Қутбия Искандарова, сокини шаҳри Душанбе, яке аз даҳҳо занони қобили ҳамл аст, ки бо сабаби фарбеҳӣ гирифтори бемории диабети қанд гаштааст.
Қутбияи 29-сола ҳоло 95 кило вазн дорад. Дар ҳоле ки як сол пеш вазни ӯ 105 килоро ташкил медод. Ҳоло, ки дар маркази ҷумҳуриявии бемориҳои эддокринологӣ бистарӣ буда, зери назари пизишкон қарор дорад, вазнаш камтар шудааст.
Фарбеҳӣ аз серӣ ё гуруснагӣ?
Қутбия мегӯяд: "Рости гап ман аз ҳеҷ чиз камӣ надорам. Хонаводаам тинҷ,, шавҳарам шукри худо одами пулёб аст ва худам хӯрокҳои гӯштиву хамирӣ ва шириниро хеле дӯст медорам ва бисёр мехӯрдам. Намедонистам, ки ин ҳамааш зарар дорад, ҳар сол дар ҳамин ҷо омада табобат мегирам, лекин боз хона рафтам вазнам зиёд шудан мегирад, боз давленӣ мешавам ва қандам баланд мешавад."
Мусоҳиби дигари мо, ки худро Раъно муаррифӣ кард, ба фарқ аз Қутбия, аз хонаводаи камбизоат аст, вале вазнаш аз меъёр зиёд буда фарбеҳиаш паёмадҳои нохушеро ба бор ооварда гирифтори бемории фишори хун ва безуриёташ кардааст.
Раъно мегӯяд: "Ҳамин хел аҳволи ман бад шуд, ки чанд бор коммада афтодам. Беҳуш шудам. Вақте ба ин беморхона оварданд, маро анализ гирифтанд, ки касали қанд шудаам. Хӯроки асосии мо дар хона нону макарон аст. Дар як ҳафта ду-се бор шакароб, оши бурида, гоҳ-гоҳ оши палав мехӯрем. Ҳоло ман парҳез дорам ва хӯрокҳои хамириву нон, қариб ки намехӯрам."
Солҳои охир тамоюли афзояндаи фарбеҳшавии аҳолии кишвар, хусусан занони ҷавон, боис ба нигаронии ниҳодҳои тандурустии Тоҷикистон шудааст.
42 дарсад аз занҳои Душанбе фарбеҳанд?
Натиҷаи як пажӯҳише, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт гузаронд, нишон дод, ки 42 дар сад аз занони пойтахт вазни зиёдатӣ доранд, ки метавонад омили гирифтории онҳо ба диабети қанд, фишори хун, безурётӣ, бемориҳои занона, сактаи қалб гардад.
Ҳотамбек Хайров, сардори раёсати ғизои солими вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо ишора ба хулосаи тадқиқоти мазкур, чанд омил ва заминаҳои аслии фарбеҳшавии занони қобили ҳамлро дар кишвар рақам зада гуфт, ки муҳимтарини онҳо тарзи зиндагӣ ва хуроки носолим, камҳаракатӣ ва низ ирсӣ будааст.
Ҷаноби Хайров гуфт: "Фарбеҳӣ беморӣ аст. Вале афсӯс, ки мардуми мо ин чизро дарк накардаанд ва сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд. Минталитети мардум ҳам ин ҷо сабаб аст, ки баъзе баъзе одамон ҳатто ифтихор мекунанд, ки занаш ё духтараш фарбеҳ аст ва инро нишонаи дороии худ дониста фахр ҳам мекунанд. Вале як чизро бояд қайд кунам, ки ҳамин тадқиқот нишон дод, ки фоизи хеле ками занони фарбеҳу бемор аз хонаводаҳои дороанд. Аксари онҳо бо сабаби асабоният, стресс ва ё истеъмоли доруҳои гуногун ва ё табобати нодуруст, фарбеҳ шудаанд."
Кӯдакон ҳам фарбеҳ мешаванд
Дар ҳоле, ки пизишкони касбӣ аз паёмадҳои нохуши фарбеҳӣ дар миёни занони қобили ҳамл изҳори нигаронӣ мекунанд, духтурони шӯъбаи кӯдаконаи маркази ҷумҳуриявии бемориҳои эндокринологии Тоҷикистон мегӯянд, солҳои ахир шумори кӯдакони фарбеҳ ва мубталои беморихои мухталифи ғадудҳои дарунӣ, дар ҳоли афзоиш аст.
Қамариддин Аҳмадов, мудири шӯъбаи кӯдаконаи ин дармонгоҳ гуфт, феълан дар ин марказ беш аз 40 тифл аз фарбеҳӣ ва бемориҳои дар пайи он сарзада, табобат мегиранд ва шумори чунин кӯдакон сол то сол меафзояд.
Ҷаноби Аҳмадов афзуд: «Бештари ин кӯдакон фарбеҳшавиашон ирсӣ ё модарзодӣ аст. Як қисмашон аз ғизои нодуруст ва ё сунъӣ ба фарбеҳшавӣ мубтало шудаанд. Солҳои пеш хеле кам буданд чунин бемориҳо дар миёни кӯдакон, ҳоло зиёд шудааст»
Пизишкон як сабаби дигари афзоиши бемориҳои шадид ба монанди диабети қанд ва фишори баланди хун дар миёни занҳои фарбеҳро дар он мебинанд, ки ин занҳо ё фарбеҳиро беморӣ намешуморанд ва ё саривақт ба духтур муроҷиат намекунанд.
Вале бахши аъзами занони бемор ва ё гирифтори фарбеҳӣ зимни сӯҳбат гуфтанд, бино ба надоштани имконоти молӣ, ба дармонгоҳҳо намераванд.
"Фарбеҳӣ ба безурётӣ мебарад"
Табиби мардумӣ Назокат Каримова мегӯяд, дар миёни корафтодагони ӯ, занони фарбеҳ низ зиёданд, ки бештарашонро безурётӣ ба даргоҳи ӯ меорад ва ӯ маъмулан ба чунин занон истеъмоли хӯрокҳои парҳезӣ, машқи бадан ва серҳаракатиро тавсия медиҳад.
Вай мегӯяд: «Мана як занак ба назди ман омад, хеле фарбеҳ, як фарзанд таваллуд кардаасту бо ҳамин дигар ҳомиладор нашудааст. Ман ба ӯ ягон хел дору не, балки кам хӯрдану бештар ҳаракат карданро фармудам. Баъди ним сол вазнаш кам шуд ва ҳомиладор шуд. Ҳоло ду писари дугоник- Ҳасану Ҳусейн дорад»
Ба ин тартиб, тибқи оморӣ расмӣ, теъдоди занони фарбеҳ дар Душанбе- пойтахти кишвар 42 дарсад ва дар саросари Тоҷикистон бошад 8 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи мутахассисон, 90 дар сади ин занҳо бар асари истеъмоли хӯроки якрангу хамирӣ гирифтори фарбеҳӣ гаштаанд. Бино ба омори расмӣ, маргу мир дар миёни занони фарбеҳ ду баробар бештар аз занони камвазн мебошад.
Дар зимн, мутахассиони соҳа бо таваҷҷуҳ ба тамоюли афзояндаи фарбеҳшавии аҳолӣ, бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мегӯянд, ҳукумати кишварро зарур аст ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин тамоюли хатарзо, барномаҳои мушаххасеро руйи даст бигирад.