Туркия бо эътироз аз боздошти се шаҳрванди уйғуртабораш дар Тоҷикистон ба Душанбе нота фиристодааст.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин нота омадааст, ки гӯиё ин се шаҳрванди уйғуртабори Туркия дар ҳудуди Тоҷикистон дастгир шудаанд.
"Маълумот дар бораи он ки онҳо ба ягон кишвари дигар таслим мешаванд, вуҷуд надорад. Мо ба мақомоти зидахли Тоҷикистон дар ин бора муроҷиат кардаем ва дар ҳолати гирифтани посух ба Туркия низ паёми ҷавобӣ хоҳем фиристод",-афзуд ӯ.
Расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буданд, ки се уйғуртабори табааи Туркия дар Тоҷикистон бо дархости ҷониби Чин боздошт шудаанд. Тибқи ин манобеъ ин се нафар 10 соли пеш аз Чин фирор карда, ду нафари онҳо шаҳрвандии Туркияро ба даст овардаанд. Давлати Чин онҳоро барои ширкат дар ҳаракати ҷудоихоҳӣ муттаҳам мекунад.
Коршиносон мегӯянд, нигарониҳои истирдоди уйғурон бар он асос ёфтааст, ки Чин ҳоло умдатарин сармоягузор ва ҳамкори Тоҷикистон ба шумор меояд. Ба шумули сармояи ҳангуфте, ки ин кишвар ба Тоҷикистон ворид кардааст, ахиран баҳси марзӣ миёни ин ду ҳамсоякишвар низ ба анҷом расид.
Баҳси марзӣ ба манфиати Тоҷикистон анҷом шуд
Аммо Созишномаи Чину Тоҷикистон дар бораи марз боиси ба миён омадани баҳсҳо ва интиқодоти шадид аз ҳукумат дар ҷомиа шудааст, аммо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон даъвоҳои мунтақидонро "кафкҳои рӯи об" унвон кард.
Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, ба ном арбобони сиёсӣ, вакилони мардумӣ, коршиносон, олимон ва низ шаҳрвандони кишвар аз асли мавзӯъ хабар надоранд. Вай афзуд, вогузории 3 дарсад замини даъвоӣ ба Чин раванди чандинасрае буд, ки аз асри 17 то охири асри 19 миёни Русияву Чин, асри 20 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин ва аз замони истиқлол миёни ахирӣ ва Тоҷикистон матраҳ буд. Оқои Зарифӣ гуфт, созишномаи асосӣ, ки делимитатсия ё мушаххас кардани хати марз ҳанӯз соли 1999 ва иловагӣ соли 2002 ба имз расида буд, аммо "рӯзноманигорони Тоҷикистон соли 2011 бедор шуданд".
Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд, аз рӯи ин созишнома Тоҷикистон бурд кардааст:
"Ҳар касе таърихро хуб медонад, 28 ҳазор километри мураббаи баҳсӣ дар харитаҳои Шӯравӣ бо пунктир ишора шудаанд. Аммо ҷониби Чин ҳам ҳамин ҳудудро ба таври худ пунктир мемонд. Яъне гап дар бораи кадом як вогузории марзҳои қонунии Тоҷикистон намеравад. Гап дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистону Чин аст. Бар асоси асноди мавҷуд ва далоили таърихӣ беш аз 1 ҳазор километри мураббаъ аз Тоҷикистон ба Чин ва бақия аз Чин ба Тоҷикистон гузашт."
Оқои Зарифӣ ҳамчунин даъвоҳо ва пӯшида сурат гирифтани раванди музокирот бо Чинро такзиб карда, афзуд, аз ҷараёни ин музокирот нашрияи парлумон - "Садои мардум" иттилоъ пахш мекард: "Агар то соли 2002 мову шумо хондани нашрияҳои расмиро ёд нагирифта бошем, ин айби вазири корҳои хориҷӣ нест, зеро дар он вақт ӯ сафири Тоҷикистон дар Амрико буд."
Дурӯғи Викиликс ё бофтаҳои Ҳоугленд
Қаблан расонаҳои Русия, аз қавли Wikileaks дар як матлаб Ҳамроҳхон Зарифиро дастнишонда ва номзади Амрико барои раисҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд, ки баъдан нусхаи англисии он пайдо нашуд.
Дар матлаби дигар аз сӯҳбати махфии вазири корҳои хориҷӣ, он замон сафири Тоҷикистон дар Амрико бо сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугланд сухан мерафт. Дар ин номаи дипломатӣ, ки Wikileaks нашр кардааст, сафири амрикоӣ менависад, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ӯро итминон медиҳад, то дар амри густариши нуфузи Амрико дар Тоҷикистон сабур бошад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ баргузории ҳамчунин сӯҳбат бо сафири амрикоиро таъйид кард: "Сӯҳбат буд. Аммо тафсилоташ ё фантазияи сафир Ҳоугланд ҳаст ё кормандони дигар (расонаҳо). Ин гуна сӯҳбат ҷой надошт ва шуда ҳам наметавонист."
Бо Узбакистон дигар мушкил надорем?
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки аз натиҷаҳои фаъолияти ниҳодаш дар соли 2010 сӯҳбат мекард, ҳамчунин бар боқӣ мондани масоили ҳалношуда миёни Тоҷикистону Узбакистон ишора кард. Вай гуфт: "Ҳар чӣ доштем, то се моҳи пеш ман гуфта будам. Баъд аз он тағйироти куллӣ вуҷуд надорад. Аммо дар масъалаи гузаштани қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон дар ҳоли ҳозир мушкили ҷиддӣ надорем. Дар дигар самтҳо тағйироти куллӣ ба назар намерасад."
Иддае аз коршиносон мегӯянд, беҳбуди равобит бо Узбакистон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли равон низ бояд боқӣ мемонад.
Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, беҳбуди равобит фақат ба ҷониби Тоҷикистон вобаста нест, зеро мухолифатҳои ду кишвар усулӣ ҳастанд: "Дар соли равон низ ҳал шудани онҳо мушкил аст. Ӯзбакистон бо тарҳҳои энержӣ мухолифат дорад. Дигар ин ки мехоҳад дар минтақа кишвари асосӣ бошад. Муносибаташ на фақат бо Тоҷикистон, балки бо ҳамаи ҳамсояҳояш қариб ки ҳамин тавр аст. Мавқеҳои ҳарду тараф ба таври ҷиддӣ фарқ мекунанд."
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба суоли "Оё самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?" гуфт, таваҷҷӯҳи бештар ба ҷашни 20 солагии истиқлолият, давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ ва баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин созмон, дуввумин ҷаласаи чоргона Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон-Русия ва ҳамоиши панҷуми кишварҳои сарпарасти Афғонистон дар Душанбе хоҳад буд.

Гап дар бораи кадом як вогузории марзҳои қонунии Тоҷикистон намеравад. Гап дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистону Чин аст.

Сӯҳбат буд. Аммо тафсилоташ ё фантазияи сафир Ҳоугланд ҳаст ё кормандони дигар