Раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак гуфтааст, моил ба истеъфост, аммо аз ҳарҷу марҷ дар Миср ҳарос дорад.
Ҳуснӣ Муборак дар мусоҳиба бо Кристиан Амонпур аз шабакаи ABC гуфт, аз дидани хушунат дар майдони Таҳрири Қоҳира мутаассиф аст аммо давлати вай масъули ин рӯйдодҳо набуда, иттиҳом дар дӯши мухолифонаш аз гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин аст.
Муборак, ки даҳумин рӯз аз эътирозҳоро пушти сар гузоштааст, ҳамчунин дар ин мусоҳиба гуфтааст, аз раёсат хаста шудааст ва дӯст дошт ҳамин ҳоло канорагирӣ кунад, аммо канор намеравад зеро ҳарос дорад кишвар дар ҳарҷ ва марҷ фурӯ хоҳад рафт.
Дар посух ба ин пурсиш, ки назарш дар бораи ҳамлаи ҳаводорони вай ба тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир чист, Муборак гуфт: «Аз ин рӯйдод бисёр нороҳатам, ман дӯст надорам, ки бубинам мисриҳо бо ҳам даргир шаванд.»
Раиси ҷумҳури Миср дар бораи мардуме, ки хостори рафтани вай ҳастанд ва алайҳи ӯ шиор медиҳанд гуфт: «Ман ба инки мардум дар бораам чӣ мегӯянд аҳамият намедиҳам. Ман акнун ба кишварам фикр мекунам, барои ман Миср аҳамият дорад.»
Ҳуснӣ Муборак ҳамчунин гуфт пас аз онки дар паёми рӯзи душанбе эълом кард дигар барои раёсати ҷумҳурӣ номзад намешавад, эҳсоси осоиш ба вай даст дод.
Вай гуфтааст : «Ҳаргиз фирор нахоҳам кард.Дар ҳамин хок хоҳам мурд.»
Раиси ҷумҳури Миср ҳамчунин дар ин мусоҳиба аз давроне, ки бар кишвараш ҳукумат кардааст, дифоъ намудааст.
Ҳангоме аз Муборак пурсида шуд, чӣ посухе ба дархостҳои сарбастаи Амрико барои канорагирӣ додааст, изҳор дошт ба Барак Обам гуфтааст: "Ту ба фарҳанги Миср ошно нестӣ ва намедонӣ агар ҳамин ҳоло канор биравам чӣ иттифоқе рӯй хоҳад дод.»