Додгоҳи Давлатшоҳ Элбегиев аз сар гирифта шуд

Додгоҳи ноҳияи Зареченски вилояти Тулаи Русия имрӯз муҳокимаи парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Элбегиевро аз сар гирифт. Элбегиев ронандаи мошини боркаши “МАЗ”-е буд, ки рӯзи 30 октябр дар ҳошияи рустои Скобелево бо мошини хидматии фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия генерал Владимир Шаманов бархӯрд кард. Бар асари он сониҳа ронандаи Шаманов ҳалок шуда, худи ӯ ва ду афсари дигар ҷароҳатҳои вахим бардоштанд.