабарнигорон эълом шуд. Дар ниҳоят маълум гардид, ки додгоҳ ҳафтаномаи «Миллат» -ро муваззаф кард, ки барои ворид кардани зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ маблағи 1, 5 ҳазор сомонӣ ва ё муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ товон пардохт кунад.
Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.
Ҳамакнун бо эъломи ҳалномаи додгоҳ, Нарзулло Додобоев, намояндаи вазорати кишоварзӣ аз он истиқбол кард ва гуфт, «аз қарори суд мо розӣ ҳастем. Зеро он даъвои мо, ки раддия чоп кардани ҳафтанома ва пардохти маблағ маъқул дониста шуд».
Аммо Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи «Миллат» қарори додгоҳро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, «далеҳое, ки мо пешниҳод карда будем, асоси қонунӣ ва ҳуқуқӣ доштанд, онҳоро додгоҳ тамоман ба инобат нагирифт, ки ин қарор ғайриқонунӣ ва ноадолатона аст. Зеро он далелу маводе, ки мо ба додгоҳ пешниҳод карда будем, дар бораи талаву тороҷи маблағҳои буҷа аз сӯи вазорати кишоварзӣ ҳамаи онҳо асоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд. Мо онҳоро аз мақомотҳои давлатие, ки мутассадии ин кор ҳастанд, гирифтем».
Ба таъкиди ҷаноби Ибодов, қарори додгоҳ дар бораи пардохти маблағ барои зарари маънавӣ ба вазорати кишоварзӣ низ нақзи қонунгузории кишвар аз сӯи додгоҳ аст. Зеро ба гуфтаи вай, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, зарари маънавӣ на ба вазорат, балки ба шахси воқеӣ расонда мешавад. Ба ин тартиб ҷониби ҳафтаномаи «Миллат» тасмим гирфтааст, ки нисбати ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бубарад.
Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат» - ро фишор болои матбуот ва озодии баён арзёбӣ карданд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «исбот кардани он чизе, ки масалан фасод ҷой дорад ё надорад дар як вазорат, мо ҳама медонем, ки ҷой дорад, лекин исбот карда тавонистан мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Аз ин хотир қароре, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи «Миллат « баровард, албатта беадолатона аст ва як навъ фишор болои матбуоти Тоҷикистон аст».
Бо ин ҳам Адолати Мирзо, сардабири нашрияи «Миллат» бар ин бовар аст, ки ин иқдом ҳеҷ таъсире ба фаъолияти журналистии онҳо нахоҳад гузошт, балки «бархӯрди ноодилонаи додгоҳ дасту дили моро ба фаъолияти журналистӣ бештар мегардонад ва мо роҳамонро барои фош кардани камбудҳои ҷомеа, аз ҷумла фасодзадагӣ дар ниҳодҳои давлатӣ идома медиҳем».
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳоле, баҳс миёни ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзиро ниҳоӣ кард, ки то ду рӯзи дигар ин додгоҳ шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро, ки молики «Пайкон», яке дигар аз ҳафтаномаҳои мустақил аст, баррасӣ мекунад.
Вазорати адлия ба далели нақз шудани муқаррароти қонун, хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин созмон шудааст. Аммо он гуна, ки Ҷумъабой Толибов, раиси ин Бюро ва сардабири нашрияи «Пайкон» мегӯяд, чоп шудани матолиби интиқодӣ нисбати вазорати адлия бо номҳои «Истеъфо» ва «Бузкашӣ дар атрофи СУМ“ дар шумораҳои моҳи октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар ин ҳафтанома, боиси ба додгоҳ кашонда шудани созмонаш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки охири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе дар баҳсе миёни нашрияи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳафтаномаро барои тӯҳмат мутаҳҳам донист ва пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ товонро тақозо кард. Ҳамакнун рӯшан аст, ки дар сурати ҳал шудани баҳс ба нафъи вазорати адлия дар додгоҳи Фирдавсӣ, на танҳо фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мутаваққиф хоҳад шуд, балки ҳафтаномаи «Пайкон» низ аз чоп хоҳад монд.
Ин дар ҳолест, созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон борҳо аз амалкарди ниҳодҳои давлатӣ барои ба додгоҳ кашондани хабарнигорон ва расонаҳо интиқод кардаанд. Аммо бо ин вуҷуд дида мешавад, ин раванд дар ин авохир густариши чашмгире пайдо мекунад. Ба додгоҳ кашонида шудани Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» тавассути Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷумлаи ин таҳаввул аст, ки дар ҳафтаи оянда додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба мурофиаи он оғоз хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад