Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 108 миллион сомонӣ зарар ва дуздиро ошкор намудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ин мақомот 61 миллион сомонӣ тасарруфи воситаҳои техникӣ ва молӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошкор ва ба наъфи давлат бозгардон шудааст.
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия хариду фурӯши замин дармаҳаллҳоро як тиҷорати аслии мақомоти маҳаллӣ арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи раиси оҷонс, аз ҷумла дар Кумитаи радио ва телевизони назди ҳукумати Тоҷикистон дуздии махсусан калони воситаҳои молӣ ошкор шудааст.
Фаттоҳ Саидов афзуд, дар натиҷаи санҷиши молӣ дар Кумитаи радио ва телевизион дуздии 2,5 миллион сомонӣ ошкор шудааст: «Ин асосан аз ҳисоби пинҳон кардани вақти рекламаҳо аст. Вақте рекламаро пахш мекунанд, аз раисони корхонаҳо пули нақд дарёфт мекунанд, вале дар хазина даромад намекунанд. Ва худашон истифода мекунанд. Ҳамаи ҳолатҳояшро пайдо кардем, ҳамааш асоснок аст. Нисбати ҳамин ҳолат ҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем».
Дар ҳоле ин изҳорот аз сӯи Оҷонси зидди коррупсия пахш мешавад, ки ду ҳафтаи пеш дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ аз фаъолияти Кумитаи радио ва телевизон интиқод карда буд. Пеш аз он ҳам, мудири бахши тиҷорати кумита ба ҷурми гирифтани 35 000 доллар ришва аз сӯи мақомоти Оҷонси зидди коррпусия боздошт шуда буд.
Оқои Саидов, ҳамчунин гуфт, ки харидуфурӯши замин имрӯз ба як тиҷорати раҳбарони маҳалӣ табдил шудааст. Бо ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон акнун барои хариду фурӯши замин муҷозоти шадидтаре, яъне маҳрум шудан аз озодӣ то 8 сол пешбинӣ шудааст.
Аммо мақомоти Оҷонси мазкур дар ҳоле аз дастоварду фаъолияти худ ҳарф мезананд, ки бархе коршиносон мегӯянд, ин ниҳод тӯли фаъолияти худ натавонист ба интизориҳои ҷомеа посух бигӯяд. Балки умдатан кори ниҳодҳои дигари мубориза бо фасод, назири додситониро такрор кардааст.
Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки ба чанд далел кори ин ниҳод муассир воқеъ шуда наметавонад. Аввал ин ки фасоди идорӣ асосан аз сӯи мақомот сар мезанад, чӣ дар маҳалҳо ва чӣ дар марказ. Аммо аз сабаби он ки ҳамаи ин мақомдорон намояндагони раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд, Оҷонси зидди коррпусия қодир нест алайҳи онҳо мубориза кунад.
Аз сӯи дигар пастии сатҳи зиндагӣ ва бӯҳрони бепоёни иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ниҳоде маҷоли мубориза бо фасодро нахоҳад дод. Амнияти Абдулназар мегӯяд: «Ҷомеа ғарқи фақр аст ва дар ҷомеаи фақир фасод як амри табиист. Ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар тасарруфи фасод ҳастанд. Дар чунин сурат ҳеҷ оҷонсе қудрати муборизаи муассир бо ин зуҳуротро надорад. Аз додситони кул сар карда то вазорати умури дохилӣ ва ҳамаи дигар ниҳодҳои қудратӣ гуё бо фасод мубориза мебаранд, аммо аз он пешгирӣ карда наметавонанд. Дар давраи шӯравӣ ин оҷонсӣ набуд, аммо додситонӣ ва умури дохила аз ӯҳдаи мубориза бо фасод мебаромаданд, ҳоло ҳам ҳеҷ зарурати сарфи пул аз буҷаи хароб барои ин нест.»
Мақомоти Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир мубориза бо ин зуҳурот ва ё оғози парвандаҳои ҷиноӣ ва тафтишот дар ин замина танҳо вазифаи ин мақомот аст. Он аз зиммаи дигар ниҳодҳо, аз ҷумла аз додситонӣ гирифта шудааст ва ба ин далел онҳо кори дигар ниҳодҳои интизомиро такрор намекунанд.
Аммо таҷрибаи бархе аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои дигари минтақа саранҷом даст бардоштан аз чунин як ниҳоди мустақили мубориза бо фасодро нишон медиҳад. Ба гуфтаи соҳибназарон, муассистарин роҳи мубориза бо фасод боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва иқтисоди кишвар аст.
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия хариду фурӯши замин дар
Ҷомеа ғарқи фақр аст ва дар ҷомеаи фақир фасод як амри табиист...