Қиссаи баҳси замин ё гаравгонии кӯдакон

Баҳси замин дар байни оилаи Рақибовҳо ва ҳукумати ноҳияи Файзобод ду сол пеш шурӯъ шуда буд.
Ин баҳс дар додгоҳи ноҳия ба нафъи ҳукумати Файзобод анҷом ёфт. Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи конститутсионӣ низ ҳукми додгоҳи ноҳияро бетағйир гузоштанд. Бино бар он санади замин ва манзили бунёдкардаи Рақибов ғайриқонунӣ эълон шуда, соли 2009 ҳукумати ноҳия манзили ӯро тахриб кард.

Аз ин рӯ мақомот мегӯянд, даъвои Атовулло Рақибов дар мавриди нақзи ҳуқуқ ба манзилаш асоси қонунунӣ надорад, зеро қарори истифодаи қитъаи заминашро Шӯрои ҷамоати деҳот ҳанӯз чанд соли пеш бекор карда буд.

Қиссаи ин моҷаро дар деҳаи Заркамар ду сол аст ки дар саросари кишвар ва берун аз он паҳн гашта, сару садоҳо махсусан пас аз гуруснашинии хонадони Рақибовҳо дар назди дафтари Омбудсмен ва боздошти онҳо аз тарафи милиса ба авҷ расид.

Барномаи «Як рӯз бо шумо» кӯшид, як рӯз бо сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бошад ва бо асли моҷаро аз наздик ошно шуда, шуморо низ дар ҷараён гузорад:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қиссаи баҳси замин ё гаравгонгирии кӯдакон