Имрӯз Русия бар зидди мудохилаи хориҷӣ дар умури Миср изҳори эҳтиёткорӣ кард ва гуфт, нируҳои сиёсии ин кишвар худашон бояд роҳи бурунрафт аз нооромиҳои хушунатомезро пайдо кунанд. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия дар эъломияе гуфт: "Мо роҳнамоӣ аз хориҷро, ки баъзе зарбулаҷалҳо таин мекунад, муфид намешуморем". Пештар 5 кишвари аврупоӣ Британия, Фаронса, Олмон, Италия ва Испания хостори интиқоли муназзами қудрат дар Миср шуда буданд.