"Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад"

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳаводиси Миср роҳандозии ислоҳотеро аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба миён овардааст.
Профессор Қурбон Восиев, аз раҳбарони Ҳаракати ваҳдат ва эҳёи миллии Тоҷикистон, созмони наздик ба ҳукумат мегӯяд, тайи 20 соли истиқлолият, Тоҷикистон хеле пешрафтҳо кардааст ва ҳол як амну осоише зарур аст, ки бар онҳо афзуда шавад:

«Дар Миср ҳукуматро мардуми аз сиёсатҳо норозӣ оҳиста-оҳиста бад дид. Мо ҳам бар сари ин бояд андеша кунем. Андешаи мо ин аст, ки сулҳу суботро барқарор нигоҳ дорем ва дар соҳаҳои иқтисоду иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ ислоҳот гузаронем, то дили мардум ба зиндагӣ гарм шавад»


Саймуддин Дӯстов, коршиноси умури сиёсӣ
Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ин ислоҳот ба зудӣ бояд сурат гирад, то дар як-ду соли оянда натиҷаҳои мавриди назар ба даст оянд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз пуштибонии аксари мардум бархӯрдор аст ва дар ҳоли пеш омадани интихобот, аз рӯи шароити имрӯз шояд беш аз нисфи раъйҳоро гирад:
«Аммо авомили гуногуне дар бозиҳои сиёсӣ ҳастанд, ки ба карераи сиёсатмадорони варзида ҳам хотима гузоранд. Имрӯз мардум бовар дорад, ки ҳукумат нерӯи кофии саркӯб кардани ҳар гуна эътирозу ошӯб ва нерӯи сиёсиро дорад, аммо дар баробари ин, ба ҳукумати кунунӣ ва нерӯи он дар ҳалли мушкилот боварӣ надорад. Даҳшат ин аст»



Иддае аз коршиносон тасмими Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар бораи баргузории интихоботи раёсатиҷумҳурӣ бар ивази референдуми вуруди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишварро, ки дароз кардани мӯҳлати ӯро низ ҳадаф дошт, як гуна ҷилавгирӣ аз ҳаводисе монанд ба Тунису Миср дар ин кишвари Осиёи Марказӣ унвон мекунанд.

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ин танҳо як гашти сиёсӣ ва хок пошидан ба чашми ҷомеа буд, баръакс ин тасмим роҳи Назарбоевро ба идомаи қудрат боз кард, зеро яке аз номзадҳо худи ӯ хоҳад буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, барои раисҷумҳури Тоҷикистон имкони гирифтани ҳамчунин тасмими содда вуҷуд надорад. Вай афзуд, кишвар ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад, ки рӯяш солҳо боз мухолифину таҳлилгарон таъкид мекунанд. Вай гуфт, худи Эмомалӣ Раҳмон низ бар зарурати ҳамчунин ислоҳот таъкид мекунад:

«Аммо боз ҳам доираҳои манфиатхоҳ дар долонҳои ҳукумат он қадар побарҷо ҳастанд, ки намегузоранд ин гуна ислоҳот рӯи даст гирифта шаванд чун онҳо бо пиёда кардани ислоҳот манфиати хешро аз даст медиҳанд. Ин аст мушкил. Аммо батакрор мегӯем, ки имконоти Эмомалии Раҳмон ҳоло ҳам зиёданд»



Марат Мамадшоев, муҳаррир ҳафтаномаи «АП» мегӯяд, ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд оҷилан тадобиреро рӯи даст гиранд, зеро як моҳ қабл аз ҳаводиси Миср касе гуфта наметавонист, ки сарнавишти ин кишвар чунин хоҳад шуд:

Марат Мамадшоев
«Мо ҳам бояд ба зудӣ ислоҳоти воқеиро рӯи даст гирем, қабл аз ҳама ислоҳоти кадрӣ ва иқтисодиро. Ислоҳоти ҳуқуқӣ бояд ҷиддан гирифта шаванд, зеро системаи судӣ ва сохтори ҳифзи ҳуқуқ ҳоло хеле дарднок ҳастанд»

Дар Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат дорад, ки дар моҳҳои аввали оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба сари қудрат расид ва низ дар сари равандҳои сулҳу осиши ҷомиа қарор дошт. Аммо ҳоло Тоҷикистон дар қатори кишварҳои фақир, фасодзада номбар мешавад ва кишвар ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ шудааст. Коршиносон мегӯянд, ҳаводиси Миср сабақҳои зиёдеро барои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ба ҷо мегузорад.