Милисаи тоҷик: "Ҳар лаҳза бо хатар рӯ ба рӯем"

Соли гузашта дар ҳодисаҳои Рашту Балҷувон ва Суғд даҳ маъмури милиса ҷони худро аз даст додаанд.
Имрӯз, 6-уми феврал, мақомоти милисаи тоҷик аз 86-солагии таъсисёбии ин ниҳод дар кишвар таҷлил карданд.

Дар ҳоле ки “Худо кунад, ки корат ба милисаву духтур наафтад" аз мақолҳои маъруфест, ки ба ҷои "милиса ҳимоятгари ман" ё "табиби ман-ҳабиби ман" дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар истифода мешавад.

Ҷонибдорону мухолифони милиса

Бо Абдураҳмон, як сокинони пойтахт мо дар назди яке аз шӯъбаҳои милиса вохӯрдем, ки корафтода шудааст. Вай мегӯяд: "Худо накунад дар дасти милиса биафтӣ. Афтидӣ ҳам корҳоят "безеб" мешавад. Намедонам он чӣ гап аст. Маро ба як кор ҷалб кардаанд. Исбот кардан барои милиса бисёр мушкил аст. Оқибат ба хайр шавад."

Зафар, як сокини дигари Душанбе гуфт: "Худо накунад, ки дар дасти милиса афтӣ. Каппаат дуд мекунад."

Ин ду нафар танҳо аз чанд нафареанд, ки бо мо вориди сӯҳбат шуданд. Бақия аз сӯҳбат рӯ тофтанд.

Аммо он нафароне низ кам нестанд, ки мегӯянд, агар милиса набошад, дар ҷомеа назму суботро кӣ ҳимоят мекунад. Салим, як ҳамсӯҳбати ман мегӯяд, милисаҳои хуб ҳам кам нестанд: "Худ фикр кунед, агар ҳама нахоҳад ё тарсад, ки милиса шавад, оромиии ҷомеаро кӣ таъмин мекунад?"

Маросими видоъ бо полковники милиса Зоиршо Қаландаров, ки моҳи октябри соли гузашта дар Камароб кушта шудааст
Мардум аз милиса норозиянд?

Як соли ахир, бар пояи баъзе назарҳо, норизоиятии мардум аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба рӯёрӯии бармало низ овардааст.

Бархе расонаҳо, куштори корманди милиса дар ноҳияи Исфара ва ҳамлаи аввалини интиҳорӣ дар Тоҷикистон ба раёсати мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфта дар вилояти Суғдро, ки тибқи иттилои расмӣ, ду, аммо ғайрирасмӣ, бештар нафарро кушта ба ҷой гузошт, далели норизоиятиҳо аз фаъолияти кормандони милиса унвон кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2010 даҳ корманди милиса, ба шумули як нафар дар Балҷувон ва 2 нафар дар Суғд ва бақия ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар шарқи кишвар кушта шудаанд. Бар пояи бархе манобеи ғайрирасмӣ, вақтҳои ахир ба далели хатарнок шудани касби милиса мавориди аз кор рафтани кормандони милиса ҳам афзоиш ёфтааст.

Милиса: "Мо бо ҷинояткорон рӯ ба рӯем"

Аммо Умар Икромов, раиси дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, аз кор рафтан ва ба кор омадан дар ин ниҳод як раванди маъмулист ва ҳамчунин касби милисагӣ ҳамеша як касби пурмасъулият ва хатарнок будааст.

"Хатарнокӣ ҳам дар ин нест, ки ҳодисаҳои Рашту Суғд ҳастанд, балки корманди милиса ҳамеша бо ҷинояткор рӯбарӯ аст. Ҷинояткор ҳам намепурсад, ки ту кӣ ҳастӣ, корманди давлат - милиса бошӣ, бас аст. Аз ин хотир ин ҳамаро як раванд ҳисоб кардан хатои маҳз аст",- мегӯяд ҷаноби Икромов

Моҳи феврали соли 2008 дар водии Рашт Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН ё гурӯҳи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кушта шуда буд. Алишер Маҳмадшоев, ки баъд аз ӯ раҳбарии ин гурӯҳро ба зимма гирифтааст, мегӯяд, пас аз он ҳодиса аъзои ОМОН дар амалиётҳои вазнинтаре то ба имрӯз ширкат мекунанд.

"Як гап аст: мо фақат такя ба Худо мекунем. Агар Худо нахоҳад, касе моро кушта наметавонад. То нафаси охирин мо ба ватан хизмат мекунем. Шиори тамоми гурӯҳи мо ҳам ҳамин аст",-афзуд ӯ.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Таассуфи вазир

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ зимни як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки дар фаъолияти ниҳодаш камбудиҳо, аз ҷумла мавориди фасод зиёданд. Вай аз ин ҳол изҳори таассуф кард:
"Афсӯс мехӯрам, ки кормандони милиса ҳамчунин рафтор мекунанд ва мардум аз муроҷиат дар ин маврид метарсанд."

Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2010 бештар аз 80 корманди милиса бо ҷурми фасод ва сӯистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Даст ба фасод задани кормандони милисаро коршиносон аз кам будани маош арзёбӣ мекунанд. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, афсари ин вазорат аз 400 то 1000 сомонӣ ва худи вазир 3 ҳазор сомонӣ маош мегиранд. Вазири корҳои дохилӣ эътироф мекунад, ки ин кам аст ва изҳори умедворӣ кард, ки тағйироте дар ин самт ба вуҷуд хоҳанд омад.


Рӯзи душанбе як раванди додгоҳие дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе оғоз хоҳад шуд, ки сарвари раёсати мубориза бар ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов нашрияи "Азия-плюс"-ро барои як мавод дар бораи шиканҷаи боздоштшудагон ба додгоҳ кашидааст.

Коршиносон мегӯянд, барои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳам собит кардани далоили ба тамоми ҷомеа маълум, мушкил аст.