Донишҷӯёни тоҷик аз Миср берун мешаванд

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун 14 донишҷӯи тоҷик довталабона аз Миср берун рафтаанд.
Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "чаҳор нафари онҳо ба Маскав, се нафар ба Истанбул, се нафар ба Алмаато, як нафар ба Дубай ва боқимонда ба Душанбе парвоз кардаанд. Баъзеҳо ҳастанд, ки бо сабаби ором шудани вазъ аз баргаштан худдорӣ кардаанд."

"Мехоҳанд ба ватан баргарданд"

Музаффар Муҳаммадӣ, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира, низ бо таъйиди ин хабар гуфт, ин афрод, ки умдатан донишҷӯ ҳастанд ва бо истифода аз фурсати таътил ва имконияти молӣ ба таври ихтиёрӣ аз Миср берун шудаанд.
Дар назди хобгоҳи мо газҳои ашковар партофта шуд ва ин ба мо халал мерасонид. Чашмони мо ба дард омада буд. Аз сӯи дигар, маъмурияти хобгоҳ амнияти моро кафолат намедиҳад...


Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира бештар аз 150 нафар аз шаҳрвандонеро, ки қасди бозгашт ба ватанро доранд, номнавис карда буд, ки миёни онҳо 30 нафар зан низ ҳаст.

Ба ин далел ҷаноби Муҳаммадӣ мегӯяд, бо он ки теъдоде аз шаҳрвандон довталабона аз Миср берун шудаанд, ин рақам кам нахоҳад шуд: "Аслан рӯйихат тағйир намеёбад. Ҳоло ки 14 нафар рафтанд ва агар 20-30 нафари дигар раванд низ боз шаҳрвандони дигаре пайдо мешаванд ва занг ҳам мезананд, ки номи онҳоро ба рӯйхат ворид кунем. Ба ин хотир, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки аз 100 нафар зиёд ба ватан бифиристем."

"Амниятро кафолат намедиҳанд"

Сабоҳиддин Ҳомидов, як донишҷӯи тоҷик гуфт, вай ва 30 тан аз тоҷиконе, ки дар Донишгоҳи Қоҳира таҳсил мекунанд, мақсад доранд, ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон баргарданд.

Вай дар сӯҳбати телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, "аз як ҳафта пеш, ки дар майдони "Таҳрир" бесуботӣ оғоз шуд, дар назди хобгоҳи мо газҳои ашковар низ партофта шуд ва ба мо халал мерасонид ва чашмони мо низ аз ин ба дард омада буд. Аз сӯи дигар маъмурияти хобгоҳ амнияти моро кафолат намедиҳад. Зеро донишҷӯёни дигар кишварҳо аз хобгоҳ рафтаанд ва мо низ мехоҳем ба ватан баргардем."

Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба иллати ноамнӣ ва бесоботӣ дар Қоҳира хоҳони баргаштан ба ватанро доранд, соҳибназарон мегӯянд, пас, чаро дар ин замина кашолкорӣ сурат мегирад.

"Агар вазъ ҳамин тавр идома кунад..."

Давлат Назрӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар сурати муташанниҷ шудани авзоъ шаҳрвандонашро ба ватан орад
Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мавзӯи овардани шаҳрвандон аз Миср зери назари ҳукумат қарор дорад ва ин танҳо ба вазъият дар Миср бастагӣ дорад.

"Ҳама чиз ба вазъияти Миср бастагӣ дорад. Тибқи хабарҳое, ки мо дорем, вазъ нисбатан ором аст, бисёр корхонаҳо ва фурӯшгоҳҳо дар маркази Миср, шаҳри Қоҳира фаъол шудаанд. Агар вазъ ҳамин тавр беҳбуд ёбад, шояд зарурати овардани шаҳрвандони мо низ намонад. Ҳол он ки тибқи баъзе хабарҳо аллакай ба таърихи 14 феврал таҳсил дар Донишгоҳҳо шурӯъ хоҳад шуд",-афзуд ӯ.

Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз мушкилоти молӣ монеи овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Миср шудааст.

Аммо Музаффар Муҳаммадӣ, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира инро ба салоҳияти ҳукумат марбут медонад ва мегӯяд, "ин салоҳияти ҳукумат аст ва сари ин андеша дорад. Ман фикр мекунам ҳукумати Тоҷикистон нисбати тақдири шаҳрвандонаш бетараф нест ва роҳи осонтарину мувофиқтаринро албатта меёбад. Ман ба ин хушбинам."

Мавзӯи мушкилоти молӣ дар ҳоле барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Миср матраҳ мешавад, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон садҳо тан аз донишҷӯёнеро, ки дар донишгоҳҳои исломӣ, ба хусус кишварҳои арабӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонид.

"Тоҷикистони умедвор"
Бо он ки ҳукумати Тоҷикистон барои берун кардани шаҳрвандонаш тасмим дорад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин росто сурат нагирифтааст.


Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бовар дорад, вазъ дар Миср беҳбуд меёбад ва ба ин хотир дар масъалаи овардани шаҳрвандон аз ин кишвар истиҳола мекунад.

Вай афзуд, "ҳукумати Тоҷикистон ба ором шудани вазъ дар Миср хушбин аст ва ба ин далел то ҷое дар овардани шаҳрвандонаш таҳаммулпазирӣ дорад. Албатта, талоши ҳар ду тарафи қазия дар Миср, ки вориди музокирот шудааст, ҳукумати Тоҷикистонро боз бештар умедвор месозад."

Ин дар ҳолест, ки бештари кишварҳо шаҳрвандони худро аз Миср берун кардаанд. Ҳатто аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон низ ба берун овардани шаҳрвандонаш аз Миср иқдом кардааст.

Бо он ки ҳукумати Тоҷикистон барои берун кардани шаҳрвандонаш тасмим дорад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин росто сурат нагирифтааст. Бархе аз коршиносон надоштани таҷриба дар ин заминаро низ пеш меоранд. Зеро ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон то ҳол дар тайи ду даҳсолаи ахир чунин иттифоқе пеши рӯи ин кишвар наомадааст.