Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, сохтмони манзил барои 100 хонавода дар маҳалли партовгоҳи ин шаҳрро манъ кардааст.
Идораи ҳифзи муҳити зисти Қӯрғонтеппа низ мегӯяд, маҳалли партовгоҳ тақрибан 10 ҳектор тӯл дошта, хилофи амнияти беҳдоштӣ ва муҳитзистии шаҳр аст.
Ҳукумат ба ваъдааш вафо накард?
Аммо дар гузаштаи начандон дур бо қарори собиқ шаҳрдори Қӯрғонтеппа Руқия Қурбонова, ки ҳоло муовини нахуствазир аст, ба бештар аз 100 хонавода аз ҳамин партовгоҳу ботлоқзор, қитъаҳои замин додаанд.
Бар асоси даъвои хонаводаҳо, ки дар миёни онҳо маъюбони садамаи Чернобил низ ҳастанд, барои ба даст овардани ҳаққи истифода аз замини партовгоҳ, онҳо аз 1 ҳазору 700 сомонӣ то 600 доллари амрикоӣ пардохт кардаанд.
Ҷӯрабек Шарифов, сокини Қӯрғонтеппа, ки муҷаввизи истифодаи қитъаи замин аз маҳали партовгоҳро бар ивази 1 ҳазору 700 сомонӣ ба даст овардааст, мегӯяд, “ҳукумат ваъда карда буд, ки мавзеи партовгоҳро хокпӯш ва аз лиҳози экологӣ бехатар мекунад”.
Аммо сарфи назар аз ин, ки аллакай 15 манзили зист бунёд шуда, одамон дар ин маҳалли пурхатар ба сар мебаранд, ҳамоно партови тамоми Қӯрғонтеппаро идораи коммуналӣ ба ин мавзеъ интиқол медиҳад.
Ҷӯрабек Шарифов афзуд: “Мо ҳанӯз хона насохтаем. Барои оғоз кардани корҳои сохтмонӣ бояд аввал он мавзеъ безарар карда шавад ва мусорпартоиро қатъиян манъ кунанд. То ҳол ҳама ахлотро мепартоянд, ҳарчанд бояд ба ноҳияи Сарбанд баранд партовҳои шаҳрро. Раиси шаҳр Самиев омад, гуфт, ки хонасозиро бас кунед. Мо ҳама дигар ҳайрон мондаем, ки чӣ кунем…”
“Ин маҳал то 15 соли дигар хатарзо мемонад”
Ҳоло қарорҳои қаблии ҳукумати Қӯрғонтеппа дар бораи ихтисоси қитъаҳои замин аз маҳалли партовгоҳ ба сокинони ниёзманд ғайриқонунӣ унвон шуда, одамон дар кӯчаи сарбастае қарор гирифтаанд.
Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа мегӯяд, тасмими ҳукумат барои манъи хонасозӣ дар маҳалли партовгоҳ мавҷи эътирозу норозигии сокинонро ба бор овард, вале бар асоси таҳқиқоти табиатшиносон, ин маҳал барои иқомат ғайри қобили истифода ва то 15 соли оянда комилан хатарзо будааст.
“Танҳо мушкили вазнинтарини Қӯрғонтеппа ин ботлоқи шаҳр мебошад. Мо дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон хабар додем. Раисони пештараи Қӯрғонтеппа, намедонам, чиро асос гирифта, замини партовгоҳро, ки ботлоқ аст, ба одамон тақсим кардаанд. Ман дар он ҷо сохтмонро манъ кардаам. Ҳама ҳаво заҳролуд аст. Аммо барои хокпӯш кардани ин партовгоҳ зӯри мо намерасад. Мутахассисон ҳисоб карданд, ки барои анҷоми ин кор беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон хостем, ки ин роҳҳалли ин мушкилро биҷӯяд”,-афзуд ҷаноби Самиев
Шаҳрдори Қӯрғонтеппа афзуд, пойдевори бахши аъзами хонаҳое, ки дар маҳаллӣ партовгоҳ сохта шудаанд, бо гузашти вақти начандон тӯлонӣ, фурӯ рафта, дар девори баъзе хонаҳо рахна ба чашм мерасад.
Коршинос: “Бояд партовҳоро ба ҷои дигар баранд”
Мунира Раҳматуллоева, коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, сарфи назар аз ин ки интиқоли партоб ба маҳалли партовгоҳ расман мамнӯъ аст, ҳамоно аз паспартоби аҳолӣ сар карда то партоби беморхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва корхонаҳои саноатӣ ба ин ҷо оварда мешаванд.
Хонум Раҳматуллоева мегӯяд, “вақте ки мо, як гурӯҳ коршиносон, мавзеъи партовгоҳро омӯхтем, бисёр нигарон шудем. Атрофи он ҷо ҳатто ягон девор гирифта нашудааст, ки одамони атрофро аз ғализӣ ва бӯй ҳифз кунад. Он ҷо ҳама намуд партов интиқол меёбад, ҳатто партовҳо гурӯҳбандӣ ё ба навъҳо ҷудо карда намешаванд. Хатарнок аст. Дар бари партовгоҳ кӯдакистон ҳам ҳаст, аз партову ботлоқ ҳар хел мору ҳашароти хатарнок мебарояд, одамон аз тақдири фарзандон дар ташвишанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, баъзе эпидемияе, ки хуруҷ мекунанд, сарчашма мегиранд аз ҳамин партовгоҳ…”
Дар зимн, ба иддаои коршиносон, ҳаҷми зарари партовгоҳи бузурги Қӯрғонтеппа ба муҳити зист наздик ба як миллион доллар арзёбӣ шуда, зарурати ҳатмии ба берун аз ҳудудҳои Қӯрғонтеппа кашонда шудани тӯдаҳои партоби ин мавзеъ ба миён омадааст.
Чоруним ҳазор мактубе, ки “хобидаанд”
Аз мавзеъи партовгоҳ то роҳи ба истилоҳ, “протоколӣ”-и шаҳр, камтар аз 200 метр роҳ аст. Дар ин миён биноҳои маскунӣ, мактаб ва кӯдакистон низ ҷой гирифтаанд. Хонасозӣ барои 100 оила дар маҳалли партовгоҳ, ки ҳукумати маҳаллӣ дар гузашта ба онҳо иҷоза додаст, дар ҳоле манъ шудааст, ки феълан дар ҳукумати Қӯрғонтеппа беш аз 4500 дархости хаттии сокинони маҳаллӣ барои ихтисоси замин ё манзили зист, ба истилоҳ, “хобидааст”.
Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар ҳар як хона камаш 2 ва дар ҳавлиҳо 3 хонавода дар якҷоягӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки бар асоси омори расмӣ, як хонаводаи хатлонӣ ба ҳисоби миёна аз 6,7 нафар иборат аст.