Падари Алии Бедакӣ боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Музаффар Давлатов, падари Аловуддин Давлатов, муллаққаб ба Алии Бедакӣ хабар дод.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "падари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, барои даст доштан дар чанд ҷинояти вазнин, аз ҷумла хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди содиршавии ҷиноят дастгир карда шудааст."



Нисбат ба аъмоли падари Аловуддин Давлатов, ки гуфта мешавад 75 сол дорад, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, тафтишоти ин қазия тавассути додситони низомии Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён дорад.
Алии Бедакӣ, ки дар ноамниҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта дар Рашт ва қатли 28 сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб муттаҳам мешуд, рӯзи чоруми январ дар рустои Руноби минтақаи Рашт кушта шуд...


Бархе аз манобеъ мегӯянд ба ҳангоми кофтукоб аз манзили Музаффар Давлатов силоҳ ва дигар муҳимоти ҷангӣ кашфу ошкор шудааст, ки аз ҳамдастии вай бо ҷиноятҳои писараш дар водии Рашт далолат мекунад.

Алии Бедакӣ кӣ буд?

Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки дар ноамниҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта дар Рашт ва қатли 28 сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб муттаҳам мешуд, рӯзи чоруми январ дар рустои Руноби минтақаи Рашт бо шумули ҳафт тан аз ҳамроҳонаш кушта шуд.

Мақомот мегӯянд, задухӯрд бо гурӯҳи Алии Бедакӣ дар деҳаи Руноб тақрибан ду соат идома карда, дар натиҷаи он 8 тан, бо шумули Алии Бедакӣ кушта ва яке дигар аз чирикиҳо зинда дастгир шудааст.

Аловиддин Давлатов ё Алии Бедакӣ соли 1970 дар рустои Бедаки ноҳияи Рашт ба дунё омада, то соли 1992 ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ДЭУ, идораи роҳсозӣ ба ҳайси ронандаи одӣ кор мекард. Талотуми ҳодисот ӯро ба сафи нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик пайваст ва ӯ то поёни ҷанги шаҳрвандӣ таҳти фармони Мирзохӯҷа Низомов ва Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ноҳияи Рашт ҷангид.

Баъди имзо шудани қарордоди сулҳ дар як баталёни Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби муҷоҳидини собиқ дар Рашт таъсис ёфт, бо касби рутбаи лейтенанти калон фармондеҳи як ротаи СОБР, воҳиди вижаи вокуниши сареъ таъин шуд.

Бародари Бедакӣ зиндонӣ шуд

Исми Алии Бедакӣ дар оғози тирамоҳ вақте ба забонҳо омад, ки ибтидо бародараш - вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҷлиси ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатовро дар Душанбе бо иттиҳоми таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт карданд.

Бар асоси хабарҳои расида, додгоҳи шаҳри Душанбе дар авохири ҳафтаи гузашта Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ ва узви Ҳизби наҳзати исломиро ба 11,5 соли зиндон маҳкум кардааст.