Умар Сулаймон, муовини нави раисҷумҳури Миср, гуфт, ӯ масъули шурӯи музокирот бо мухолифон шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳур ҳамчунин хостори татбиқи қарори Додгоҳи таҷдиди назар шудааст ва рӯзҳои наздик дар қитъаҳое, ки ҳангоми интихоботи тирамоҳи соли гузашта қонуншиканиҳо сабт шуда буданд, раъйдиҳии нав баргузор мешавад.
Аз ин пештар аъзои ҳукумати нави Миср дар назди раисҷумҳур Ҳуснӣ Муборак савганд ёд карданд. Ҳайати ҳукумат тағйир карда, чанд вазири калидӣ, аз ҷумла, вазири умури дохилӣ Ҳабиб Адлӣ аз мақом барканор шуданд.
“Раҳпаймоии миллионҳо”
Ба назар мерасад, ки имрӯз Мисрро тазоҳуроти густардае интизор хоҳад буд. Мухолифон барои баргузории “раҳпаймоии миллионҳо” омодагӣ мегиранд. Ба иттилои телевизиони давлатии Миср, баъд аз даъвати баргузории ин раҳпаймоӣ ва коршикании умумӣ мақомот барои қатъи ҳаракати қаторҳо тасмим гирифтанд.
Аҳмад Раҷаб, хабарнигори Радиои Ироқи Озод дар шаҳри Қоҳира мегӯяд:
"Ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва ҳама робитаҳо миёни Қоҳираву вилоятҳо мутаваққиф шудаанд. Баъд аз он ки мардуми маҳаллӣ ба Гиза, минтақаи ҳамсояи Қоҳира ва дар он ҷониби рудхонаи Нил, баргаштанд, мақомот ҳама купрукҳои Қоҳираро маҳкам карданд. Гиза ва дигар вилоятҳо аз марказ канда шудаанд."
Мисрро тарк мекунанд
Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзҳои ахир парвоз аз фурудгоҳи байнулмилалии Қоҳира ҳам душвор шудааст. Теъдоди онҳое, ки талоши тарки Мисрро доранд, афзоиш меёбад ва аммо аз як сӯ эълон нашудани парвозҳо ва аз сӯи дигар мушкили дастрас намудани билету сари вақт қайд кардани он мусофиронро хашмгин кардааст.
Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, мушкилро қуюди шабгардӣ эҷод кардааст ва теъдоди зиёди кормандон имкони сари кор ҳозир шуданро надоранд. Қуюди шабгардӣ ва қатъи ҳаракати нақлиёт боис ба он низ шудааст, ки як теъдод аз мусофирон аз ҳавопаймоҳои худ дер мондаанд ва акнун талаби парвози ҳарчӣ зудтарро доранд.
Аз ин пеш эълон шуда буд, ки аз соати 3-и баъд аз зӯҳр то 8-и бомдод, яъне дар давраи қуюди шабгардӣ, парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ширкати давлатии ҳавопаймоии Миср лағв карда мешаванд. Мусофирон аз он ҳам шиква мекунанд, ки захираи озуқа дар фурудгоҳ тақрибан ба охир расидааст. Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки ахиран таъмини амният дар фурудгоҳ бар дӯши низомиёни кишвар вогузор шуд.
Артиш: Ба эътирозгарон кор надорем
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 31-уми январ, артиши Миср эълом дошт, ки алайҳи эътирозгарон аз нерӯ кор нахоҳад гирифт. Ҳамзамон, ба навиштаи расонаҳои мисрӣ, низомиён ҳушдор додаанд, ки аз ҳама талошҳои ноором сохтани кишвар ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
Дар ҳафт рӯзи нооромиҳо дар Миср бар асари задухӯрди эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, садҳао нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҳаводиси Миср ба нафаре аз шаҳрвандони кишвар осеб нарасидааст.
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди идомаи нооромиҳо дар Миср Тоҷикистон зарурати хориҷ намудани шаҳрвандонаш аз қаламрави ин кишвар намебинад. Дар Миср айни ҳол тақрибан ҳазор донишҷӯи тоҷик машғули таҳсиланд.