Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳи ҷавонони ғоратгари телефонҳои мобилро боздошт кардааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат, гуфт, ҷавононе, ки ба гумони ғорати телефонҳои мобилӣ дастгир шудаанд, ҷойи кори доимӣ надоранд. Ба қавли ӯ, ҷавонони боздоштшуда дар ҷойҳои серодам, назири бозору дохили нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш ба дуздии телефонҳои мобилӣ даст задаанд.
Гуфта мешавад, 99 дарсади телефонҳои мобили дуздидашуда вориди бозор мегарданд. Бозори телефонҳои мобил, давоми як ҳафта, ду ва ё се рӯз дар пойтахт фаъол аст ва дар дохили он шинохтани савдогар ва харидор хеле душвор мебошад.
Барои фурӯшандаҳои ин бозор, монанди бозорҳои дигар, ҷойи махсус муаяйн нашудааст. Эраҷи Амон, ки аз ин бозор дидан кардааст, мегӯяд, "аксарияти фӯрушандаҳои телефони мобил, ҷавононанд ва дар дасти як савдогари ҷавон то 10 телефонро дидан мумкин аст".
Бекмурод, сокини дигари Душанбе, ки аз ин бозор боре телефон харидааст, мегӯяд, дар ин бозор умдатан телефонҳои мобилии сифаташон паст ба фурӯш гузошта мешаванд. Зеро ба гуфтаи Бекмурод, телефони харидааш аз ин бозор бо гузашти муддати кӯтоҳе корношоям шудааст.
Бо он ки дар бозори телефонҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқро низ дидан мумкин аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба фурӯшандаҳо коре надоранд ва ба тартибу низоми бозор низ аҳамияте намедиҳанд.
Аммо Назаралӣ Пиров, яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт мегӯяд, ташкили бозори мазкур дар баъзе маворид ба дарди мардум мехӯрад. Зеро ба гуфтаи вай, дар баробари он, ки ба ин бозор телефонҳои дуздидашуда ворид мешаванд, ин бозор ҷиҳатҳои мусбат ҳам дорад.
"Онҷо донишҷӯ меояд. Маҷбур аст, ки барои санҷиш гирифтан телефонашро фурӯшад, ё занеро орд даркор мешавад, зарурат дорад, ки телефонашро фурӯшад. Умуман талаботи мардум аст",-афзуд ӯ.
Пиров меафзояд, бо таваҷҷӯҳ ба талаботи мардум ва эҳтиёҷот, ташкили ин бозоряк амри зарурист. Аммо вай тарафдори ворид шудани телефонҳои дуздидашудашуда ба ин бозор нест. Ҷаноби Пиров механизми дақиқ кардани телефонҳои мобилиро шарҳ дода, гуфт, ки ҳарчанд ин сирри махфии амниятист, аммо ошкор кардани телефони мобилии дуздидашуда имконпазир аст ва он бо роҳҳои хоси техникӣ сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як гурӯҳи ғоратгари телефонҳои мобилӣ хабар дод. бар асоси иттилои манобеи вазорати корҳои дохилӣ, дар ин гурӯҳ Дилшод Абдуллоев, Фаридуни Ҷамшед ва Шамшод Ҳомидов, ки ҷавонони 18-19 сола, ки дар ҷое кор намекунанд, шомил мебошанд.