Вокунишҳо ба таъсиси Хадамоти муҳоҷират

Аксари соҳибназарон аз таъсиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон истиқбол карданд.
Таъсиси як ниҳоди мустақиле, ки ба мушкили муҳоҷирони корӣ расидагӣ кунад, аз чанд сол ба ин ҷониб матраҳ буд.

Дар ҷараёни муборизаҳои интихоботи порлумонии соли гузашта бархе аз ҳизбҳои мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон таъсиси Вазорати умури муҳоҷиронро дар барномаи интихоботии худ қарор дода буданд.



Ҳоҷимуҳаммад Умаров, аз пешвоёни ҲДТ, мегӯяд, аз чунин иқдоме бояд истиқбол кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони корӣ баробари 60 ё 65 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба Тоҷикистон маблағ ворид мекунад. Оқои Умаров мегӯяд, ба ҳар сурат ин ниҳод бояд ба сатҳи вазорат дар ҳукумати Тоҷикистон боло бурда шавад, вале муваффақияти кори он ба мутахассисоне вобастааст, ки барои кор дар ин хадамот ҷалб мешаванд.

Ӯ мегӯяд, "гап дар сари он аст, ки ин хадамот чӣ гуна кор мекунад? Аз ӯҳдаи вазифае, ки дар наздаш гузошта шудааст, яъне танзими муҳоҷират, мебарояд ё не? Дар он ҷо бояд шахсони нисбат ба муҳоҷират диди нав ва дуруст дошта бошанд. Баробари 65 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ин муҳоҷирон пул ворид мекунад, ин кори сода нест. Барои он ки ин вазъият боз ҳам беҳтар шавад, бояд вазорат сохта шавад."

Дар соли гузашта, муҳоҷирони тоҷик бештар аз 1 миллиарду 800 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол додаанд. Ин маблағ андаке камтар аз буҷаи солонаи давлати Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки агар хадамоти таъсисшуда бо назардошти таҷрибае, ки дар танзими муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои мухталиф ҳосил шудааст, фаъолият кунад, муваффақ хоҳад шуд.

Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар мадди аввал ин ниҳоди нав бояд ба омӯзиши собиқаи кори кишварҳои муваффақ дар амри танзими муҳоҷирати корӣ машғул шавад ва ба дунболи он барномаҳои кории худро тарҳрезӣ кунад.

Оқои Давлат мегӯяд, "чунин таҷриба вуҷуд дорад, мо корро аз сифр оғоз намекунем. Бояд таҷрибаҳои мухталифро омӯзем. Масъалаи дигар ин аст, ки ин Хадамот барои муҳоҷирон таъсис мешавад ва худи онҳо низ бояд барои ҳуқуқҳои худ талош кунанд ва ин хадамотро ба фаъолияти босамартар водор намоянд. Яъне самари кори ин хадамот аз худи муҳоҷирон низ вобаста хоҳад буд."

Коршиносон мегӯянд, агар масъулони ин ниҳод ба сурати ҷиддӣ корро ба роҳ монанд, вазъеро, ки муҳоҷирони тоҷик доранд, ислоҳ намудан мумкин аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, муваффақияти кори ин хадамот ба иродаи мақомоти сиёсии кишвар дар ҷиҳати ҳалли масъалаи муҳоҷирон низ вобаста аст.

Шумори муҳоҷирони тоҷик, ки аслан дар Русия ба сар мебаранд, камобеш ҳудуди як миллион нафар гуфта мешавад. Аммо ин муҳоҷирон ҳамвора дар мавриди нақзи ҳуқуқи худ, чӣ аз ҷониби корфармоён ва чӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Русия шикоят доштаанд.