«Бисёр шуда, ки ҳатто занони шавҳардор духтарони аз 20-сола болоро «пирдухтар» номида, мегӯянд, «қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад»…
Сурайё (исми мустаори яке аз дӯстони наздикам), ки дар ҳафтаи гузашта 29-солагии худро ҷашн гирифт, то ҳанӯз интизори «шоҳзодаи рӯйи аспи сафед»-и худ ба сар мебарад.
Пас аз зодрӯзаш ӯро дар хиёбоне дар Қӯрғонтеппа ғамгин дида, ҳол пурсидам. Гуфт, янгааш ӯро таъна задааст, ки «ба 29 даромадиву ҳоло ҳам шӯ накардӣ, пирдухтар шудӣ!»
Дар солҳои гузашта чандин нафар ба хостгории ӯ омадаанд, аммо дар миёни номзадҳо нафари дилхоҳашро пайдо накарда, ҳамакнун дигар нафари муносиберо намебинад, то бо вай издивоҷ намуда, оила барпо кунад.
Сурайё духтари хуб, зебо ва ҳунарманд аст, аммо то ҳанӯз оила барпо накардааст, зеро донишманд аст. Бале, бале, худи Сурайё мегӯяд, маҳз ҳамин соҳиби диплому «донишмандӣ»-аш аст, ки чандин ҷавон аз хонадорӣ бо ӯ парҳез ё танҳо пешниҳоди зани дуввум будан кардаанд.
Воқеан, имрӯз аксари занони дуввум ё саввум маҳз «пирдухтарон» будаанд, ки бо амри волидон бо мардони зану фарзанддор издивоҷ мекардаанд.
Ҳоло ду хоҳари бузурги Сурайё ва додаронаш соҳиби оилаҳои худ шуда, машғул ба тарбияи фарзандон ҳастанд. Аммо Сурайё мегӯяд, ҳоло ба ин хулоса расидааст, ки ба духтар, бахусус духари тоҷик, доштани маълумоти олӣ ҳаммаънои бешавҳар монданро дорад, чун аксари ҷавонон моил нестанд бо духтарони соҳибмаълумот ҳамхона шаванд.
Бо гузашти солҳо интихоби ҳамсар барои Сурайё душвортар мешавад. Ҳамакнун вай дар хулқу хӯи ҷавонон хислатҳои наҷиби барояш писандро камтар мебинад. Вай медонад, ки шояд ҷӯё шудани инсони бенуқсу аз ҳар лиҳоз мувофиқ барояш дуруст нест, чун синну солаш боло меравад, хостгорҳо дар ин авохир дигар дари хонаашонро намекӯбанд. Ва метарсад, ки дар интизории «шоҳзодаи орзуҳо»-яш дигар танҳо мемонад. Падари Сурайё як бор ҳам гуфта буд, ки агар медонист «ноз»-и духтараш бисёр шуда, ба хотири соҳибмаълумот шуданаш бешавҳар мемонад, дар 18-солагиаш ӯро ба шавҳар медод…
Духтарони ҳамсоли Сурайё дар Хатлон бисёранд, ки ҳанӯз оила барпо накардаанд. Бархе аз онҳо фотиҳа шуда, аммо ҷавони номзадашон солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад. Шояд як иллати ҳамсари хуб пайдо накардани ин духтарон ҳам дар он аст, ки садҳо ҳазор ҷавони муҷаррад феълан дар хориҷи кишвар мардикорӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар Русия бо хонумҳои русӣ оила барпо карда, дигар майли бозгашт ба ватан надоранд.
Чанде пеш бо Асадулло Маҳмудов, аз тоҷикони муқими вилояти Челябински Русия, сӯҳбат доштам. Вай гуфт, ки воқеан ҷавонони зиёде феълан дар кишвари муҳоҷират соҳиби оилаҳои нав шудаанд. Азбаски бисёре аз ин ҷавонон бори аввал оила месозанд, ин ба рӯҳу равон ва фарҳанги онҳо таъсир мерасонад ва шояд дигар хоҳиши издивоҷ бо духтари тоҷик, ки тибқи арзишҳои миллию мазҳабӣ тарбият ёфтааст, аз сару дилашон берун шавад.
Фарҳангу анъанаҳои хонаводаҳои тоҷик маъмулан аз оила сарчашма мегиранд. Зани бешавҳар дар миёнасоливу солмандӣ чӣ ки, агар аз 20-22-солагӣ боло равад, дар ҷомеа ҳама ӯро «пирдухтар» ном мебаранд. Дар ҷомеаи мо танҳо издивоҷу никоҳ занро соҳиби обрӯ ва эҳтиром мекунад. Ҳатто дар эҷодиёти шифоҳии халқӣ ҳам дар бораи ба истилоҳ, «пирдухтарон», мақолҳои зиёде вуҷуд дорад, масалан, «аз ғайбати ҳамсоя – чумчуқ ба сарам соя!».
Дар ҷомеаи Тоҷикистон зери мафҳуми «Зани идеалии тоҷик» ҳатман зани оиладор, модари мушфиқу меҳрубон, ҳамсари фармонбардору порсо тасаввур мешавад, на бонуи соҳибмаълумоту ходими илмию давлатӣ
Дар ҳоле, ки духтарони болиғу муҷарради зери синни 30 ҳам имрӯз дар интихоби ҳамсар дучори мушкилӣ ҳастанд, барпо намудани оилаҳои нав ба бонувони яккаву танҳо, ки бахтшикаста шуданд, низ кори саҳл нест.
Нашрияҳои «зард»-и кишвар ҳар ҳафта шарҳи ҳоли даҳҳо занону духтаронро чоп мекунанд, ки мехоҳанд бо ҷавонмардони мувофиқ оила барпо намоянд.
Дар анбӯҳи чунин «эълонҳо» ҳамчунин духтарони 18-19-сола ҳам барои ошноӣ бо ҷавоне бо ҳадафи оиласозӣ изҳори алоқамандӣ кардаанд.
Аммо боз ҳам занони соҳибмаълумоте мисли Сурайё моил нестанд, ки бахти худро аз роҳи чунин нашрияҳо пайдо кунанд. Сурайё, масалан, барои худ ор медонад ин корро. Албатта, шояд хато ҳам мекунад…
Дар ҳамин ҳол, сар аз 1-уми январ синни издивоҷ дар Тоҷикистон аз 17 ба 18-солагӣ боло бурда шуд. Шояд як сабаби аслии роҳандозии ин тасмим ҳам бешавҳар мондани духтарони зиёде мебошанд. Як корманди масъули ЗАГС ахиран гуфт, ки дар моҳҳои октябр-ноябр-декабр шумораи никоҳҳои расмӣ ғайриинтизор хеле афзуд. Бар асари пажӯҳиши онҳо, асари духтароне, ки ақди никоҳ бастаанд, 17-сола будаанд. Волидон аз тарси он, ки агар тӯй ба моҳи январ монад, духтарашон ҳаққи никоҳи давлатӣ бастан нахоҳад дошт ва шояд «пирдухтар» монад, тӯйро осемасар барпо кардаанд.
Аммо ҳамоно гуфта мешавад, беш аз 100 000 ҷавони аз 18 то 27-солаи тоҷик, ки аксаран муҷарраданд, имрӯзҳо дар хориҷи кишвар мардикорӣ мекунанд. Табиаст, дар дохили Тоҷикистон даҳҳову садҳо ҳазор ҷавондухтарон интизори онанд, ки ҷавонони муҳоҷир пайса кор мекунанду баъди бозгашт бо онҳо оила месозанд.
Шояд бо бозгашти қисме аз ин ҷавонон, «бозор»-и «пирдухтарон» ҳам ба «ҷунбиш» медарояд? Шояд дар миёни ҷавонони муҳоҷир «шоҳзода»-и деринтизори Сурайё ҳам ҳаст? Ё то он замон як насли нави духтарони 18-сола ба воя расида, навбати аввалро онҳо мегиранд?