Ҳалокати ноиби волии Қандаҳор бар асари таркиш

Бино бар хабарҳо ноиби волии вилояти Қандаҳори Афғонистон бар асари таркиш кушта шудааст. Абдулатиф Ошно дар шаҳри Қандаҳор, дар ҳоле ба ҳалокат расид, ки як бомбгузори худкуш савори мотосикл худро дар наздики ӯ мунфаҷир кард.