Қарор аст, корхонаи нав Тоҷикистонро ба содиркунандаи оҳан дар минтақа табдил диҳад.
Сохтмони ин корхона дар ноҳияи Ҳисор идома дошта, он корашро аз гудохтани оҳанпора оғоз мекунад ва дар оянда бо истифода аз захираи маъдани кони оҳани Варзоб тавонашро ба тавлиди 400 000 тонна оҳан дар сол мерасонад.
Дувумин корхонаи бузург, баъд аз Талко
Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати энержӣ ва саноат, дар навбати аввал ба унвони маводи хом дар ин корхона оҳанпораҳо истифода хоҳад шуд. Абдурауф Худойназаров, мудири корхонаи металлургӣ, ки сохтмонаш идома дорад, гуфт, ин дуввумин корхонаи саноатии бузург пас аз корхонаи алюминиюм дар Тоҷикистон хоҳад буд. Вай ҳадаф аз сохтмони ин корхонаро чунин тавзеҳ дод: "Ҳадафи асосии мо аз сохтмони корхонаи металлургӣ бо арматура таъмин кардани эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ дар сохтмонҳо аст. Дар оянда тасмим дорем, арматураро аз кишвар ба хориҷа содир кунем."
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи мутахассисони Вазорати энержӣ ва саноат Афғонистон, Эрон ва Покистон ба арматура ниёз доранд ва ин кишварҳо дар оянда бозори хубе барои Тоҷикистон хоҳад буд.
8 миллион кӯмаки ширкати чинӣ
Бино ба иттилои Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, харҷи сохтмон ин корхона ҳудуди 21 миллион долларро ташкил медиҳад. Ширкати чиноӣ, ки дар сохтмони ин корхона шарик аст, ба маблағи беш аз 8 миллион доллар таҷҳизоти навтарини фулузгудозиро ворид хоҳад кард.
Абдурауф Худойназаров, директори корхонаи металургӣ, дар ин бора гуфт, "таҷҳизот барои коркарди оҳанпораҳо аз Чин ба миқдори ду адад печи оҳангудозӣ ворид мешавад, ки ҳаҷми истеҳсолии ин уд печ 25 тонна дар ду соат мебошад. Мо бо ширкати чинӣ қарордод имзо кардаем, ки ин таҷҳзизотро дар тӯли се - чор моҳи оянда ба корхона ворид кунад."
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, васлу насби таҷҳизот низ дар ин корхона ба дӯши ширкати чинӣ аст.
"Арматура"-ро аз Русия меоранд
Ин дар ҳолест, ки феълан Тоҷикистон арматураро аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад. Ба гуфтаи ширкатҳои бинокорӣ, як далели баландии нархи манзил дар Тоҷикистон нархи арматура ва дигар масолеҳи сохтмон аст, ки аз хориҷа ворид мешавад.
Зиёдулло Носиров, раиси сарраёсати Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки дар сурати роҳандозии тавлидоти оҳан дар корхонаи металлургии Ҳисор арзиши арматура камтар хоҳад шуд. Вай афзуд, "дар ҳоли ҳозир як тонна арматураи воридотӣ ба бозорҳои аз 480 то 520 доллари амрикоӣ қиммат доранд. Ҳозир гуфта наметавонам арматураи истеҳсоли ватанӣ чӣ қадар арзон хоҳад шуд. Вале мусаллам аст, ки арматураи ватанӣ нисбат ба воридотӣ бамаротиб арзон хоҳад шуд. Барои мисол, арзонӣ аз ҳисоби роҳкиро ва пардохтҳои гумрукӣ."
Ба гуфтаи ҷаноби Носиров, роҳандозии тавлидоти оҳан ва тавлиди арматура дар дохили ҷумҳурӣ дар рушди бахши энержӣ, бахусус, сохтмони нерӯгоҳҳо ва корхонаву муассисаҳо, ҳамчунин, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ нақши асосиро ифо хоҳад кард.