Задухӯрд дар майдони тазоҳурот

Бар асари ин даргирӣ дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира дастикам 26 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳазорон тан аз тарафдорони раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, дар майдони Таҳрир, дар маркази Қоҳира, ба эътирозгароне, ки хатми ҳукумати сисолаи Муборакро талаб мекунанд, ҳамла оварданд.

Даргирӣ замоне рух дод, ки тарафдорони Муборак, бархе савори аспу мотосикл ба ин майдони моломоли ҳазорон тан аз мухолифони ӯ рехтанд. Байни ду тараф бо истифода аз сангу калтакҳо занозанӣ ба вуқӯъ пайваст.

Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат намекунад, вале ҳоло аз мақом нахоҳад рафт. Ба дунбол, низомиён хостори хонабахона шудани эътирозгарон шуданд.

Сухангӯи артиш Исмоил Усмон гуфт: “Паёми шумо расид ва талабҳои шумо маълум шуд. Мо барои таъмини амнияти ватан тамоми талошро ба харҷ медиҳем. Мо бояд ба даъвати кишвари мо бо кори пурсамар посух диҳем.”

Аммо эътилофи мухолифин бо даъват ба эътирозҳои нав як раҳпаймоии густардаро барои рӯзи ҷумъа эълон кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занозанӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира