Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Красноярск

Ҳикматулло Воҳидов, паҳлавони тоҷик, дар як мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод дар Красноярски Русия барандаи медали биринҷӣ гардид.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ барои ҷавоизи Академияи гуштии ба номи Дмитрий Миндиашвили беш аз 400 варзишгар аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Гӯштигирон дар 8 вазн рақобат карданд.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа, ки барои бори нуҳӯм доир шуд, Тоҷикистонро ду нафар намояндагӣ карданд. Ба Ҳикматулло Воҳидов муяссар шуд, ки дар рақобатҳо дар вазни то 50 килограмм мақоми саввумро касб намояд. Жанат Усин (Қазоқистон) ҷои аввал, Дозураш Дамдин-оол ҷои дуввум ва Хуреш-оол Дондук-оол (ҳарду аз Русия) ҷои саввумро соҳиб шуданд. Дар айни ҳол гуштигирони мо ба мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷавоизи Иван Яригин, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ки 28-уми январ дар шаҳри Красноярск шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа паҳлавони тоҷик Тоҷиддин Хоҷаев, Фарҳод Усмонзода (ҳарду дар вазни то 60 кг) и Фарҳод Анақулов (дар вазни то 96 кг), инчунин, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҳабибулло Нарзуллоев ширкат меварзанд».

Ба гуфтаи Абдурозиқ Олимов, гуштигирони тоҷик имсол барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон талош хоҳанд кард.