"Ихвон-ул-муслимин" гуфтааст, ба хотири хатми бӯҳрони сиёсӣ дар Миср, ба музокирот бо мақомот хоҳад пайваст.
"Ихвон-ул-муслимин" ба хабаргузории "Reuters" гуфт, ин музокирот имрӯз шурӯъ шуда, нишон хоҳад дод, ки “давлат то куҷо ба пазируфтани талабҳои мардум омода ҳаст.”
Ин нахустин музокирот байни давлати Миср ва ин ҳизби то ҳол мамнӯъ хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, эътирозгарон дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира мехоҳанд имрӯз намози ҷанозаи афроди дар хушунатҳои ахир кушташударо доир кунанд.
Дирӯз дар пайи эътирозҳои густардаи зиддидавлатӣ кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими миллӣ-демократии Миср ва ду тан аз муттаҳидини наздики раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак, бо шумули писараш Ҷамол, истеъфо доданд.
Телевизиони Миср мегӯяд, ба мақоми дабири кулли ҳизби ҳоким Ҳусам Бадравӣ, як табиб ва ислоҳталаби маъруф, баргузида шудааст.
Обама: Бӯҳрон дар Миср хотима ёбад
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико низ хостори музокирот бо раҳбарони Олмону Бритониё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба хотири баҳси вазъи Миср шуд.
Ин дар ҳолест, ки эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак дар Миср вориди рӯзи 13-умаш шудааст.
Кохи Сафед гуфт, ки Обама ба аҳамияти аз аз ҳоло оғоз кардани таҳвили муназзам ва сулҳомези қудрат ба ҳукуматеро таъкид кард, ки ҷавобгӯи хостҳои мардуми Миср бошад ва ба музокироти қобили эътимод ва фарогири байни давлат ва мухолифин роҳ кушояд.
Аз хабарнигорон хабаре нест
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди гузашти як шабонарӯз аз замоне ки аз раҳоии ду хабарнигори Радиои Озодӣ аз дафтари пулис дар Қоҳира хабар омад, дигар аз онҳо то ҳол дараке нест.
Роберт Тайтс ва Абдулилоҳ Нуаймӣ рӯзи ҷумъа баробари расидан ба пойтахти Миср дастгир шуданд.
Ҳарду атбои Бритониё буда, ба хотири пайгирии рӯйдодҳои Миср ба Қоҳира эъзом шудаанд. Қаблан, як нафаре ки ҳамроҳ бо Тайт ва Нуаймӣ боздошт шуда буд, бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки онҳо дар як маҳалли ношинос нигоҳ дошта мешаванд, вале бархӯрд нисбат ба онҳо хуб аст.
Тайт ва Нуаймиро бояд пулис барои бозгашт ба Аврупо то фурудгоҳи Қоҳира мебурд, вале аз замони боздошташон ягон тамоси мустақим бо худи хабарнигорон муяссар нашудааст.