Мақомоти амниятии Тоҷикистон навори лаҳзаҳои бозпурсии Аловуддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакиро таҳқиқ мекунанд.
Онҳо мегӯянд, аз навори пахшуда дар телефонҳои ҳамроҳи бархе аз сокинони пойтахт, ки лаҳзаҳои бозпурсии Аловуддин Давлатов мулаққаб ба Алии Бедакӣ, аз роҳбарони гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар минтақаи шарқи кишвар нишон медиҳад, огоҳ ҳастанд вале аз ироаи ҳар гуна маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Ахиран дар телефонҳои дастии бархе аз сокинони Тоҷикистон наворе дар сайр ва гардиш даромадааст, ки дар он марди ришдоре дар дохили як худрав тавассути афроди низомӣ мавриди пурсиш ва истинтоқ қарор мегирад.
Афроди низомипӯш ин мардро Алии Бедакӣ садо мекунанд. Аз ин мард дар бораи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Абдулло Раҳимов мулаққаб ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ширкати онҳо дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта суол мешавад.
Зоҳиран ин навор тавассути яке аз афроде бардошта шудааст, ки дар ҷараёни ин бозҷӯӣ ширкат доштааст. Навори мазкур дар ҳоле пахш мешавад, ки дар оғози моҳи январ мақомоти интизомии Тоҷикистон аз кушта шудани Алии Бедакӣ зимни як амалиёт хабар дода ва дар ин бора телевизионҳои давлатӣ низ гузоришҳо мунташир карданд. Ба ин далел, ҳоло дар маҳофил ва ҷомеаи Тоҷикистон сарусадоҳое дар бораи дурустӣ ва нодурустии хабари кушта шудани Алии Бедакӣ дар ин амалиёт баланд мешавад.
Олим Одилов- яке аз собиқ размандагони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ин наворро ӯ низ дидааст ва ҳеҷ шакке надорад, ки ин мард Алии Бедакӣ аст.
Масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки мегӯянд аз навори пахшшуда дар сайтҳои интернетӣ дар ин бора огоҳ ҳастанд, аммо аз додани ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки бидуни ташхис ва дақиқ кардани дурустии ин навор, наметавонад дар ин бора чизе бигӯяд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули маркази таҳлилии «Диалог» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ин навор таъйид мекунад, ки Алии Бедакӣ қабл аз кушта шудан, тавассути мақомоти амниятӣ боздошт шудааст. Ба ақидаи оқои Сайфуллозода, ҳоло наметавон мутмаин буд, ки ҳамаи ахбори нашршуда дар бораи ҳаводиси Рашт саҳеҳ аст.
Ҳамин тариқ агар навор воқеӣ бошад, пас суоле пайдо мешавад, ки оё куштори асир ҷинояти низомӣ нест? Гузашта аз ин, Алии Бедакӣ муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи силоҳбадастон болои корвони низомиён дар дараи Камаров ба шумор мерафт, ки боиси қатли камаш 26 сарбози артиши Тоҷикистон гардид. Ба бовари коршиносон акнун, ки Алии Бедакӣ кушта шудааст, ин куштори сарбозон ҳам як сирри нокушода хоҳад монд.
Бар пояи маълумоти манобеи ғайрирасмӣ, дар мавриди ҳодисае, ки дар ин навор мақомот тафтишотро оғоз карда ва гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир шоҳидон мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Ҳафтаи гузашта падари Аловуддин Давлатов бо иттиҳоми хабар надодан аз ҷиноят ва нигаҳдории силоҳи ғайриқонунӣ боздошт гардид=