Ҳалокати 5 корманди полис дар Ромадӣ

Бар асари ду инфиҷор дар шаҳри Ромадӣ, воқеъ дар ғарби Ироқ, дасти кам 8 нафар, аз ҷумла, 5 корманди полис кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, аввал як мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва баъдан маргталаб худро дар издиҳоми дар ҷойи ҳодиса гирдомада тарконид.