Зафар Абдуллоев хабаргузории “Авесто”-ро ба ихтиёри ҷамъияти “Муҳаммад Ҳилол”, ки молики "Бизнес и политика" низ ҳаст, вогузоштааст.
Мудири акнун собиқи хабаргузори "Авесто" мегӯяд, бино ба далели мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ водор ба чунин иқдоме шудааст.
"Хабаргузорӣ имкони рушдро надошт"
Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ӯ дигар масъули ин хабаргузорӣ нест, балки фақат то чанд муддате ба масъулони нави он дар мудирияти кори хабаргузорӣ кӯмак хоҳад кард.
"Тайи солҳои охир хабаргузории "Авесто" ба мушкили молӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ буд. Чанд соли аввал аз ҳисоби кӯмакҳои билоивази созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекард. Баъд аз соли бӯҳронии 2008 то кунун вазъи молии хабаргузорӣ ба шиддат заиф шудааст. Ман ҳамчун молик ба чунин натиҷа расидам, ки ин хабаргузорӣ дигар имкони рушдро надорад. Дар ин муддат назари ман ҳам роҷеъ ба масоил тағйир ёфт ва тасмим гирифтам, ки дигар ба сурати фаъолона машғули кори жураналистӣ набошам. Онро ба сурати ройгон ва барои ҳамеша ба ихтиёри ҷамъияти "Муҳаммад Ҳилол" додам. Бовар дорам, ки молики нав метавонад кори хабаргузориро муваффақона пеш барад",-афзуд ӯ.
Молики собиқи хабаргузории "Авесто" мегӯяд, акнун бо эҳтимоли зиёд шояд ба тиҷорат машғул шавад, аммо ҳамзамон муаллифи матбуот боқӣ хоҳад монд.
Зафар Абдуллоев вуҷуди ҳар гуна фишор дар гирифтани чунин тасмимро рад мекунад. Вай мегӯяд, харидорони дигаре низ ба ӯ пешниҳоди фурӯхтани хабаргузориро дода буданд, аммо бо эҳтимоли зиёд ҳадафи онҳо ба даст овардан ва баъдан куллан бастани "Авесто" буд.
"Сиёсати хабаргузорӣ тағйир намекунад"
Аммо акнун суол ин аст, ки бо молики нав пайдо кардани хабаргузории "Авесто" самту сӯ ва ҷиҳати фаъолияти он низ тағйир пайдо хаҳад кард ва ё ба ҳамин шева ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.
Ҷамшед Улмасов, сардабири нашрияи русизабони “Бизнес и Политика”, ки акнун молики хабаргузории “Авесто” ҳаст, мегӯяд, тағйири усулие дар фаъолияти ин хабаргузорӣ пеш нахоҳад омад.
Ҷаноби Улмасов мегӯяд: "Дар сиёсате, ки то кунун Зафар Абдуллоев пеш мебурд, дар ин хабаргузорӣ тағйироте пеш нахоҳад омад. Танҳо барои тақвияти бештари хабаргузорӣ талош хоҳем кард, то матолиб ва хабарҳои бештареро пӯшиш диҳем. Инчунин, талош мекунем, ки нашри хабарҳо бо забони англисиро низ роҳандозӣ кунем."
Аз тиҷорати сухан ба тиҷорати коло
Хабаргузории “Авесто” дар соли 2004 тавассути созмони иҷтимоии "Кӯҳи нор" таъсис шуда буд. Ин хабаргузорӣ дар баробари "Азия-плюс» ва хабаргузории давлатии «Ховар» яке аз се хабаргузории умдаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ахбори кишварро пӯшиш медиҳанд.
Вале бештар аз як соли охир "Авесто" бо нашри матолиби интиқодӣ маълум шуда буд. Дар ин муддат "Авесто" бисёр талош кард, то робитае миёни мақомоти сиёсии кишвар ва ширкати Талко, инчунин, муомилоти молии онро ошкор кунад.
Ҳоло Зафар Абдуллоев ба нашрияи ба гуфтаи худаш номуназзами нашрияи "Факты и комментарии" идома хоҳад дод, вале он ҳам ба гуфтаи худаш як амри муваққат аст.
Ӯ мегӯяд, бештар моил аст ба тиҷорат машғул шавад. Акнун на тиҷорати хабар ё сухан, балки тиҷорати коло.