Мақомот боздошти Сайриддин Азизов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Раштро тасдиқ карданд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, боздошти Сайриддин Азизов рӯзи шанбеи гузашта, 15-уми январ, дар ноҳияи Рашт сурат гирифтааст.
Мулло Сайриддин кӣ буд?
Мақомот қаблан Азизовро дар омода кардани ҷангиёни мухолифи ҳукумат аз зумраи ноболиғон муттаҳам мекард. Телевизионҳои давлатӣ ҳанӯз дар шурӯи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар водии Рашт гузориш дода буданд, ки Азизов кӯдакон ва наврасонро аз саросари кишвар ҷамъ оварда, дар мактаби ғайриқонунии хонааш дарсҳои зоҳиран динӣ, аммо дар асл террористӣ медод.
Ҳоло мақомот ӯро дар паноҳ додани фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва размандагоне, ки аз хориҷ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд, муттаҳам мекунанд.
Сайриддин Азизов, зодаи деҳаи Порвоғи ноҳияи Рашт, ба гуфтаи ҳамразмони собиқаш, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳаводиси тобистону тирамоҳи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон фармондеҳи мустақил буд.
Олим Одилов: “Боздошти ӯ муаммо аст”
Ӯ ҳамроҳ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Ҳоҷӣ Қаландар, фармондеҳони дигари собиқ мухолифин моҳи октябр бо ҳукумат сари мизи музокирот нишаст ва аҳди ҳамкорӣ баст.
Олим Одилов, аз размандагони гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, баъд аз созиш бо ҳукумат Сайриддин Азизов рӯзгори маъмулӣ дошт: “Барои мо ҳам муаммо аст, ки чаро ӯ боздошт шудааст. Ҳоло мо пайи иҷрои супориш ба дигар ҷо омадаем ва ҳамин қадар хабар дорем, ки ӯро боздошт кардаанд. Сабабҳои боздошташон то ба ҳол ба мо маълум нест. Ҳамин қадар мегӯям, ки ӯ ҳам аз бачаҳои ҳамин ватан буд.”
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шурӯъ аз моҳи сентябр ба ин сӯ садҳо нафар дар шарқи Тоҷикистон боздошт шудаанд ва ҳазорҳо нафари дигар ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешаванд.
“Мадрасаҳои хонагӣ” ва боздошти тундравон
Ба иттилои оқои Қаҳҳоров, соли 2010 дар саросари Тоҷикистон 119 узви созмонҳои мамнӯи тундраву террористӣ, аз қабили Ҳаракати исломии Узбакистон, Ал-қоида, Ҳизби таҳрир ва Ҷамоаи таблиғ боздошт шудаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин афрод умдатан сокинони шаҳру навоҳии Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Рашт будаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, амалиёти мақомоти интизомӣ дар водии Рашт ҳанӯз идома дорад, аммо ягон амалиёти вижа сурат нагирифтааст: “Шахсони алоҳида то имрӯз дар кофтукоб қарор доранд ва мо корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ гузаронида истодаем. Аммо дар бораи ягон амалиёти вижа сухан намеравад. Агар бовар накунед, аз мардуми водии Рашт пурсед.”
Вазири умури дохилӣ ҳамчунин аз ҷилавгирии фаъолияти 12 таълимгоҳи ғайриқонунии динӣ иттилоъ дод, ки 200 кӯдаку наврасро фаро гирифтаанд: «Ин мактабҳо дар шаҳри навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Бохтар, Ёвон, Қабодиён, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров баста шудаанд, ки 1 то якуним сол пеш аз ошкор шуданашон фаъолият мекарданд»
Соли пурталафот
Соли 2010 Тоҷикистон шоҳиди ноамниҳо ва амалиёти террористӣ дар саросари шуд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳудуди 70 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳудуди 40 размандаи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба шумули 10 узви Ҳаракати исломии Узбакистон ва як шаҳрванди Русия ҳангоми даргириҳо ва амалиёти террористӣ ба ҳалокат расидаанд.
Аммо «ҷабҳаи» пурталафот ҳамоно роҳҳои кишвар будаанд, ки тибқи иттилои расмӣ, бар асари садамаҳои нақлиётӣ 410 нафар кушта, беш аз як ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.