Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро боздошт ва аз ӯ ҳудуди 70 кило маводи мухаддир мусодира намудааст.
Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, қочоқчии маводи мухаддире, ки соати дуи бомдоди рӯзи 24-уми январ дар ҳудуди ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид, Шермуҳаммад валади Ёсин, сокини вилояти Тахори Афғонистон будаааст.
Мусодираи 300 кило маводи мухаддир дар як моҳ
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз ин қочоқбар дар маҷмӯъ бештар аз 67 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. "Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз вай 54 кило навъи бангдона, беш аз 4 кило ҳашиш, ҳудуди 8 кило ҳероин ва беш аз 1 кило афюн дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он беш аз 67 килоро ташкил медиҳад",-афзуд ӯ.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, шаби якшанбе ба душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир боздошт шуда, аз онҳо ба миқдори 28 кило маводи мухаддир кашфу мусодира гардидааст.
Гузориши вазорати корҳои дохилӣ ҳокист, ки танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз панҷ талоши қочоқи миқдори бузурги маводи нашъадор ҷилавгирӣ шудааст. Аммо дар муддати моҳи нахусти соли ҷорӣ аз 64 талоши қочоқчиён ҷилавгирӣ шудааст, ки танҳо кормандони пулис аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 300 кило анвои мухталифи маводи мухаддирро кашфу мусодира кардаанд.
Даргирӣ дар марз бо Афғонистон
Аммо боздошти як шаҳрванди Афғонистон барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳолест, ки чанд рӯзе қабл миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 13 нафараи қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар мавзеи Шоуни ноҳияи Шӯрообод, яке дигар аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон даргирӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар натиҷаи ин даргирӣ ду қочоқчии афғон кушта шуда ва бақия ба қаламрави Афғонистон фирор кардаанд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи ҳуввияти афроди кушташуда гуфт, "муайян карда шуд, ки онҳо сокинони улусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон - Самеуллоҳ валади Маҳмадхолиқ ва Азизуллоҳ валади Муҳаммадмусо мебошанд, ки дар олами ҷиноӣ бештар бо тахаллусҳои Қорӣ Самеуллоҳ ва Эшони Ҳафизуллоҳ маъруф ҳастанд."
Ба таъкиди ҷаноби Бӯриев, дар ҷойи ҳодиса 2 мусалсали Калашников, 11 халта бо 200 кило канабис ва ҳамчунин 11 кило афюн кашф ва мусодира шудааст. Гузашти ҳудуди як моҳи соли нави милодӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар қаламрави Тоҷикистон дар талоши интиқол ва қочоқи маводи мухаддир ҳастанд.
Хосса чунин талошҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Ҳамадонӣ, ки бо шимоли Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки иқдомоти фаврӣ ва ҷустуҷӯии ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон аз сабабҳои аслии ошкор шудани мавориди зиёди интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ, муддати ду соли ахир аз 34 вилояти Афғонистон дар 20 вилояти он, ба вижа дар манотиқи шимоли ин кишвар кишти кӯкнор ба қайд гирифта намешавад.
"Аз тариқи Тоҷикистон ба Русия мебаранд"
Аммо Бобоҷони Шафеъ, коршиноси арса афзудани мавориди интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистонро дар ҳамчунон вуҷуд доштани захираҳои маводи мухаддир дар он сӯи марз, ба хусус дар манотиқи ҷанубии Афғонистон арзёбӣ мекунад. "Дуруст аст, ки кишти кӯкнор қариб ки дар шимоли Афғонистон аз байн рафтааст, аммо дар дигар манотиқ, бахусус, ҷануб гурӯҳҳои қочоқчӣ талош мекунанд, ки тариқи шимол тавлиди маводи мухаддирро ба берун интиқол диҳанд. Ин аст, ки аз шимоли Афғонистон истифода мекунанд ва тариқи Тоҷикистон ба Русия ва дигар кишварҳо ба қочоқ машғул мешаванд",-илова кард ӯ.
Дар зимн, Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли беш аз 1400 километр марзи муштарак дошта, сипари ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд сохторҳои қудратии Тоҷикистон зарфи даҳ соли ахир беш аз 70 тон маводи мухаддири қочоқии афғонро мусодира кардаанд, аммо ин кишвар ба танҳоӣ тавони мубориза бо интиқол ва қочоқи маводи мухаддирро нахоҳад дошт.
Ин аст, ки моҳе қабл, раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон дар шаҳри Маскав "чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир" -ро ташкил додаанд, ки ҳадаф аз он муборизаи муштарак алайҳи маводи мухадири тавлиди Афғонистон аст.